|
| 1 |
|
| Ва чун мерафт, як кӯри модарзодро дид. |
|
| 2 |
|
| Шогирдон аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Эй Устод! Кӣ гуноҳ кард: ин одам ё падару модараш, ки вай кӯр зоида шуд?» |
|
| 3 |
|
| Исо ҷавоб дод: «На ин одам гуноҳ кард ва на падару модараш, балки дар вай корҳои Худо бояд ошкор мегардиданд. |
|
| 4 |
|
| То вақте ки рӯз аст, Ман бояд корҳои Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре кунад. |
|
| 5 |
|
| То вақте ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам». |
|
| 6 |
|
| Инро гуфта, оби даҳон бар замин андохт, ва бо он об гил сохт, ва он гилро бар чашмони кӯр молид, |
|
| 7 |
|
| ва ба вай гуфт: «Рав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ (ки тарҷумааш “фиристода” аст) шустушӯй кун». Вай рафта, шустушӯй кард, ва бино шуда, омад. |
|
| 8 |
|
| Ҳамсоягон ва касоне ки пеш аз он вайро дар ҳолати кӯрӣ дида буданд, гуфтанд: «Оё ин ҳамон нест, ки нишаста, гадоӣ мекард?» |
|
| 9 |
|
| Баъзе гуфтанд: «Ҳамон аст». Ва дигарон гуфтанд: «Танҳо ба вай монанд аст». Вале худи вай гуфт: «Ман ҳамонам». |
|
| 10 |
|
| Ба вай гуфтанд: «Пас чӣ гуна чашмони ту воз шуданд?» |
|
| 11 |
|
| Вай дар ҷавоб гуфт: «Касе ки Исо номида мешавад, гил сохта, ба чашмонам молид ва гуфт: “Рав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ шустушӯй кун”. Ман рафта, шустушӯй кардам ва бино шудам». |
|
| 12 |
|
| Ва ба вай гуфтанд: «Ӯ куҷост?» Гуфт: «Намедонам». |
|
| 13 |
|
| Он одамро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд. |
|
| 14 |
|
| Ва он рӯзе ки Исо гил сохта, чашмони вайро воз кард, шанбе буд. |
|
| 15 |
|
| Фарисиён низ аз вай пурсиданд, ки чӣ гуна бино шуд. Ба онҳо гуфт: «Гил сохта, ба чашмонам гузошт, ва ман шустушӯй карда, бино шудам». |
|
| 16 |
|
| Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Он Шахс аз ҷониби Худо нест, чунки шанберо нигоҳ намедорад». Дигарон гуфтанд: «Чӣ гуна як шахси гуноҳкор чунин муъҷизаҳо нишон дода метавонад?» Ва дар байни онҳо ҷудоӣ афтод. |
|
| 17 |
|
| Боз ба он кӯр гуфтанд: «Дар бораи Ӯ, ки чашмони туро кушод, чӣ мегӯӣ?» Гуфт: «Пайғамбар аст». |
|
| 18 |
|
| Яҳудиён бовар накарданд, ки вай кӯр буду бино шуд, то ин ки падару модари он биношударо даъват намуда, |
|
| 19 |
|
| аз онҳо пурсиданд: «Оё ин аст писари шумо, ки мегӯед: кӯр зоида шудааст? Пас чӣ гуна вай акнун бино шудааст?» |
|
| 20 |
|
| Падару модари вай дар ҷавоби онҳо гуфтанд: «Мо медонем, ки ин писари мост, ва кӯр зоида шудааст; |
|
| 21 |
|
| лекин акнун чӣ гуна бино шудааст, намедонем; ва чашмони вайро кӣ воз кардааст, намедонем. Вай болиғ аст, аз худаш пурсед, то аҳволи худро баён кунад». |
|
| 22 |
|
| Падару модараш чунин гуфтанд, чунки аз яҳудиён метарсиданд; зеро яҳудиён пештар забон як карда буданд, ки ҳар кӣ Ӯро Масеҳ донад, аз куништ ронанд. |
|
| 23 |
|
| Аз ин сабаб падару модараш гуфтанд, ки «вай болиғ аст, аз худаш пурсед». |
|
| 24 |
|
| Он гоҳ бори дигар он одамро, ки кӯр буд, ҷеғ зада, гуфтанд: «Худоро ҷалол деҳ; мо медонем, ки он Шахс гуноҳкор аст». |
|
| 25 |
|
| Дар ҷавобашон гуфт: «Гуноҳкор буданашро намедонам; як чизро медонам, ки кӯр будам ва акнун бино ҳастам». |
|
| 26 |
|
| Боз ба вай гуфтанд: «Бо ту чӣ кор кард? Чӣ гуна чашмони туро воз кард?» |
|
| 27 |
|
| Ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо гуфта будам, ва гӯш надодед; чаро дубора шунидан мехоҳед? Оё шумо низ шогирдони Ӯ шудан мехоҳед?» |
|
| 28 |
|
| Вайро дашном дода, гуфтанд: «Ту шогирди Ӯ ҳастӣ, мо шогирдони Мусоем. |
|
| 29 |
|
| Мо медонем, ки Худо ба Мусо сухан гуфт; лекин ин Шахсро намедонем аз куҷост». |
|
| 30 |
|
| Он одам дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ва ҳол он ки Ӯ чашмони маро воз кард. |
|
| 31 |
|
| Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкоронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду хости Ӯро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад. |
|
| 32 |
|
| Аз азал шунида нашудааст, ки касе чашмони кӯри модарзодро воз карда бошад. |
|
| 33 |
|
| Агар Ӯ аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист». |
|
| 34 |
|
| Дар ҷавоби вай гуфтанд: «Ту, ки комилан дар гуноҳ таваллуд шудаӣ, моро таълим медиҳӣ?» Пас вайро бадар ронданд. |
|
| 35 |
|
| Исо чун шунид, ки вайро бадар ронданд, вайро ёфта, гуфт: «Оё ту ба Писари Худо имон дорӣ?» |
|
| 36 |
|
| Дар ҷавоб гуфт: «Хоҷаам, Ӯ кист, то ба Ӯ имон оварам?» |
|
| 37 |
|
| Исо ба вай гуфт: «Ту Ӯро дидаӣ, ва Ӯ ҳамон аст, ки ҳоло бо ту гуфтугӯ мекунад». |
|
| 38 |
|
| Гуфт: «Имон дорам, Худовандо!» Ва ба Ӯ саҷда кард. |
|
| 39 |
|
| Ва Исо гуфт: «Ман барои доварӣ ба ин ҷаҳон омадаам, то кӯрон бино ва биноён кӯр шаванд». |
|
| 40 |
|
| Баъзе аз фарисиён, ки назди Ӯ буданд, чун шуниданд, ба Ӯ гуфтанд: «Оё мо низ кӯр ҳастем?» |
|
| 41 |
|
| Исо ба онҳо гуфт: «Агар кӯр мебудед, гуноҳ намедоштед; аммо чун мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳи шумо мемонад». |
|
|
|
|