|
| 1 |
|
| Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт: |
|
| 2 |
|
| «Дар рӯзи якуми моҳи якум маскани хаймаи ҷомеъро барпо намо. |
|
| 3 |
|
| Ва дар он ҷо сандуқи шаҳодатро бимон, ва пардаро бар сандуқ паҳн намо. |
|
| 4 |
|
| Ва мизро дохил карда, лавозимоташро ба тартиб овар; ва чароғдонро дароварда, чароғҳояшро барафрӯз. |
|
| 5 |
|
| Ва қурбонгоҳи тиллои бухурро пеши сандуқи шаҳодат бимон, ва пардаи даромадгоҳи масканро биовез. |
|
| 6 |
|
| Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро пеши даромадгоҳи маскани хаймаи ҷомеъ бимон. |
|
| 7 |
|
| Ва лаганро дар миёни хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ бимон, ва об дар он бирез. |
|
| 8 |
|
| Ва саҳнро гирдогирд барпо намо, ва пардаи дарвозаи саҳнро биовез. |
|
| 9 |
|
| Ва равғани тадҳинро гирифта, масканро бо ҳар он чи дар он аст, тадҳин намо, ва онро бо тамоми колояш тақдис кун, ва он муқаддас хоҳад шуд. |
|
| 10 |
|
| Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро бо тамоми колояш тадҳин намо, ва қурбонгоҳро тақдис кун; ва ин қурбонгоҳ қудси қудсҳо хоҳад шуд. |
|
| 11 |
|
| Ва лаган ва пояашро тадҳин намо, ва онро тақдис кун. |
|
| 12 |
|
| Ва Ҳорун ва писаронашро ба даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ наздик биёр, ва онҳоро дар об ғусл деҳ. |
|
| 13 |
|
| Ва Ҳорунро либоси муқаддас бипӯшон, ва ӯро тадҳин намо, ва ӯро тақдис кун, то ки барои Ман каҳонат намояд. |
|
| 14 |
|
| Ва писарони ӯро наздик биёр, ва онҳоро пероҳанҳо бипӯшон. |
|
| 15 |
|
| Ва онҳоро тадҳин намо, чунон ки падарашонро тадҳин кардӣ, то ки барои Ман каҳонат намоянд; ва тадҳин ёфтани онҳо барои каҳонати абадӣ дар наслҳои онҳо хоҳад буд». |
|
| 16 |
|
| Ва Мусо ба амал овард; ончунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, ба ҷо овард. |
|
| 17 |
|
| Ва дар моҳи аввали соли дуюм, дар рӯзи якуми моҳ, маскан барпо гардид. |
|
| 18 |
|
| Ва Мусо масканро барпо намуд, ва пояҳояшро гузошт, ва тахтаҳояшро барқарор кард, ва ғалақахояшро ниҳод, ва сутунҳояшро барпо намуд. |
|
| 19 |
|
| Ва хаймаро бар маскан паҳн кард, ва болопӯши хаймаро аз боло бар он гузошт, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд. |
|
| 20 |
|
| Ва шаҳодатро гирифта, дар сандуқ гузошт, ва дастакҳоро ба сандуқ пайваст намуд, ва сарпӯшро аз боло бар сандуқ гузошт. |
|
| 21 |
|
| Ва сандуқро ба маскан даровард, ва пардаи ҷудокунандаро овехта, сандуқи шаҳодатро рӯпӯш намуд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд. |
|
| 22 |
|
| Ва мизро дар хаймаи ҷомеъ ба тарафи шимолии маскан берун аз парда ҷойгир кард. |
|
| 23 |
|
| Ва бар он як даста нонро ба ҳузури Худованд тартиб дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд. |
|
| 24 |
|
| Ва чароғдонро дар хаймаи ҷомеъ дар рӯ ба рӯи миз, ба тарафи ҷанубии маскан гузошт. |
|
| 25 |
|
| Ва чароғҳоро ба ҳузури Худованд барафрӯхт, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд. |
|
| 26 |
|
| Ва қурбонгоҳи тиллоро дар хаймаи ҷомеъ, пеши парда ҷойгир кард. |
|
| 27 |
|
| Ва бухури муаттар бар он сӯзонид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд. |
|
| 28 |
|
| Ва пардаи даромадгоҳи масканро овехт. |
|
| 29 |
|
| Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро пеши даромадгоҳи маскани хаймаи ҷомеъ гузошт, ва қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордиро бар он тақдим намуд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд. |
|
| 30 |
|
| Ва лаганро дар миёни хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ гузошт, ва дар он барои шустушӯй об рехт. |
|
| 31 |
|
| Ва Мусо ва Ҳорун ва писаронаш дастҳо ва пойҳои худро аз он шустушӯ карданд, |
|
| 32 |
|
| Вақте ки ба хаймаи ҷомеъ даромада, ба қурбонгоҳ наздик шуданд, шустушӯ карданд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд. |
|
| 33 |
|
| Ва саҳнро гирдогирди маскан ва қурбонгоҳ барпо намуд, ва пардаи дарвозаи саҳнро овехт, ва Мусо корро ба анҷом расонид. |
|
| 34 |
|
| Ва абр хаймаи ҷомеъро пӯшонид, ва ҷалоли Худованд масканро пур кард. |
|
| 35 |
|
| Ва Мусо натавонист ба хаймаи ҷомеъ дохил шавад, зеро ки абр бар он сокин буд, ва ҷалоли Худованд масканро пур карда буд. |
|
| 36 |
|
| Ва ҳангоме ки абр аз маскан боло мебаромад, банӣ‐Исроил дар тамоми сафари худ роҳсипор мешуданд. |
|
| 37 |
|
| Ва агар абр боло намебаромад, то рӯзи боло баромадани он роҳсипор намешуданд. |
|
| 38 |
|
| Зеро ки абри Худованд бар маскан рӯзона, ва оташ дар он шабона, пеши назари тамоми хонадони Исроил дар тамоми сафари онҳо буд. |
|
|
|
|