Китоби Муқаддас 1992
|
| 1 |
| Ва боз дар канори баҳр ба таълим додан шурӯъ намуд; ва мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ба тавре ки Ӯ ба қаиқ даромада, дар баҳр қарор гирифт, ва тамоми мардум дар канори баҳр меистоданд. |
| 2 |
| Ва бо масалҳо онҳоро чизҳои бисьёр меомӯхт ва дар таълими Худ ба онҳо мегуфт: |
| 3 |
| «Гӯш диҳед, инак корандае барои пошидани тухм берун рафт; |
| 4 |
| Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва паррандагон омада, онро барчиданд; |
| 5 |
| Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисьёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро ки хок умқ надошт; |
| 6 |
| Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва, азбаски реша надошт, хушк шуд; |
| 7 |
| Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд, ва самаре надод; |
| 8 |
| Қадаре дар хоки нағз афтод ва самара дод, ки он сабзид ва нашъунамо ёфт, ва бор овард, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад». |
| 9 |
| Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!» |
| 10 |
| Вақте ки танҳо монд, ҳозирон бо якҷоягии он дувоздаҳ нафар шарҳи ин масалро аз Ӯ пурсиданд. |
| 11 |
| Ва ба онҳо гуфт: «Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба онҳое ки дар берунанд, ҳама чиз бо масалҳо мешавад, |
| 12 |
| „Ба тавре ки онҳо бо чашмҳои худ нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, бо гӯшҳои худ мешунаванд, вале намефаҳманд, мабодо ручӯъ кунанд, ва гуноҳҳои онҳо омурзида шавад“». |
| 13 |
| Ва ба онҳо гуфт: «Оё ин масалро нафаҳмидед? Пас чӣ тавр дигар масалҳоро хоҳед фаҳмид? |
| 14 |
| Коранда каломро мекорад. |
| 15 |
| Кошташудагон дар канори роҳ касоне мебошанд, ки дар онҳо калом кошта мешавад, ва чун шуниданд, дарҳол шайтон омада, каломи кошташударо аз дили онҳо мерабояд. |
| 16 |
| Ҳамчунин кошташудагон дар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, дарҳол онро бо шодӣ қабул мекунанд, |
| 17 |
| Лекин дар худ реша надоранд ва ноустурованд, ва чун аз боиси калом азияте ё таъқиботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтанд. |
| 18 |
| Кошташудагон дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, |
| 19 |
| Андешаҳои дунёӣ, ҳирси сарват ва ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад. |
| 20 |
| Ва кошташудагон дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, кабул мекунанд ва бор меоваранд, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад». |
| 21 |
| Ва ба онҳо гуфт: «Оё шамъро меоваранд, то зери зарфе ё кате гузоранд? Оё на аз барои он ки ба шамъдон гузоранд? |
| 22 |
| Зеро чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад; ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки ба зуҳур наояд. |
| 23 |
| Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!» |
| 24 |
| Ва ба онҳо гуфт: «Пайхас кунед, ки чӣ мешунавед: бо кадом андоза, ки чен кунед, ба шумо чен карда шавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам биафзояд. |
| 25 |
| Зеро, ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад». |
| 26 |
| Ва гуфт: «Малакути Худо монанди касест, ки тухм бар замин пошад, |
| 27 |
| Ва шабу рӯз бихобаду бархезад, ва тухм чӣ гуна сабзаду нашъунамо ёбад, вай надонад; |
| 28 |
| Зеро замин худ аз худ бор меоварад, аввал майса, баъд хӯша, пас аз он донаи пурра дар хӯша; |
| 29 |
| Ва чун ҳосил расид, фавран досро ба кор меандозад, зеро ки вақти дарав расидааст». |
| 30 |
| Ва гуфт: «Малакути Худоро ба чӣ монанд кунем ва бо кадом масал онро тасвир намоем? |
| 31 |
| Мисли донаи хардалест: вақте ки ба замин кошта мешавад, хурдтарини тухмҳои рӯи замин аст. |
| 32 |
| Лекин чун кошта шуд, месабзад ва аз ҳамаи наботот бузургтар мегардад ва шохаҳои калон мерасонад, ба тавре ки мурғони ҳаво зери сояи он метавонанд паноҳ баранд». |
| 33 |
| Ва бо ин гуна масалҳои бисьёр, ба қадре ки тавоноии шунидан доштанд, каломро ба онҳо баён мекард; |
| 34 |
| Бе масал ба онҳо сухан намегуфт, лекин дар хилват ҳамаи маониро ба шогирдони Худ мефаҳмонд. |
| 35 |
| Бегоҳии ҳамон рӯз ба онҳо гуфт: «Ба канори дигар бигзарем». |
| 36 |
| Онҳо мардумро ҷавоб дода, Ӯро ҳамон тавре ки дар қаиқ буд, гирифтанд, ва чанд қаиқи дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд. |
| 37 |
| Ва тундбоди шадиде бархост, ва мавҷҳо ба қаиқ бармехӯрд, ба тавре ки он пур аз об мешуд, |
| 38 |
| Ва Ӯ дар ақиби қаиқ бар болине хуфта буд. Ӯро бедор карда, гуфтанд: «Эй Устод, оё Туро парвое нест, ки мо ҳалок мешавем?» |
| 39 |
| Ӯ бархоста, бодро манъ кард ва ба баҳр гуфт: «Хомӯш шав ва ором бош». Бод хомӯш шуд, ва оромии том барқарор гардид. |
| 40 |
| Ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ шумо чунин ҳаросонед? Чаро имон надоред?» |
| 41 |
| Ва онҳо хеле ба ҳарос афтода, ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки боду баҳр ҳам ба Ӯ итоат мекунанд?» |
|
| Захираҳо |
https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajik1992/mark/004.mp3
16
4