|
| 1 |
|
| Ба Дарба ва Лустра омад. Ва инак, Тимотиюс ном шогирде дар он ҷо буд, ки модараш яҳудизани имондор, лекин падараш юнонӣ буд, |
|
| 2 |
|
| ва бародарон дар Лустра ва Қуния дар бораи ӯ шаҳодати нек медоданд. |
|
| 3 |
|
| Павлус хост ӯро ҳамроҳи худ барад, ва ӯро гирифта, ба хотири яҳудиёне ки дар он ҷойҳо буданд, хатна кард, зеро ҳама падарашро мешинохтанд, ки вай юнонӣ буд. |
|
| 4 |
|
| Дар ҳар шаҳре ки мегаштанд, дастурҳоеро, ки расулону пирон дар Уршалим қарор дода буданд, ба онҳо месупурданд, то аз рӯи он дастурҳо амал кунанд. |
|
| 5 |
|
| Пас, ҷамоатҳо дар имон устувор мешуданд, ва шумораашон рӯз ба рӯз меафзуд. |
|
| 6 |
|
| Вақте ки аз Фриҷия ва кишвари Ғалотия мегузаштанд, Рӯҳулқудс онҳоро нагузошт, ки каломро дар вилояти Осиё мавъиза кунанд. |
|
| 7 |
|
| Ба Мисия расида, аз он ҷо ба Битуния рафтанӣ шуданд, лекин Рӯҳ ба онҳо иҷозат надод. |
|
| 8 |
|
| Он гоҳ аз Мисия гузашта, ба Трӯос фуромаданд. |
|
| 9 |
|
| Шабона ба Павлус рӯъёе аён шуд, ки инак марде мақдунӣ назди ӯ истода буд ва илтимос карда, мегуфт: «Ба Мақдуния омада, ба мо ёрӣ расон». |
|
| 10 |
|
| Ҳамин ки ӯ ин рӯъёро дид, мо дарҳол ба Мақдуния рафтанӣ шудем, зеро хулоса баровардем, ки Худованд моро даъват намудааст, то дар он ҷо башорат диҳем. |
|
| 11 |
|
| Аз Трӯос бо киштӣ рафта, рост ба Сомӯтрокӣ расидем ва рӯзи дигар ба Ниёпулис равона шудем; |
|
| 12 |
|
| аз он ҷо ба Филиппӣ рафтем, ки шаҳри аввали он қисми Мақдуния, шаҳри муҳоҷирони румӣ буд. Дар он шаҳр якчанд рӯз истодем. |
|
| 13 |
|
| Рӯзи шанбе аз шаҳр берун шуда, дар соҳили дарё, ки дар он ҷо одатан дуо мегуфтанд, нишастем ва ба заноне ки ҷамъ омада буданд, мавъиза кардем. |
|
| 14 |
|
| Лидия ном зани худотарси арғувонфурӯш, ки аз шаҳри Тиётиро буд, гӯш мекард; Худованд дили ӯро кушода буд, то ба суханони Павлус диққат диҳад. |
|
| 15 |
|
| Вақте ки ӯ ва аҳли хонааш таъмид гирифтанд, хоҳиш карда, гуфт: «Агар дилпур бошед, ки ман ба Худованд имон овардаам, ба хонаи ман омада, истед». Ӯ исрор кард ва мо розӣ шудем. |
|
| 16 |
|
| Як рӯз, ки мо сӯи ҷои дуо мерафтем, ба мо канизе вохӯрд, ки рӯҳи ғайбгӯй дошт ва аз ғайбгӯӣ ба хоҷагони худ даромади калоне меовард. |
|
| 17 |
|
| Вай аз пайи Павлус ва мо омад, ва фарёд зада, гуфт: «Ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо хабар медиҳанд». |
|
| 18 |
|
| Азбаски чандин рӯз вай ҳамин гуна рафтор кард, Павлус сабрро аз даст дод ва ба вай рӯ гардонда, ба он рӯҳ гуфт: «Ба номи Исои Масеҳ туро мефармоям, ки аз вай берун баро». Ва дарҳол аз вай берун омад. |
|
| 19 |
|
| Чун хоҷагони вай диданд, ки умеди даромадашон аз даст рафт, Павлус ва Силоро дастгир карда, ба майдони шаҳр назди сардорон кашида бурданд; |
