Китоби Муқаддас 1999
|
| 1 |
| Чун Исо фармон доданро ба дувоздаҳ шогирди Худ ба анҷом расонд, аз он ҷо равона шуд, то дар шаҳрҳои онҳо таълим диҳад ва мавъиза кунад. |
| 2 |
| Ҳангоме ки Яҳё дар зиндон корҳои Масеҳро шунид, ду нафар аз шогирдони худро фиристод, |
| 3 |
| то ба Ӯ гӯянд: «Оё Ту ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?» |
| 4 |
| Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Равед ва он чи мешунавед ва мебинед, ба Яҳё гӯед: |
| 5 |
| кӯрҳо мебинанд ва лангҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд ва карҳо мешунаванд, мурдагон бармехезанд ва ба бенавоён башорат дода мешавад; |
| 6 |
| ва хушо касе ки аз Ман норозӣ нест». |
| 7 |
| Ва ҳангоме ки онҳо рафтанд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани найе ки аз бод меларзад? |
| 8 |
| Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани шахсе ки сару либоси нарм дар бар дорад? Онҳое ки сару либоси нарм дар бар доранд, дар қасрҳои подшоҳонанд. |
| 9 |
| Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як пайғамбар? Ҳа, ба шумо мегӯям, ки вай аз пайғамбар ҳам бузургтар аст. |
| 10 |
| Зеро вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: “Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, То роҳи Туро пеши Ту омода кунад”. |
| 11 |
| Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд шудаанд, бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда барнахост; лекин он ки дар Подшоҳии Осмон хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст. |
| 12 |
| Ва аз айёми Яҳёи Таъмиддиҳанда то ҳол Подшоҳии Осмон бо зӯр гирифта мешавад, ва зӯрмандон онро ба даст меоваранд. |
| 13 |
| Зеро тамоми пайғамбарон ва Таврот то Яҳё пешгӯӣ кардаанд. |
| 14 |
| Ва агар қабул кардан хоҳед, вай Илёс аст, ки бояд биёяд. |
| 15 |
| Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад! |
| 16 |
| Лекин ин наслро ба кӣ монанд кунам? Ҳамчун кӯдаконест, ки дар бозор нишаста ва ба рафиқони худ муроҷиат карда, |
| 17 |
| мегӯянд: “Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед”. |
| 18 |
| Зеро Яҳё омад, намехӯрад ва наменӯшад; ва мегӯянд: “Дев дорад”. |
| 19 |
| Писари Одам омад, мехӯрад ва менӯшад; ва мегӯянд: “Инак Шахси пурхӯр ва майнӯш, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст”. Ва ҳикмат аз тарафи фарзандони он тасдиқ карда мешавад». |
| 20 |
| Он гоҳ Ӯ ба сарзаниши шаҳрҳое сар кард, ки бештари муъҷизаҳои Ӯ дар он ҷо рӯй дода буданд, чунки тавба накарда буданд: |
| 21 |
| «Вой бар ту, эй Кӯразин! Вой бар ту, эй Байт-Сайдо! Зеро, агар муъҷизаҳое ки дар шумо рӯй доданд, дар Сур ва Сидун рӯй медоданд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд. |
| 22 |
| Лекин ба шумо мегӯям: дар рӯзи доварӣ ҳолати Сур ва Сидун аз ҳолати шумо сабуктар мешавад. |
| 23 |
| Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дунёи мурдагон сарнагун мешавӣ; чунки агар муъҷизаҳое ки дар ту рӯй доданд, дар Садӯм рӯй медоданд, он то имрӯз боқӣ мемонд. |
| 24 |
| Лекин ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи доварӣ ҳолати сарзамини Садӯм аз ҳолати ту сабуктар мешавад». |
| 25 |
| Дар он вақт Исо суханашро давом дода, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Фармонравои осмону замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва доноён пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ. |
| 26 |
| Оре, эй Падар! Зеро хушнудии Ту дар ин буд. |
| 27 |
| Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст, ва ҳеҷ кас Писарро, ғайр аз Падар, намешиносад; ва ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ғайр аз Писар ва касе ки Писар ба вай ошкор кардан хоҳад. |
| 28 |
| Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ мебахшам; |
| 29 |
| юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, чунки Ман нармдил ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ меёбанд; |
| 30 |
| чунки юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст». |
|
| Захираҳо |
https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/matthew/011.mp3
28
11