|
| 1 |
|
| Шоул низ ба куштани ӯ розӣ буд. |
|
| 2 |
|
| Мардони худотарс Истефанусро ба хок супурда, барои ӯ мотами бузурге гирифтанд. |
|
| 3 |
|
| Аммо Шоул ҷамоатро азоб медод ва хона ба хона гашта, мардон ва занонро кашола карда мебурду ба зиндон меандохт. |
|
| 4 |
|
| Дар ин миён онҳое ки пароканда шуда буданд, ҳар ҷое ки мерафтанд, каломро башорат медоданд. |
|
| 5 |
|
| Филиппус низ ба як шаҳри Сомара омада, ба онҳо Масеҳро мавъиза мекард. |
|
| 6 |
|
| Чун мардум суханони Филиппусро мешуниданд ва муъҷизаҳоеро, ки ба амал меовард, медиданд, якдилона ба он чи мегуфт, диққат медоданд; |
|
| 7 |
|
| зеро рӯҳҳои нопок аз бисёр девзадагон наъра зада берун мешуданд, ва лангону шалони бисёре шифо меёфтанд; |
|
| 8 |
|
| ва шодии бузурге дар он шаҳр буд. |
|
| 9 |
|
| Шимъун ном марде дар он шаҳр буд, ки пештар ҷодугарӣ мекард ва халқи Сомараро дар ҳайрат меандохт ва худро шахси бузурге вонамуд месохт. |
|
| 10 |
|
| Аз хурд то калон, ба ӯ гӯш андохта, мегуфтанд: «Ин шахс қуввати бузурги Худост». |
|
| 11 |
|
| Аз он сабаб ба ӯ гӯш меандохтанд, ки ӯ муддати дарозе онҳоро бо ҷодугарии худ ба ҳайрат меовард. |
|
| 12 |
|
| Лекин вақте ки ба башорати Филиппус дар бораи Подшоҳии Худо ва номи Исои Масеҳ бовар карданд, мардон ва занон таъмид гирифтанд. |
|
| 13 |
|
| Худи Шимъун низ бовар кард ва таъмид гирифт ва ҳамеша ҳамроҳи Филиппус буд; ва аз дидани аломатҳо ва муъҷизаҳое ки ба амал меомаданд, ҳайрон мешуд. |
|
| 14 |
|
| Расулоне ки дар Уршалим буданд, чун шуниданд, ки аҳли Сомара каломи Худоро қабул кардаанд, Петрус ва Юҳанноро назди онҳо фиристоданд; |
|
| 15 |
|
| ва чун омаданд, барои онҳо дуо гуфтанд, то Рӯҳулқудсро қабул кунанд; |
|
| 16 |
|
| зеро Рӯҳ ҳанӯз бар ҳеҷ кадоме аз онҳо фуруд наомада буд, балки танҳо ба номи Масеҳ Исо таъмид ёфта буданд. |
|
| 17 |
|
| Пас, дастҳои худро бар сари онҳо гузоштанд, ва онҳо Рӯҳулқудсро қабул карданд. |
|
| 18 |
|
| Шимъун чун дид, ки бо дастгузории расулон Рӯҳулқудс дода мешавад, ба онҳо пул овард |
|
| 19 |
|
| ва гуфт: «Ин қудратро ба ман низ диҳед, то ҳар касе ки ба ӯ даст гузорам, Рӯҳулқудсро қабул кунад». |
|
| 20 |
|
| Аммо Петрус ба вай гуфт: «Бигзор пулат бо ту нест шавад, чунки ту гумон кардаӣ, ки атои Худоро бо пул харӣ. |
|
| 21 |
|
| Туро аз ин чиз насибе ва баҳрае нест, зеро дилат дар ҳузури Худо рост нест. |
|
| 22 |
|
| Акнун аз ин бадии худ тавба кун ва ба Худо дуо гӯй: шояд, ин қасди дилат бахшида шавад; |
|
| 23 |
|
| зеро мебинам, ки пур аз заҳраи талх ва гирифтори бандҳои бадкирдорӣ ҳастӣ». |
|
| 24 |
|
| Шимъун дар ҷавоб гуфт: «Шумо барои ман ба Худованд дуо гӯед, то чизе аз он чи гуфтед, ба ман рӯй надиҳад». |
|
| 25 |
|
| Онҳо, пас аз шаҳодат додан ва гуфтани каломи Худованд ба Уршалим баргаштанд ва дар бисёре аз деҳоти Сомара башорат доданд. |
|
| 26 |
|
| Фариштаи Худованд ба Филиппус гуфт: «Бархез ва ба тарафи ҷануб, ба роҳе ки аз Уршалим сӯи Ғазза меравад, ва роҳи биёбон аст, равона шав». |
|
| 27 |
|
| Бархост ва равона шуд. Ва инак, шахси ҳабашӣ, хоҷасаро ва аз бузургони Кандока маликаи Ҳабаш, нигаҳбони тамоми хазинаи вай, ки ба Уршалим барои парастиш омада буд, |
|
| 28 |
|
| ба ватан бармегашт ва бар аробаи худ нишаста, китоби Ишаъёи пайғамбарро мехонд. |
|
| 29 |
|
| Рӯҳ ба Филиппус гуфт: «Наздик биё ва ба он ароба ҳамроҳ шав». |
|
| 30 |
|
| Филиппус ба он ҷо давида, шунид, ки китоби Ишаъёи пайғамбарро мехонад. Гуфт: «Оё он чи мехонӣ, мефаҳмӣ?» |
|
| 31 |
|
| Гуфт: «Чӣ гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамоӣ накунад?» Ва аз Филиппус хоҳиш кард, ки ба ароба савор шуда, бо ӯ шинад. |
|
| 32 |
|
| Порчае ки аз Китоб мехонд, ин буд: “Монанди гӯсфанде Ӯро ба куштан бурданд, Ва монанди баррае ки назди пашмтарошаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард. |
|
| 33 |
|
| Дар хории Ӯ адолатро аз Ӯ дареғ доштанд; Ва насли Ӯро кӣ шарҳ медиҳад? Зеро ҳаёти Ӯ дар замин қатъ карда шуд”. |
|
| 34 |
|
| Он хоҷасаро ба Филиппус гуфт: «Аз ту саволе дорам, ки пайғамбар инро дар бораи кӣ мегӯяд? Оё дар бораи худ ё дар бораи дигаре?» |
|
| 35 |
|
| Он гоҳ Филиппус даҳони худро кушод ва аз ҳамон навишта сар карда, дар бораи Исо ба ӯ башорат дод. |
|
| 36 |
|
| Дар ин миён, дар роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: «Инак об; аз таъмид гирифтан чӣ чиз маро бозмедорад?» |
|
| 37 |
|
|
|
| 38 |
|
| Пас фармон дод, ки аробаро нигоҳ доранд, ва ҳар ду, Филиппус ва хоҷасаро, ба об фуромаданд, ва ӯро таъмид дод. |
|
| 39 |
|
| Вақте ки аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро бурд, ва хоҷасаро дигар ӯро надида, роҳи худро бо хурсандӣ давом дод. |
|
| 40 |
|
| Аммо Филиппус дар Ашдӯд пайдо шуд ва дар ҳамаи шаҳрҳо гашта, башорат медод, то даме ки ба Қайсария расид. |
|
|
|
|