|
| 20 |
|
| вақте ки онҳоро назди волиён оварданд, гуфтанд: «Ин одамон, ки яҳудӣ ҳастанд, шаҳри моро ба шӯр овардаанд |
|
| 21 |
|
| ва урфу одатҳоеро мавъиза мекунанд, ки қабул кардан ва ба ҷо овардани он ба мо, румиён, раво нест». |
|
| 22 |
|
| Мардум низ бар онҳо бархестанд, ва волиён либосҳои онҳоро канда партофта, фармуданд, ки онҳоро калтаккорӣ кунанд. |
|
| 23 |
|
| Пас аз задани зарбаи бисёр, онҳоро ба зиндон партофтанд ва ба зиндонбон фармуданд, ки онҳоро бо диққат нигоҳбонӣ кунад. |
|
| 24 |
|
| Чун вай ин гуна фармоне гирифт, онҳоро ба зиндони дохилӣ партофт ва ба пойҳошон кунда зад. |
|
| 25 |
|
| Наздики ними шаб Павлус ва Сило дуо гуфта, Худоро бо суруд ситоиш мекарданд, ва бандиён онҳоро гӯш мекарданд. |
|
| 26 |
|
| Ногаҳон заминҷунбии азиме рӯй дод, то ба ҳадде ки таҳкурсии зиндон ба ларза даромад; дарҳол ҳамаи дарҳо кушода шуданд, ва занҷирҳои ҳама ғалтиданд. |
|
| 27 |
|
| Зиндонбон бедор шуда, дарҳои зиндонро кушода дид ва шамшери худро кашида, мехост худро кушад, ба гумони он ки бандиён гурехта рафтаанд. |
|
| 28 |
|
| Аммо Павлус бо овози баланд нидо карда, гуфт: «Ба худ осебе нарасон, зеро ҳамаи мо дар ин ҷо ҳастем». |
|
| 29 |
|
| Зиндонбон чароғе талаб карда, ба дарун давида даромад ва ларзон шуда, пеши пои Павлус ва Сило афтод. |
|
| 30 |
|
| Баъд онҳоро берун оварда, гуфт: «Эй хоҷагон! Чӣ бояд кунам, то наҷот ёбам?» |
|
| 31 |
|
| Гуфтанд: «Ба Худованд Исои Масеҳ имон овар, ва ту бо аҳли хонаи худ наҷот меёбӣ». |
|
| 32 |
|
| Он гоҳ каломи Худовандро ба вай ва тамоми аҳли хонааш баён карданд. |
|
| 33 |
|
| Дар ҳамон соати шаб зиндонбон онҳоро бурда, захмҳошонро шуст, ва фавран худаш ва тамоми аҳли хонааш таъмид гирифтанд. |
|
| 34 |
|
| Ва онҳоро ба хонаи худ оварда, дар пешашон хӯрок монд. Ӯ ва тамоми аҳли хонааш шод шуданд, ки ба Худо имон оварданд. |
|
| 35 |
|
| Чун рӯз шуд, волиён навкаронро фиристоданд, ки гӯянд: «Он шахсонро озод кун». |
|
| 36 |
|
| Зиндонбон инро ба Павлус хабар дод: «Волиён кас фиристодаанд, ки шуморо озод кунам; пас, берун омада, бо осоиш равед». |
|
| 37 |
|
| Вале Павлус ба онҳо гуфт: «Моро, ки шаҳрвандони румӣ ҳастем, бе муҳокима дар пеши мардум калтаккорӣ карда, ба зиндон партофтанд, ва акнун моро пинҳонӣ озод мекунанд? Не, бигзор худашон омада, моро берун оваранд». |
|
| 38 |
|
| Навкарон ин суханонро ба волиён расонданд, ва чун шуниданд, ки румӣ ҳастанд, тарсиданд. |
|
| 39 |
|
| Ва омада, аз онҳо узр хостанд ва берун оварда, хоҳиш карданд, ки аз шаҳр раванд. |
|
| 40 |
|
| Онҳо аз зиндон берун омада, ба хонаи Лидия рафтанд ва бо бародарон вохӯрда ва онҳоро насиҳат карда, равона шуданд. |
|
|
|
|