Ва Мусо хаймаи худро гирифта, берун аз ӯрдугоҳ, дур аз ӯрдугоҳ барафрошт, ва онро хаймаи чомеъ номид; ва ҳар касе ки толиби Худованд буд, сӯи хаймаи ҷомеъ, ки берун аз ӯрдугоҳ буд, мебаромад.
Ва ҳангоме ки Мусо сӯи хайма мебаромад, тамоми қавм бархоста, ҳар яке ба дари хаймаи худ меистоданд, ва аз ақиби Мусо то даме ки ӯ ба хайма медаромад, нигоҳ мекарданд.
Ва алҳол, агар ман манзури назари Ту шуда бошам, лутфан, роҳҳои Худро ба ман маълум намо, то ки Туро бишносам ва манзури назари Ту гардам; ва Ту ба эътибор гир, ки ин мардум қавми Ту ҳастанд».
Зеро, аз чӣ маълум шавад, ки ман ва қавми Ту манзури назари Ту шудаем? Оё на аз он ки Ту бо мо биёӣ? Ва дар он сурат ман ва қавми Ту аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, мумтоз хоҳем шуд».
Ва Ӯ гуфт: «Ман тамоми ҷалолати Худро аз пеши ту мегузаронам, ва исми Худовандро пеши ту мехонам; ва карим мешавам ба ҳар кӣ сазовори карам аст, ва раҳим мешавам ба ҳар кӣ сазовори раҳм аст».