Китоби Муқаддас 1992
|
| 1 |
| Ҳукм накунед, то ки ҳукм карда нашавед; |
| 2 |
| Зеро ба ҳар тариқ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон тариқ шумо ҳукм карда хоҳед шуд; ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда ҳоҳад шуд. |
| 3 |
| Ва чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ? |
| 4 |
| Ё чӣ тавр ба бародари худ мегӯӣ: „Иҷозат деҳ, ки ҳасро аз чашми ту дур кунам“; ва ҳол он ки чӯбе дар чашми туст? |
| 5 |
| Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки ҳасро аз чашми бародари худ дур кунӣ. |
| 6 |
| Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон наандозед, то ки онҳоро поймол накунанд ва баргашта, шуморо надаранд. |
| 7 |
| Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, ҳоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода ҳоҳад шуд; |
| 8 |
| Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ биҷӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. |
| 9 |
| Ва кадом одамест аз шумо, ки писараш аз ӯ нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад? |
| 10 |
| Ё моҳие аз ӯ биталабад, ва море ба вай бидиҳад? |
| 11 |
| Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медонед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳое ки аз Ӯ металабанд, чанд маротиба зиёдтар чизҳои нек ҳоҳад дод. |
| 12 |
| Пас, ҳар он чи меҳоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед; зеро ин аст Таврот ва суҳафи анбиё. |
| 13 |
| Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисьёранд; |
| 14 |
| Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд. |
| 15 |
| Аз анбиёи козиб ҳазар кунед, ки ба либоси меш назди шумо меоянд, лекин дар ботин гургони даррандаанд: |
| 16 |
| Онҳоро аз меваҳошон хоҳед шиноҳт. Оё аз буттаи олуча ангур ва аз мушхор анҷир мечинанд? |
| 17 |
| Ҳамчунин ҳар дарахти нек меваи нек меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад меоварад; |
| 18 |
| Наметавонад дарахти нек меваи бад оварад, ва дарахти бад — меваи нек. |
| 19 |
| Ҳар дарахте ки меваи нек намеоварад, бурида ва дар оташ андохта мешавад. |
| 20 |
| Пас, онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт. |
| 21 |
| На ҳар касе ки ба Ман: „Худовандо! Худовандо!“ мегӯяд, ба Малакути Осмон дохил хоҳад шуд, балки он касе ки иродаи Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад. |
| 22 |
| Бисьёр касон дар он рӯз ба Ман хоҳанд гуфт: „Худовандо! Худовандо! Оё ба исми Ту нубувват накардем? Оё ба исми Ту девҳоро нарондем? Оё ба исми Ту мӯъҷизоти зиёде нишон надодем?“ |
| 23 |
| Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳам гуфт: „Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!“ |
| 24 |
| Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард; |
| 25 |
| Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; лекин он фурӯ нарафт, чунки бар санг бино шуда буд. |
| 26 |
| Ва ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо наоварад, ба марди нодоне монанд аст, ки ҳонаи худро бар рег бино кард; |
| 27 |
| Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; ва он хона фурӯ рафт, ва харобии он бузург буд». |
| 28 |
| Вақте ки Исо ин суханонро ба поён расонд, мардум аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, |
| 29 |
| Зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон ва фарисиён. |
|
| Захираҳо |
https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajik1992/matthew/007.mp3
28
7