Китоби Муқаддас 1999
|
| 1 |
| То иди Песаҳ ва Фатир ду рӯз монда буд; сардорони коҳинон ва китобдонон роҳе меҷустанд, ки чӣ гуна бо ҳила Ӯро дастгир карда, кушанд; |
| 2 |
| лекин мегуфтанд: «На дар ид, мабодо мардум ба шӯр оянд». |
| 3 |
| Ва ҳангоме ки Ӯ дар Байт-Анё, дар хонаи Шимъуни махавӣ назди дастархон нишаста буд, — зане бо зарфи гаҷине пур аз равғани хушбӯйи сунбули холиси гаронбаҳо омад ва зарфро шикаста, бар сари Ӯ рехт. |
| 4 |
| Баъзе касон норозӣ шуда, дар байни худ гуфтанд: «Чаро ин равғани хушбӯй исроф шуд?» |
| 5 |
| Зеро онро ба зиёда аз сесад динор фурӯхта, ба камбағалон додан мумкин буд». Ва он занро сарзаниш карданд. |
| 6 |
| Лекин Исо гуфт: «Вайро ором гузоред; чаро вайро меранҷонед? Вай барои Ман кори некӯ кард. |
| 7 |
| Зеро камбағалон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд ва ҳар гоҳ, ки хоҳед, ба онҳо некӣ карда метавонед; лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам. |
| 8 |
| Вай он чи метавонист, ба ҷо овард: бадани Маро барои гӯрондан пешакӣ равған молид. |
| 9 |
| Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр меёбад». |
| 10 |
| Ва Яҳудои Исқарютӣ, ки яке аз он дувоздаҳ буд, пеши сардорони коҳинон рафт, то Ӯро ба онҳо таслим кунад. |
| 11 |
| Онҳо чун сухани вайро шуниданд, шод гаштанд ва ваъда карданд, ки ба вай пул медиҳанд. Вай дар ҷустуҷӯи фурсати мувофиқ буд, ки Ӯро таслим кунад. |
| 12 |
| Дар рӯзи аввали иди Фатир, ки барои Песаҳ қурбонӣ мекарданд, шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ, ки Песаҳро хӯрӣ, то рафта тайёр кунем?» |
| 13 |
| Пас ду нафарро аз шогирдонаш фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба шаҳр равед; марде ба шумо рӯ ба рӯ мешавад, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз паси вай равона шавед, |
| 14 |
| ва ба куҷое ки дарояд, ба соҳиби хона гӯед: «Устод мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо Песаҳро бо шогирдони Худ хӯрам?» |
| 15 |
| Ва он кас ба шумо болохонаи калони густурдашуда ва тайёрро нишон медиҳад; дар он ҷо барои мо тайёр кунед». |
| 16 |
| Шогирдонаш равона шуда, ба шаҳр омаданд, ва чунон ки Ӯ гуфта буд, ёфтанд; ва Песаҳро тайёр карданд. |
| 17 |
| Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ омад. |
| 18 |
| Ва ҳангоме ки нишаста хӯрок мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо, ки бо Ман хӯрок мехӯрад, Маро таслим мекунад». |
| 19 |
| Онҳо ғамгин шуда, паси ҳамдигар ба Ӯ гуфтанд: «Оё ин манам?» Ва дигаре: «Оё ин манам?» |
| 20 |
| Лекин Ӯ дар ҷавоби онҳо гуфт: «Яке аз дувоздаҳ, ки бо Ман даст ба табақ меандозад. |
| 21 |
| Албатта Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим карда шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намешуд». |
| 22 |
| Ва ҳангоме ки хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Гиред, хӯред, ин бадани Ман аст». |
| 23 |
| Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дод; ва ҳама аз он нӯшиданд. |
| 24 |
| Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст хуни Ман аз аҳди нав, ки барои бисёр касон рехта мешавад. |
| 25 |
| Ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман дигар аз шираи ангур наменӯшам, то ҳамон рӯзе ки дар Подшоҳии Худо онро нав нӯшам». |
| 26 |
| Ва суруд хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд. |
| 27 |
| Ва Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб Маро тарк мекунед; чунки навишта шудааст: “Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандон пароканда мешаванд”. |
| 28 |
| Аммо пас аз растохезам, пеш аз шумо ба Ҷалил меравам». |
| 29 |
| Петрус ба Ӯ гуфт: «Агар ҳама тарк кунанд ҳам, ман тарк намекунам». |
| 30 |
| Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки ту имрӯз, дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ». |
| 31 |
| Лекин вай бо таъкиди бисёр мегуфт: «Агар бо Ту мурданам лозим ояд ҳам, Туро инкор намекунам». Дигарон низ ҳаминро гуфтанд. Ҷатсимонӣ |
| 32 |
| Ба маконе омаданд, ки Ҷатсимонӣ ном дошт; ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо шинед, то Ман дуо гӯям». |
| 33 |
| Ва Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро бо Худ бурд; ва парешону дилтанг шуд. |
| 34 |
| Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман аз шиддати ғам наздик ба марг аст; дар ин ҷо монед ва бедор бошед». |
| 35 |
| Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо гуфт, ки агар мумкин бошад, он соат аз Ӯ гузарад; |
| 36 |
| ва гуфт: «Аббо, Падар! Ҳама чиз ба Ту мумкин аст; ин косаро аз Ман гузарон; лекин на хости Ман, балки хости Ту шавад». |
