|
| 1 |
|
| Ҳангоме ки Ӯ аз кӯҳ фуромад, мардуми бисёре аз пайи Ӯ равона шуданд. |
|
| 2 |
|
| Ва инак, махавие омада, назди Ӯ зону зад ва гуфт: «Эй Хоҷа! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». |
|
| 3 |
|
| Ва Исо дасташро дароз карда, ба вай расонд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав». Ва дарҳол вай аз махав пок шуд. |
|
| 4 |
|
| Ва Исо ба вай гуфт: «Огоҳ бош, ба касе нагӯй, балки рафта, худро ба коҳин нишон деҳ ва он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, тақдим кун, то барои онҳо шаҳодате бошад». |
|
| 5 |
|
| Чун ба Кафарнаҳум даромад, мирисаде назди Ӯ омад ва илтимос карда, |
|
| 6 |
|
| гуфт: «Хоҷаам! Хизматгори ман шал шуда, дар хона хобидааст ва азоби сахте дорад». |
|
| 7 |
|
| Исо ба вай гуфт: «Ман омада, ӯро шифо медиҳам». |
|
| 8 |
|
| Мирисад дар ҷавоб гуфт: «Хоҷаам! Ман шоистаи он нестам, ки Ту ба хонаи ман биёӣ; балки фақат сухане гӯй, ва хизматгори ман шифо меёбад. |
|
| 9 |
|
| Зеро ман низ як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ сарбозон дорам; ба яке мегӯям: “Рав”, меравад; ба дигаре мегӯям: “Биё”, меояд; ва ба ғуломи худ мегӯям: “Фалон корро кун”, мекунад». |
|
| 10 |
|
| Исо ин суханонро шунида, ҳайрон шуд ва ба онҳое ки аз паси Ӯ меомаданд, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман ҳатто дар Исроил чунин имоне наёфтаам. |
|
| 11 |
|
| Ва ба шумо мегӯям, ки бисёр касон аз шарқ ва ғарб омада, дар Подшоҳии Осмон бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб мешинанд; |
|
| 12 |
|
| лекин фарзандони Подшоҳӣ ба торикии берун ронда мешаванд: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад». |
|
| 13 |
|
| Ва Исо ба мирисад гуфт: «Рав, мувофиқи имонат ба ту дода шавад». Ва ҳамон соат хизматгори ӯ шифо ёфт. |
|
| 14 |
|
| Ҳангоме ки Исо ба хонаи Петрус омад, хушдомани ӯро дид, ки таб карда, хобидааст. |
|
| 15 |
|
| Ва ба дасти вай даст расонд, ва таби вай паст шуд; ва вай бархеста, Исоро пазироӣ кард. |
|
| 16 |
|
| Чун бегоҳ шуд, бисёр девзадагонро назди Ӯ оварданд, ва Ӯ бо сухане рӯҳҳоро берун кард ва ҳамаи беморонро шифо дод, |
|
| 17 |
|
| то ба амал ояд сухане ки бо забони Ишаъёи пайғамбар гуфта шудааст: “Ӯ сустиҳои моро гирифт ва бемориҳои моро бардошт”. |
|
| 18 |
|
| Чун Исо тӯдаҳои калони мардумро дар гирди Худ дид, фармуд, ки ба соҳили дигар гузаранд. |
|
| 19 |
|
| Он гоҳ як китобдон назди Ӯ омада гуфт: «Устод! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ мекунам». |
|
| 20 |
|
| Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон ғорҳо ва парандагони осмон лонаҳо доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар монад». |
|
| 21 |
|
| Ва дигаре аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро ба хок супорам». |
|
| 22 |
|
| Лекин Исо ба вай гуфт: «Маро пайравӣ кун ва бигзор мурдагон мурдагони худро ба хок супоранд». |
|
| 23 |
|
| Чун ба киштӣ савор шуд, шогирдонаш аз пайи Ӯ рафтанд. |
|
| 24 |
|
| Ногоҳ тӯфони бузурге дар кӯл ба амал омад, то ба ҳадде ки мавҷҳо киштиро фаро мегирифтанд; ва Ӯ хобида буд. |
|
| 25 |
|
| Шогирдонаш пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Эй Хоҷа! Моро наҷот деҳ, ки ҳалок мешавем». |
|
| 26 |
|
| Ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, барои чӣ ҳаросонед?» Баъд бархеста, ба бодҳо ва кӯл фармон дод, ва оромии комил фаро расид. |
|
| 27 |
|
| Ва одамон ҳайрон шуда, мегуфтанд: «Ин кист, ки бодҳо ва кӯл низ ба Ӯ итоат мекунанд?» |
|
| 28 |
|
| Ва чун дар соҳили дигар ба сарзамини ҷарҷасиён расид, ду девзада аз қабристон берун омада, ба Ӯ рӯ ба рӯ шуданд, ва чунон бадхашм буданд, ки ҳеҷ кас ҷуръат надошт аз он роҳ гузарад. |
|
| 29 |
|
| Ва инак, онҳо фарёд зада, гуфтанд: «Бо мо чӣ кор дорӣ, эй Исо, Писари Худо? Ту ба ин ҷо омадаӣ, то моро пеш аз вақт азоб диҳӣ!» |
|
| 30 |
|
| Ва дар ҷои аз онҳо дуртаре галаи бузурги хукҳо мечарид. |
|
| 31 |
|
| Ва девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Агар моро берун кунӣ, иҷозат деҳ, ба галаи хукҳо равем». |
|
| 32 |
|
| Ба онҳо гуфт: «Равед». Ва онҳо берун шуда, ба галаи хукҳо даромаданд. Ва инак, тамоми галаи хукҳо аз баландӣ ба кӯл ҷаста, дар об ғарқ шуд. |
|
| 33 |
|
| Ва хукбонҳо гурехта рафтанд ва ба шаҳр расида, тамоми ҳодисаро, низ он чиро, ки ба девзадагон рӯй дод, нақл карданд. |
|
| 34 |
|
| Ва инак, тамоми аҳли шаҳр ба пешвози Исо берун омаданд ва чун Ӯро диданд, илтимос карданд, ки аз ҳудуди онҳо берун равад. |
|
|
|
|