Китоби Муқаддас 1999
|
| 1 |
| Бомдодон фавран сардорони коҳинон бо пирон ва китобдонон ва тамоми шӯро машварат карданд ва Исоро баста бурданд ва ба Пилотус супурданд. |
| 2 |
| Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ дар ҷавоб ба вай гуфт: «Ту мегӯӣ». |
| 3 |
| Ва сардорони коҳинон Ӯро бисёр айбдор мекарданд. |
| 4 |
| Пилотус боз аз Ӯ пурсид: «Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ? Бин, чӣ қадар зидди Ту гувоҳӣ медиҳанд». |
| 5 |
| Лекин Исо боз ҳеҷ ҷавоб надод, ба тавре ки Пилотус дар ҳайрат монд. |
| 6 |
| Ба муносибати ид вай як бандиро, ки мехостанд, барои онҳо озод мекард. |
| 7 |
| Бараббо ном касе бо шариконаш дар ҳабс буд, ки онҳо дар вақти шӯриш одам кушта буданд. |
| 8 |
| Ва мардум фарёд зада, талаб карданд, ки он чиро, ки ҳамеша барои онҳо мекард, ба ҷо оварад. |
| 9 |
| Вай дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё мехоҳед, Подшоҳи яҳудиёнро барои шумо озод кунам?» |
| 10 |
| Зеро медонист, ки сардорони коҳинон Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд. |
| 11 |
| Лекин сардорони коҳинон мардумро барангехта буданд, ки Барабборо барои онҳо озод кунад, беҳтар аст. |
| 12 |
| Пилотус боз дар ҷавоби онҳо гуфт: «Пас бо он Касе ки Ӯро Подшоҳи яҳудиён меномед, чӣ кунам?» |
| 13 |
| Онҳо боз фарёд заданд: «Ӯро ба салиб каш!» |
| 14 |
| Пилотус ба онҳо гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарёд заданд: «Ӯро ба салиб каш!» |
| 15 |
| Пас Пилотус, мардумро хушнуд карданӣ шуда, Барабборо барои онҳо озод кард ва фармуд, ки Исоро тозиёна зананд, ва Ӯро барои ба салиб кашидан супурд. |
| 16 |
| Ва сарбозон Ӯро ба даруни ҳавлӣ, яъне ба сарбозхона бурданд ва тамоми фавҷро гирд оварданд; |
| 17 |
| ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш гузоштанд; |
| 18 |
| ва ба салом гуфтан сар карданд: «Салом, эй Подшоҳи яҳудиён!» |
| 19 |
| Ва най бар сараш мезаданд ва бар Ӯ туф мекарданд ва, зону зада, ба Ӯ таъзим мекарданд. |
| 20 |
| Пас аз он ки Ӯро хеле масхара карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд ва Ӯро берун бурданд, то ба салиб кашанд. |
| 21 |
| Ва роҳгузари қайравониеро, ки Шимъун ном дошт ва падари Искандар ва Руфус буд ва аз саҳро меомад, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад. |
| 22 |
| Ва Исоро ба ҷое бурданд, ки Ҷолҷолто, яъне “Ҷои косахонаи сар” ном дошт. |
| 23 |
| Ва майи бо мурр омехтаро барои нӯшиданаш доданд; лекин Ӯ нанӯшид. |
| 24 |
| Ононе ки Ӯро ба салиб кашиданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ҳар кас чизе гирад. |
| 25 |
| Ва соат се буд, ки Ӯро ба салиб кашиданд. |
| 26 |
| Ва бар Ӯ чунин айбномае навишта шуда буд: «Подшоҳи яҳудиён». |
| 27 |
| Бо Ӯ ду роҳзанро ба салиб кашиданд, якеро аз дасти рост ва дигареро аз дасти чапи Ӯ. |
| 28 |
| Пас ба амал омад он навиштае ки мегӯяд: «Аз бадкирдорон шумурда шуд». |
| 29 |
| Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар ҷунбонда, мегуфтанд: «Эй Ту, ки ибодатхонаро вайрон карда, дар се рӯз аз нав месозӣ! |
| 30 |
| Худатро наҷот дода, аз салиб фуруд ой». |
| 31 |
| Ҳамчунин сардорони коҳинон бо китобдонон Ӯро масхара карда, ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад! |
| 32 |
| Масеҳ, Подшоҳи Исроил, бигзор акнун аз салиб фуруд ояд, то бинем ва ба Ӯ имон оварем». Ҳамчунин онҳое ки бо Ӯ ба салиб кашида шуда буданд, Ӯро дашном медоданд. |
| 33 |
| Чун соат шаш шуд, тамоми заминро то соати нӯҳ торикӣ фаро гирифт. |
| 34 |
| Ва дар соати нӯҳ Исо бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Элоҳӣ, Элоҳӣ! Лама шабақтанӣ?», яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?» |
| 35 |
| Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Инак, Илёсро ҷеғ мезанад». |
| 36 |
| Пас шахсе шитобон исфанҷеро аз сирко пур кард ва бар сари най гузошта, ба Ӯ нӯшонданӣ шуд ва гуфт: «Истед, бинем, ки оё Илёс меояд, то Ӯро фуруд оварад?» |
| 37 |
| Аммо Исо садои баланде бароварда, ҷон дод. |
| 38 |
| Ва пардаи ибодатхона аз боло то поён дарида, ду пора шуд. |
| 39 |
| Мирисаде ки рӯ ба рӯи Ӯ меистод, чун дид, ки Ӯ бо чунин садо ҷон дод, гуфт: «Ба ростӣ ин одам Писари Худо буд». |
| 40 |
| Якчанд зан низ буданд, ки аз дур нигоҳ мекарданд: аз он ҷумла Марями Маҷдалия ва Маряме ки модари Яъқуби хурдӣ ва Юсӣ буд, ва Салӯмит, |
| 41 |
| ки ҳангоми дар Ҷалил буданаш аз пайи Ӯ мерафтанд ва ба Ӯ хизмат мекарданд, ва бисёр занони дигар, ки ҳамроҳи Ӯ ба Уршалим омада буданд. Қабри,,,,\ Исо |
| 42 |
| Ва чун бегоҳ шуд, зеро рӯзи тайёрӣ, яъне рӯзи пеш аз шанбе буд, |
| 43 |
| Юсуф ном шахсе аз Ромо, узви боэътибори шӯро, ки худаш низ интизори Подшоҳии Худо буд, омад ва далерона назди Пилотус даромад ва ҷасади Исоро хоҳиш кард. |
| 44 |
| Пилотус ҳайрон шуд, ки Ӯ зуд мурдааст; ва мирисадро ҷеғ зада, аз вай пурсид, ки оё мурд? |
| 45 |
| Ва чун аз мирисад фаҳмид, ҷасадро ба Юсуф дод. |
| 46 |
| Вай катоне харид ва ҷасадро аз салиб фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ки дар санг тарошида шуда буд, гузошт; ва сангеро бар даҳанаи қабр ғелонд. |
| 47 |
| Ва Марями Маҷдалия ва Марями модари Юсӣ диданд, ки куҷо гузошта шуд. |
|
| Захираҳо |
https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/mark/015.mp3
16
15