Китоби Муқаддас 1999
|
| 1 |
| Аз он ҷо баромада, аз он сӯи Урдун ба ҳудуди Яҳудия омад. Боз мардум назди Ӯ ҷамъ шуданд; ва Ӯ, аз рӯи одаташ, боз онҳоро таълим медод. |
| 2 |
| Фарисиён наздик омаданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, пурсиданд: «Оё раво аст, ки мард зани худро талоқ диҳад?» |
| 3 |
| Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Мусо ба шумо чӣ фармудааст?» |
| 4 |
| Гуфтанд: «Мусо иҷозат додааст, ки талоқномае навишта, ҷудо шаванд». |
| 5 |
| Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо ин фармударо барои шумо навиштааст; |
| 6 |
| лекин аз ибтидои офариниш Худо онҳоро марду зан офарид. |
| 7 |
| Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, |
| 8 |
| ва ҳар ду як тан мешаванд, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. |
| 9 |
| Пас он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад. |
| 10 |
| Дар хона шогирдонаш боз дар ин бора аз Ӯ пурсиданд. |
| 11 |
| Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, зани дигаре гирад, дар ҳаққи вай зино мекунад; |
| 12 |
| ва агар зане аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба никоҳи дигаре дарояд, низ зино мекунад». |
| 13 |
| Кӯдаконро назди Ӯ оварданд, то ба онҳо даст расонад; лекин шогирдон ба оварандагон монеъ шуданд. |
| 14 |
| Чун Исо дид, норозӣ шуда, гуфт: «Кӯдаконро гузоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Подшоҳии Худо аз они чунин касон аст». |
| 15 |
| Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад. |
| 16 |
| Ва онҳоро ба оғӯш гирифт ва даст ба онҳо гузошта, онҳоро баракат дод. |
| 17 |
| Вақте ки ба роҳ мебаромад, касе назди Ӯ шитофта, зону бар замин зад ва пурсид: «Эй Устоди некӯ, чӣ кунам, то вориси ҳаёти абадӣ шавам?» |
| 18 |
| Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ғайр аз Худо. |
| 19 |
| Фармудаҳоро медонӣ: “Зино накун; накуш; дуздӣ накун; гувоҳии бардурӯғ надеҳ; озор надеҳ; падару модаратро эҳтиром намо”». |
| 20 |
| Вай дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам». |
| 21 |
| Исо ба вай нигариста, меҳр пайдо кард ва гуфт: «Туро як чиз намерасад: рав, ҳар он чи дорӣ, фурӯш ва ба камбағалон деҳ, ва дар осмон ганҷе меёбӣ; ва биё, салибро бардошта, Маро пайравӣ кун». |
| 22 |
| Лекин вай аз ин сухан ошуфта ва ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисёр дошт. |
| 23 |
| Исо ба гирду пеш нигариста, ба шогирдонаш гуфт: «Ба Подшоҳии Худо даромадани сарватмандон чӣ гуна душвор аст!» |
| 24 |
| Шогирдон аз суханони Ӯ ҳайрон шуданд. Исо боз дар ҷавоби онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Ба онҳое ки ба сарват такя мекунанд, даромадан ба Подшоҳии Худо чӣ гуна душвор аст! |
| 25 |
| Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватманд ба Подшоҳии Худо дохил шавад». |
| 26 |
| Онҳо хеле ҳайрон шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?» |
| 27 |
| Исо ба онҳо нигоҳ карда гуфт: «Барои одамизод ин ғайриимкон аст, лекин на барои Худо; чунки барои Худо ҳама чиз имконпазир аст». |
| 28 |
| Он гоҳ Петрус ба Ӯ гап сар кард: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем». |
| 29 |
| Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона ё бародарон ё хоҳарон ё падар ё модар ё зан ё фарзандон ё киштзорҳоро ба хотири Ман ва Инҷил тарк кунаду |
| 30 |
| акнун, дар ин замон, дар миёни таъқибот, сад чандон хонаҳо ва бародарон ва хоҳарон ва модарон ва фарзандон ва киштзорҳо ва дар давраи оянда ҳаёти абадӣ наёбад. |
| 31 |
| Лекин бисёре ки аввалин ҳастанд, охирин мешаванд, ва охиринҳо — аввалин». |
| 32 |
| Чун дар роҳ сӯи Уршалим буданд, Исо пешопеши онҳо мерафт, ва онҳо ҳайрон буданд, ва чун аз паси Ӯ мерафтанд, метарсиданд. Ва Ӯ он дувоздаҳро назди Худ хонда, боз ба гуфтани он чи бо Ӯ рӯй медиҳад, сар кард: |
| 33 |
| «Инак, мо сӯи Уршалим меравем, ва Писари Одам ба дасти сардорони коҳинон ва китобдонон супурда мешавад, ва Ӯро ба марг маҳкум мекунанд ва ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд; |
| 34 |
| ва Ӯро масхара мекунанд, тозиёна мезананд, туфборон мекунанд ва мекушанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ бармехезад». |
| 35 |
| Он гоҳ Яъқуб ва Юҳанно, писарони Забдой, назди Ӯ омада, гуфтанд: «Эй Устод! Мехоҳем, он чи аз Ту хоҳиш мекунем, барои мо ба ҷо оварӣ». |
| 36 |
| Ба онҳо гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барои шумо кунам?» |
| 37 |
| Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо иҷозат деҳ, ки дар ҷалоли Ту яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат шинем». |
| 38 |
| Исо ба онҳо гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед. Оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, нӯшед ва он таъмидеро, ки Ман меёбам, ёбед?» |
| 39 |
| Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Косаеро, ки Ман менӯшам, менӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, меёбед; |
| 40 |
| лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастан дар дасти Ман нест, ки диҳам, ҷуз ба онҳое ки барояшон омода шуда бошад». |
| 41 |
| Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз Яъқуб ва Юҳанно норозӣ шуданд. |
| 42 |
| Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ононе ки мири халқҳо ба шумор мераванд, бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва бузургонашон бар онҳо фармонраво мешаванд. |
| 43 |
| Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо бузург будан хоҳад, бояд хизматгузори шумо шавад; |
| 44 |
| ва ҳар кӣ дар байни шумо аввалин будан хоҳад, бояд ғуломи шумо шавад. |
| 45 |
| Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон диҳад». |
| 46 |
| Ба Ариҳо омаданд. Ҳангоме ки Ӯ бо шогирдонаш ва мардуми бисёр аз Ариҳо мебаромад, Бартимай ибни Тимай ном кӯре дар канори роҳ нишаста, гадоӣ мекард. |
| 47 |
| Чун шунид, ки ин Исои Носирист, фарёдкунон гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун». |
| 48 |
| Бисёр касон вайро ба хомӯш шудан водор мекарданд; лекин вай боз ҳам бештар фарёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун». |
| 49 |
| Исо истода, фармуд, ки вайро ҷеғ зананд. Онҳо кӯрро ҷеғ зада, гуфтанд: «Осуда бош, бархез, ки туро ҷеғ мезанад». |
| 50 |
| Вай ҷомаи худро кашида, бархесту назди Исо омад. |
| 51 |
| Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту кунам?» Кӯр ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Мехоҳам бино шавам». |
| 52 |
| Исо ба вай гуфт: «Рав, имонат туро шифо бахшид». Вай дарҳол бино гашта, аз паси Исо дар роҳ равона шуд. |
|
| Захираҳо |
https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/mark/010.mp3
16
10