|
| 1 |
|
| Ва боз дар канори кӯл ба таълим додан сар кард; ва мардуми бисёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, бинобар ин Ӯ ба киштӣ даромада, дар кӯл қарор гирифт, ва тамоми мардум дар канори кӯл меистоданд. |
|
| 2 |
|
| Ва бо масалҳо онҳоро чизҳои бисёр меомӯхт ва дар таълими Худ ба онҳо мегуфт: |
|
| 3 |
|
| «Гӯш диҳед, инак корандае барои пошидани тухм берун рафт; |
|
| 4 |
|
| ва чун тухм мепошид, миқдоре дар канори роҳ афтод, ва парандагон омада, онро хӯрданд. |
|
| 5 |
|
| Миқдоре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро хок чуқур набуд. |
|
| 6 |
|
| Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва, азбаски реша надошт, хушк шуд. |
|
| 7 |
|
| Миқдоре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида онро пахш карданд, ва самаре надод. |
|
| 8 |
|
| Миқдоре дар хоки нағз афтод ва самар дод, ки он сабзид ва нашъунамо ёфт, ва бор овард, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад». |
|
| 9 |
|
| Ва гуфт: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!» |
|
| 10 |
|
| Ҳангоме ки танҳо монд, онҳое ки дар гирдаш буданд, бо он дувоздаҳ нафар шарҳи ин масалро аз Ӯ пурсиданд. |
|
| 11 |
|
| Ва ба онҳо гуфт: «Ба шумо донистани сирри Подшоҳии Худо дода шудааст, лекин ба онҳое ки дар берунанд, ҳама чиз бо масалҳо мешавад, |
|
| 12 |
|
| то “Бо чашмони худ нигаранд, вале набинанд, Бо гӯшҳои худ шунаванд, вале нафаҳманд, Мабодо /ба Худо/ рӯ оваранд Ва гуноҳҳои онҳо бахшида шаванд”». |
|
| 13 |
|
| Ва ба онҳо гуфт: «Оё ин масалро нафаҳмидед? Пас чӣ тавр дигар масалҳоро мефаҳмед? |
|
| 14 |
|
| Коранда каломро мекорад. |
|
| 15 |
|
| Кошташудагон дар канори роҳ касоне мебошанд, ки дар онҳо калом кошта мешавад, ва чун шуниданд, дарҳол шайтон омада, каломи кошташударо аз дили онҳо мерабояд. |
|
| 16 |
|
| Ҳамчунин кошташудагон дар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро шунаванд, дарҳол онро қабул мекунанд; |
|
| 17 |
|
| лекин дар худ реша надоранд ва ноустуворанд; ва чун аз боиси калом сахтие ё таъқибе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтанд. |
|
| 18 |
|
| Кошташудагон дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки чун каломро шунаванд, |
|
| 19 |
|
| ташвишҳои ин зиндагӣ, фиребандагии сарват ва ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад. |
|
| 20 |
|
| Кошташудагон дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, қабул мекунанд, ва бор меоваранд, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад». |
|
| 21 |
|
| Ва ба онҳо гуфт: «Оё шамъро меоваранд, то зери зарфе ё кате гузоранд? Оё на барои он ки ба шамъдон гузоранд? |
|
| 22 |
|
| Зеро чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад; ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки аён нашавад. |
|
| 23 |
|
| Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!» |
|
| 24 |
|
| Ва ба онҳо гуфт: «Диққат диҳед, ки чӣ мешунавед: ба ҳар андозае ки чен кунед, ба шумо чен карда мешавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам меафзояд. |
|
| 25 |
|
| Зеро, ҳар кӣ дорад, ба вай дода мешавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта мешавад». |
|
| 26 |
|
| Ва гуфт: «Подшоҳии Худо монанди касест, ки тухм бар замин мепошад, |
|
| 27 |
|
| ва шабу рӯз мехобаду бармехезад, ва тухм чӣ гуна месабзаду нашъунамо меёбад, вай намедонад. |
|
| 28 |
|
| Зеро замин худ аз худ бор меоварад, аввал майса, баъд хӯша, пас аз он донаи пурра дар хӯша. |
|
| 29 |
|
| Ва чун ҳосил расад, фавран досро ба кор меандозад, чунки вақти дарав расидааст». |
|
| 30 |
|
| Ва гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунем ва бо кадом масал онро тасвир намоем? |
|
| 31 |
|
| Монанди донаи хардалест: ҳангоме ки ба замин кошта мешавад, хурдтарини тухмҳои рӯи замин аст. |
|
| 32 |
|
| Лекин чун кошта шуд, месабзад ва аз ҳамаи растаниҳо бузургтар мегардад ва шохаҳои калон мерасонад, ба тавре ки парандагони осмон зери сояи он метавонанд паноҳ баранд». |
|
| 33 |
|
| Ва бо ин гуна масалҳои бисёр, ба қадре ки тавоноии шунидан доштанд, Каломро ба онҳо баён мекард. |
|
| 34 |
|
| Бе масал ба онҳо сухан намегуфт, лекин дар хилват ҳама чизро ба шогирдони Худ мефаҳмонд. |
|
| 35 |
|
| Бегоҳии ҳамон рӯз ба онҳо гуфт: «Биёед, ба соҳили дигар гузарем». |
|
| 36 |
|
| Онҳо мардумро рухсати рафтан дода, Ӯро ҳамон тавре ки дар киштӣ буд, бурданд; ва чанд киштии дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд. |
|
| 37 |
|
| Ва тундбоди сахте бархест, ва мавҷҳо ба киштӣ бармехӯрданд, ба тавре ки он пур аз об мешуд. |
|
| 38 |
|
| Ва Ӯ дар ақиби киштӣ бар болине хобида буд. Ӯро бедор карда, гуфтанд: «Эй Устод, оё Туро парвое нест, ки мо ҳалок мешавем?» |
|
| 39 |
|
| Ӯ бархеста, бодро манъ кард ва ба кӯл гуфт: «Хомӯш шав! Ором бош!» Бод хомӯш шуд, ва оромии комил фаро расид. |
|
| 40 |
|
| Ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ чунин ҳаросонед? Чаро имон надоред?» |
|
| 41 |
|
| Ва онҳо хеле ба ҳарос афтода, ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки боду кӯл низ ба Ӯ итоат мекунанд?» |
|
|
|
|