|
| 1 |
|
| Пас чӣ гӯем? Оё дар гуноҳ монем, то файз зиёд шавад? Ҳеҷ гоҳ. |
|
| 2 |
|
| Мо, ки нисбат ба гуноҳ мурдаем, чӣ гуна метавонем дар он боз зиндагӣ кунем? |
|
| 3 |
|
| Оё намедонед, ки ҳамаи мо, ки дар Масеҳ Исо таъмид ёфтаем, дар марги Ӯ таъмид ёфтаем? |
|
| 4 |
|
| Пас мо, дар маргаш таъмид ёфта, бо Ӯ гӯронда шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон бархезонда шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем. |
|
| 5 |
|
| Зеро агар мо дар монандии марги Ӯ бо Ӯ пайванд шуда бошем, дар монандии растохези Ӯ низ пайванд мешавем. |
|
| 6 |
|
| Зеро медонем, ки инсони кӯҳнаи мо бо Ӯ ба салиб кашида шудааст, то бадани пургуноҳ ҳеҷ гардад, ва мо дигар бандагони гуноҳ набошем; |
|
| 7 |
|
| чунки мурда аз гуноҳ озод аст. |
|
| 8 |
|
| Агар мо бо Масеҳ мурда бошем, боварӣ дорем, ки бо Ӯ зиндагӣ низ мекунем. |
|
| 9 |
|
| Зеро медонем, чун Масеҳ аз мурдагон бархезонда шуд, дигар намемурад: марг дигар бар Ӯ ҳукмронӣ намекунад. |
|
| 10 |
|
| Зеро, ин ки Ӯ мурд, як бор барои ҳамеша нисбат ба гуноҳ мурд, аммо ин ки зинда аст, барои Худо зинда аст. |
|
| 11 |
|
| Ҳамин тавр шумо низ худро нисбат ба гуноҳ мурда, аммо барои Худо дар Худованди мо Масеҳ Исо зинда ҳисоб кунед. |
|
| 12 |
|
| Пас, бигзор гуноҳ дар бадани мирандаи шумо подшоҳӣ накунад, то ба он дар ҳавасҳои бадан итоат накунед; |
|
| 13 |
|
| ва узвҳои худро чун асбоби бадкирдорӣ ба гуноҳ насупоред, балки худро, ҳамчун касони аз мурдагон зиндашуда, ба Худо супоред ва узвҳои худро чун асбоби росткорӣ дар ихтиёри Худо вогузор намоед. |
|
| 14 |
|
| Зеро гуноҳ бар шумо ҳукмронӣ намекунад, чунки на зери шариат, балки зери файз ҳастед. |
|
| 15 |
|
| Пас чӣ кунем? Оё гуноҳ кунем, зеро на зери шариат, балки зери файз ҳастем? Ҳеҷ гоҳ. |
|
| 16 |
|
| Оё намедонед, ки ба ҳар кӣ худро чун бандагон барои итоат супоред, бандагони ҳамон кас ҳастед, ки ба вай итоат мекунед, хоҳ гуноҳе барои марг бошад, хоҳ итоате барои росткорӣ? |
|
| 17 |
|
| Аммо, Худоро шукр, ки агарчи бандагони гуноҳ будед, аз таҳти дил ба ҳамон тарзи таълим фармонбардор шудаед, ки ба он супорида шудаед. |
|
| 18 |
|
| Ва аз гуноҳ озод шуда, бандагони росткорӣ гардидаед. |
|
| 19 |
|
| Ба хотири нотавонии ҷисматон, ба таври одамӣ мегӯям: чунон ки шумо узвҳои худро ба бандагии нопокӣ ва бадкорӣ супорида, ба бадкорӣ афтода будед, ончунон акнун узвҳои худро ба бандагии росткорӣ барои муқаддасшавӣ вогузор намоед. |
|
| 20 |
|
| Зеро вақте ки бандагони гуноҳ будед, аз росткорӣ озод будед. |
|
| 21 |
|
| Пас он вақт чӣ самаре доштед? Корҳое мекардед, ки акнун аз онҳо шарм медоред, чунки анҷоми онҳо марг аст. |
|
| 22 |
|
| Лекин акнун, ки аз гуноҳ озод шуда, бандагони Худо гардидаед, самари шумо муқаддасшавист, ва анҷоми кор ҳаёти абадист. |
|
| 23 |
|
| Зеро музди гуноҳ марг аст, аммо атои Худо ҳаёти абадист дар Худованди мо Масеҳ Исо. |
|
|
|
|