Китоби Муқаддас 1999
|
| 1 |
| Намехоҳам, эй бародарон, ки шумо бехабар бошед аз он ки падарони мо ҳама дар зери абр буданд, ва ҳама аз баҳр гузаштанд; |
| 2 |
| ва ҳама дар абр ва дар баҳр ба Мусо таъмид ёфтанд; |
| 3 |
| ва ҳама аз як хӯроки рӯҳонӣ мехӯрданд, ва ҳама аз як нӯшокии рӯҳонӣ менӯшиданд; |
| 4 |
| зеро аз кӯҳпораи рӯҳоние менӯшиданд, ки аз пасашон меомад; ва он кӯҳпора Масеҳ буд. |
| 5 |
| Лекин аз аксари онҳо Худо хушнуд набуд; зеро онҳо дар биёбон ба ҳалокат расиданд. |
| 6 |
| Ва инҳо барои мо намунае буданд, то мо бадиро орзу накунем, чунон ки онҳо орзу мекарданд. |
| 7 |
| Ҳамчунин, монанди баъзеи онҳо, бутпараст набошед, чунон ки навишта шудааст: “Қавм ба хӯрдану нӯшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархестанд”. |
| 8 |
| Фосиқӣ накунем, чунон ки баъзеи онҳо фосиқӣ карданд, ва дар як рӯз бисту се ҳазор нафарашон ба ҳалокат расиданд. |
| 9 |
| Масеҳро наозмоем, чунон ки баъзеи онҳо озмуданд ва аз морҳо нобуд шуданд. |
| 10 |
| Шикоят накунед, чунон ки баъзеи онҳо шикоят карданд ва аз дасти ҳалоккунанда нобуд шуданд. |
| 11 |
| Ҳамаи ин ба онҳо чун намунае рӯй дод, ва барои огоҳии мо навишта шуд, ки охири давраҳо насиби мо гардидааст. |
| 12 |
| Бинобар ин ҳар ки гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад. |
| 13 |
| Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ғайр аз озмоиши одии инсонӣ чизи дигаре нест; ва Худо бовафо аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то тоб оварда тавонед. |
| 14 |
| Хуллас, эй азизонам, аз бутпарастӣ гурезед. |
| 15 |
| Ба касони бохирад сухан мегӯям; дар бораи он чи мегӯям, худатон ҳукм кунед. |
| 16 |
| Oё косаи баракат, ки онро баракат медиҳем, шарик шудан ба хуни Масеҳ нест? Оё ноне ки пора мекунем, шарик шудан ба бадани Масеҳ нест? |
| 17 |
| Чунон ки нон яктост, мо низ, ки бисёрем, як тан ҳастем, зеро ҳамаамон аз як нон ҳиссае мегирем. |
| 18 |
| Ба Исроил аз рӯи ҷисм нигоҳ кунед: оё онҳое ки қурбониҳоро мехӯранд, шарики қурбонгоҳ нестанд? |
| 19 |
| Пас чӣ гӯям? Оё бут ё қурбонии бут чизе ҳаст? |
| 20 |
| Не, балки он чи халқҳо қурбонӣ мекунанд, ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо; лекин ман намехоҳам шумо бо девҳо шарик бошед. |
| 21 |
| Шумо наметавонед ҳам косаи Худовандро нӯшед, ҳам косаи девҳоро; наметавонед ҳам аз дастархони Худованд ҳиссае гиред, ҳам аз дастархони девҳо. |
| 22 |
| Оё мехоҳем рашки Худовандро барангезем? Оё аз Ӯ пурзӯртарем? |
| 23 |
| Ҳама чиз барои ман равост, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман равост, лекин на ҳар чиз обод мекунад. |
| 24 |
| Ҳеҷ кас дар пайи фоидаи худ набошад, балки фоидаи дигарон. |
| 25 |
| Ҳар он чи дар бозор фурӯхта мешавад, хӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед; |
| 26 |
| зеро “замин ва ҳар он чи дар он аст, аз они Худованд аст”. |
| 27 |
| Агар касе аз беимонон шуморо даъват намояд ва шумо рафтан хоҳед, — аз ҳар чизе ки пешатон мемонанд, хӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед. |
| 28 |
| Лекин агар касе ба шумо гӯяд, ки “ин қурбонии бут аст”, ба хотири касе ки хабар дод, ва ба хотири виҷдон нахӯред; зеро “замин ва ҳар чи дар он аст, аз они Худованд аст”. |
| 29 |
| Аммо на дар бораи виҷдони худ, балки виҷдони он каси дигар мегӯям; зеро чаро виҷдони каси дигар бар озодии ман доварӣ кунад? |
| 30 |
| Агар ман бо шукргузорӣ мехӯрда бошам, чаро бар ман барои он чизе ки барояш шукргузорӣ мекунам, бадгӯӣ кунанд? |
| 31 |
| Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамааашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред. |
| 32 |
| На яҳудиёнро ранҷонед, на юнониёнро, на ҷамоати Худоро, |
| 33 |
| чунон ки ман низ аз ҳар ҷиҳат дили ҳамаро меёбам, ва дар пайи фоидаи худ не, балки фоидаи касони бисёр ҳастам, то онҳо наҷот ёбанд. |
|
| Захираҳо |
https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/1corinthians/010.mp3
16
10