Ва наҳр аз қурбоққаҳо пур мешавад, ва онҳо баромада ба хонаат, ва ба ҳуҷраи хобат, ва бар бистарат, ва ба хонаҳои навкаронат ва қавмат, ва ба танӯрҳоят, ва ба тағораҳои хамират дохил хоҳанд шуд;
Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба Ҳорун бигӯ: „Дасти худро бо асои худ бар наҳрҳо, бар чӯйҳо ва бар кӯлҳо дароз кун, ва қурбоққаҳоро бар замини Миср барор“».
Ва фиръавн Мусо ва Ҳорунро даъват намуда, гуфт: «Сӯи Худованд дуо гӯед, то ки қурбоққаҳоро аз ман ва аз қавми ман дур созад; ва ман қавмро равона хоҳам намуд, то ки барои Худованд қурбонӣ кунанд».
Ва Мусо ба фиръавн гуфт: «Худат ба ман муқаррар намо, ки кай барои ту ва навкаронат ва қавмат дуо гӯям, то ки қурбоққаҳо аз ту ва аз хонаҳоят нест шуда, фақат дар наҳр бимонанд?»
Зеро, агар қавми Маро равона накунӣ, инак, Ман бар ту ва навкаронат ва қавмат ва хонаҳоят магасҳои гуногунро мефиристам, ва хонаҳои мисриён, ва низ замине ки онҳо бар он сокинанд, аз он магасҳо пур хоҳад шуд.
Ва Худованд чунин кард; ва магасҳои зиёде ба хонаи фиръавн, ва ба хонаҳои навкаронаш, ва ба тамоми замини Миср омад, ва замин аз дасти магасҳо нобуд шуд.
Ва Мусо гуфт: «Инак, ман аз пеши ту берун омада, сӯи Худованд дуо мегӯям, — ва он магасҳо аз фиръавн ва навкаронаш ва қавмаш фардо дур хоҳад шуд, фақат ин ки фиръавн бори дигар фиреб дода, аз равона кардани қавм, то ки барои Худованд қурбонӣ кунанд, рӯй нагардонад».