Ҳар он чиро, ки Ман ба ту амр фармоям, ту ба забон хоҳӣ ронд, ва бародарат Ҳорун онро ба фиръавн хоҳад гуфт, то ки вай банӣ‐Исроилро аз замини худ равона кунад.
Ва фиръавн ба шумо гӯш нахоҳад дод, ва Ман дасти Худро бар Миср хоҳам андохт, то ки фавҷҳои Худ ва қавми Худ, яъне банӣ‐Исроилро аз замини Миср бо довариҳои азим берун оварам.
Ва Мусо ва Ҳорун назди фиръавн омаданд, ва чунон ки Худованд амр фармуда буд, ончунон амал карданд, ва Ҳорун асои худро пеши фиръавн ва пеши навкаронаш партофт, ва он ба море мубаддал шуд.
Ва ба вай бигӯ: „Худованд, Худои ибриён, маро назди ту фиристода, гуфт: «қавми маро равона кун, то ки Маро дар биёбон ибодат намоянд; ва инак, то алҳол ту гӯш надодӣ.
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба Ҳорун бигӯ: „Асои худро бигир ва дасти худро бар обҳои мисриён, бар наҳрҳои онҳо, бар ҷӯйҳои онҳо, бар кӯлҳои онҳо ва бар ҳар обанбори онҳо дароз кун, — ва ба хун мубаддал хоҳанд шуд; ва дар тамоми замини Миср, ва дар зарфҳои чӯбин ва сангин хун хоҳад буд“».