|
| 1 |
|
| Дар рӯзи сеюм дар Қонои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд, ва модари Исо дар он ҷо буд. |
|
| 2 |
|
| Исо ва шогирдонашро низ ба тӯй даъват карда буданд. |
|
| 3 |
|
| Чун шароб камӣ кард, модари Исо ба Ӯ гуфт: «Шароб надоранд». |
|
| 4 |
|
| Исо ба вай гуфт: «Туро бо Ман чӣ кор аст, эй зан? Соати Ман ҳанӯз нарасидааст». |
|
| 5 |
|
| Модараш ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чи Ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред». |
|
| 6 |
|
| Дар он ҷо, мувофиқи оини татҳири яҳудиён, шаш кӯзаи сангин истода буд, ки гунҷоиши ҳар яке ду ё се бат буд. |
|
| 7 |
|
| Исо ба онҳо гуфт: «Зарфҳоро аз об пур кунед». Ва онҳоро лабрез карданд. |
|
| 8 |
|
| Ва гуфт: «Акнун кашида, ба сардори базм баред». Ва онхо бурданд. |
|
| 9 |
|
| Чун сардор оби ба шароб мубаддалшударо чашид ва надонист, ки аз куҷост, зеро фақат хизматгороне ки обро кашида буданд, медонистанд, ва сардор домодро хонда, |
|
| 10 |
|
| Ба вай гуфт: «Ҳар кас аввал шароби хубро медиҳад, ва чун маст шуданд, бадашро меоварад, лекин ту шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ». |
|
| 11 |
|
| Ин ибтидои мӯъҷизоте буд, ки Исо дар Қонои Ҷалил нишон дода, ҷалоли Худро зоҳир кард, ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд. |
|
| 12 |
|
| Пас аз он Ӯ бо модараш, бародаронаш ва шогирдонаш ба Кафарнаҳум омад, ва дар он ҷо айёми каме монданд. |
|
| 13 |
|
| Ва чун иди фисҳи яҳудиён наздик буд, Исо ба Ерусалим рафт. |
|
| 14 |
|
| Ва дид, ки дар маъбад фурӯшандагони гову гӯсфанду кабӯтар ва саррофон нишастаанд. |
|
| 15 |
|
| Ва тозиёнае аз арғамчин сохта, ҳамаро бо гову гӯсфандон аз маъбад пеш кард, ва тангаҳои саррофонро пошида, мизҳошонро чаппа кард; |
|
| 16 |
|
| Ва ба кафтарфурӯшон гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо гирифта баред ва хонаи Падари Маро хонаи савдогарӣ насозед». |
|
| 17 |
|
| Ва шогирдони Ӯ ба хотир оварданд, ки навишта шудааст: «Рашки хонаи Ту Маро хӯрдааст». |
|
| 18 |
|
| Он гоҳ яҳудиён ба Ӯ рӯ оварда, гуфтанд: «Ба мо чӣ аломате нишон медиҳӣ, ки ин корҳоро мекунӣ?» |
|
| 19 |
|
| Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин маъбадро вайрон кунед, ва дар се рӯз Ман онро барпо хоҳам кард». |
|
| 20 |
|
| Яҳудиён гуфтанд: «Ин маъбадро дар зарфи чилу шаш сол бино кардаанд, ва Ту онро дар се рӯз барпо мекунӣ?» |
|
| 21 |
|
| Лекин Ӯ дар бораи маъбади Бадани Худ сухан мегуфт. |
|
| 22 |
|
| Вақте ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шуд, шогирдонаш ба хотир оварданд, ки Ӯ инро ба онҳо гуфта буд, ва ба Навиштаҳо ва ба сухане ки Исо гуфта буд, имон оварданд. |
|
| 23 |
|
| Ва ҳангоме ки дар иди фисҳ дар Ерусалим буд, бисьёр касон мӯъҷизотеро, ки Ӯ нишон медод, дида, ба исми Ӯ имон оварданд. |
|
| 24 |
|
| Лекин Исо ба онҳо эътимод накард, зеро ки ҳамаро мешинохт, |
|
| 25 |
|
| Ва эҳтиёҷ надошт, ки касе дар бораи инсон шаҳодат диҳад, зеро ки он чи дар инсон аст, Худ медонист. |
|
|
|
|