| 37 |
| Ва омада, онҳоро хобида ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Эй Шимъун! Ту хобидаӣ? Оё натавонистӣ соате бедор бошӣ? |
| 38 |
| Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед; рӯҳ хоҳон аст, лекин ҷисм нотавон». |
| 39 |
| Ва боз рафта бо ҳамон суханон дуо гуфт. |
| 40 |
| Ва баргашта, боз онҳоро хобида ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буданд; ва онҳо намедонистанд, ки ба Ӯ чӣ ҷавоб диҳанд. |
| 41 |
| Ва бори сеюм омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Бас аст, соат расидааст. Инак, Писари Одам ба дасти гуноҳкорон супурда мешавад. |
| 42 |
| Бархезед, равем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад». |
| 43 |
| Ва дарҳол, ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисёре аз ҷониби сардорони коҳинон, китобдонон ва пирон бо шамшеру калтакҳо омаданд. |
| 44 |
| Таслимкунандаи Ӯ ишорае ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бӯсам, Ӯ ҳамон аст; Ӯро дастгир кунед ва зери назорати сахт баред». |
| 45 |
| Ва чун омад, дарҳол ба Ӯ наздик шуда, гуфт: «Эй Устод! Эй Устод!» Ва Ӯро бӯсид. |
| 46 |
| Ва онҳо дастҳои худро бар Ӯ андохта, Ӯро гирифтанд. |
| 47 |
| Аммо яке аз онҳое ки истода буданд, шамшери худро кашида, ба ғуломи саркоҳин зад ва як гӯши вайро бурид. |
| 48 |
| Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане бо шамшеру калтакҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед. |
| 49 |
| Ҳар рӯз Ман назди шумо дар ибодатгоҳ будам ва таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед. Лекин бигзор /гуфтаҳои/ Китоб ба амал оянд». |
| 50 |
| Он гоҳ ҳама Ӯро вогузошта, гурехтанд. |
| 51 |
| Ҷавоне ҷисми бараҳнаи худро бо порчаи катоне печонда, аз паси Ӯ мерафт; ва сарбозон вайро дастгир карданд. |
| 52 |
| Лекин вай порчаи катонро партофта, тани бараҳна аз дасти онҳо гурехт. |
| 53 |
| Ва Исоро назди саркоҳин оварданд; ва ҳамаи сардорони коҳинон ва пирон ва китобдонон назди вай гирд омаданд. |
| 54 |
| Петрус аз дур, то даруни ҳавлии саркоҳин аз пайи Ӯ равона шуда, бо нигаҳбонон нишаст ва назди оташ худро гарм мекард. |
| 55 |
| Сардорони коҳинон ва тамоми шӯро дар ҷустуҷӯи гувоҳие бар зидди Исо буданд, то Ӯро кушанд, лекин наёфтанд. |
| 56 |
| Зеро бисёр касон бар зидди Ӯ гувоҳии бардурӯғ доданд, лекин ин гувоҳиҳо ба якдигар мувофиқ набуданд. |
| 57 |
| Ва баъзе касон бархеста, бар зидди Ӯ гувоҳии бардурӯғ дода, гуфтанд: |
| 58 |
| «Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: “Ман ин ибодатхонаи бо дасти одам сохташударо вайрон мекунам ва дар се рӯз дигареро бино мекунам, ки бо дасти одам сохта нашуда бошад”». |
| 59 |
| Лекин чунин гувоҳии онҳо низ мувофиқ набуд. |
| 60 |
| Пас саркоҳин бархест ва дар миёна истода, аз Исо пурсид: «Ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту гувоҳӣ медиҳанд?» |
| 61 |
| Аммо Ӯ хомӯш монд ва ҳеҷ ҷавоб надод. Боз саркоҳин аз Ӯ пурсида, гуфт: «Оё Ту Масеҳ, Писари Худои Муборак ҳастӣ?» |
| 62 |
| Исо гуфт: «Ман ҳастам; ва шумо рӯзе Писари Одамро мебинед, ки аз дасти рости Қудрат нишаста, бо абрҳои осмон меояд». |
| 63 |
| Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро даронда, гуфт: «Дигар ба гувоҳон чӣ эҳтиёҷ дорем? |
| 64 |
| Шумо куфрро шунидед; чӣ мулоҳиза доред?» Пас ҳама Ӯро айбдор карда, сазовори марг донистанд. |
| 65 |
| Ва баъзе касон ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд ва рӯяшро пӯшида, Ӯро мезаданд ва мегуфтанд: «Пайғамбарӣ кун». Ва нигаҳбонон Ӯро торсакӣ мезаданд. |
| 66 |
| Ҳангоме ки Петрус дар поён, дар рӯи ҳавлӣ буд, яке аз канизони саркоҳин омад |
| 67 |
| ва чун дид, ки Петрус худро гарм мекунад, ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Ту низ бо Исои Носирӣ будӣ». |
| 68 |
| Лекин вай инкор карда, гуфт: «Намедонам ва намефаҳмам, ки ту чӣ мегӯӣ». Ва ба ҳавлии берун рафта буд, ки хурӯс бонг зад. |
| 69 |
| Каниз бори дигар вайро дида, ба онҳое ки истода буданд, гуфт: «Ин яке аз онҳост». |
| 70 |
| Вай бори дигар инкор кард. Пас аз муддате онҳое ки истода буданд, ба Петрус гуфтанд: «Ба ростӣ ту яке аз онҳо мебошӣ; зеро ту ҷалилӣ ҳастӣ ва лаҳҷаи ту ҳамон хел аст». |
| 71 |
| Лекин вай ба савганду қасам хӯрдан сар карда, гуфт: «Он одамро, ки мегӯед, намешиносам». |
| 72 |
| Ва хурӯс бори дуюм бонг зад. Он гоҳ Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ». Ва ба гиристан сар кард. |
|
| Захираҳо |
https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/mark/014.mp3
16
14