Китоби Муқаддас 1999
|
| 1 |
| Дар пайи муҳаббат бошед; хоҳони атоҳои рӯҳонӣ низ бошед, хусусан пайғамбарӣ. |
| 2 |
| Зеро касе ки ба забоне сухан мегӯяд, вай на ба одамон, балки ба Худо сухан мегӯяд, чунки ҳеҷ кас намефаҳмад: вай дар рӯҳ сирҳоро ба забон меоварад. |
| 3 |
| Аммо касе ки пайғамбарӣ мекунад, ба одамон барои обод кардан ва насиҳату тасаллӣ додан сухан мегӯяд. |
| 4 |
| Касе ки ба забоне сухан мегӯяд, худро обод мекунад; аммо касе ки пайғамбарӣ мекунад, ҷамоатро обод мекунад. |
| 5 |
| Мехоҳам, ки ҳамаатон ба забонҳо сухан гӯед; лекин беҳтар аст, ки пайғамбарӣ кунед, зеро он ки пайғамбарӣ мекунад, бузургтар аст аз он ки ба забонҳо сухан мегӯяд, магар ин ки тарҷума ҳам кунад, то ҷамоат обод шавад. |
| 6 |
| Ва акнун, эй бародарон, агар назди шумо биёям ва ба забонҳо сухан гӯям, чӣ фоидае ба шумо мерасонам, магар ин ки бо ваҳйе, ё донише, ё пайғамбарие, ё таълиме ба шумо сухан гӯям? |
| 7 |
| Аммо агар асбоби беҷони садодиҳанда, най ё чанг, садоҳои аз ҳам ҷудо набарорад, кас чӣ гуна мефаҳмад, ки бо най ё чанг чӣ оҳанге менавозанд? |
| 8 |
| Ва агар карнай садои номуайяне барорад, кӣ ба ҳарбу зарб омода мешавад? |
| 9 |
| Ҳамчунин агар шумо суханони норавшане ба забон ронед, чӣ гуна мефаҳманд, ки шумо чӣ мегӯед? Шумо ба ҳаво сухан мегӯед. |
| 10 |
| Масалан, дар дунё чӣ қадар овозҳои гуногун ҳастанд, ва ҳеҷ яке аз онҳо бе садои махсусаш нест; |
| 11 |
| аммо, агар маънои овозҳоро надонам, барои гӯянда хориҷӣ ҳастам, ва гӯянда барои ман хориҷист. |
| 12 |
| Ҳамчунин шумо, ки хоҳони атоҳои рӯҳонӣ ҳастед, саъю кӯшиш кунед, ки барои ободии ҷамоат онҳоро ба фаровонӣ дошта бошед. |
| 13 |
| Бинобар ин касе ки ба забоне сухан мегӯяд, бигзор дар бораи тарҷумаи он дуо кунад. |
| 14 |
| Зеро, ҳангоме ки ба забоне дуо мегӯям, рӯҳам дуо мегӯяд, лекин маро намефаҳманд. |
| 15 |
| Пас чӣ бояд кард? Бо рӯҳ дуо мегӯям, ва низ фаҳмо дуо мегӯям; бо рӯҳ суруд мехонам, ва низ фаҳмо суруд мехонам. |
| 16 |
| Зеро, агар ту бо рӯҳ ситоиш кунӣ, бехабаре ки дар он ҷо истода бошад, дар вақти шукргузории ту чӣ гуна “омин” гӯяд? Зеро ӯ он чиро, ки ту мегӯӣ, намедонад. |
| 17 |
| Ту нағз шукргузорӣ мекунӣ, лекин каси дигар обод намешавад. |
| 18 |
| Худоямро шукр мегӯям, ки ман беш аз ҳамаи шумо бо забонҳо сухан мегӯям. |
| 19 |
| Лекин дар ҷамоат фаҳмо гуфтани панҷ калимаро, то дигаронро низ насиҳат кунам, беҳтар меҳисобам аз он ки даҳ ҳазор калимаро ба забоне гӯям. |
| 20 |
| Эй бародарон! Дар фаҳм кӯдак набошед, балки нисбат ба бадӣ кӯдак бошед, ва дар фаҳм калонсол бошед. |
| 21 |
| Дар Таврот навишта шудааст: “Бо забонҳои дигар ва бо лабҳои дигар ба ин қавм сухан хоҳам гуфт, Лекин дар он вақт ҳам Маро гӯш намекунанд, мегӯяд Худованд”. |
| 22 |
| Пас забонҳо аломатанд на барои имондорон, балки барои беимонон; аммо пайғамбарӣ на барои беимонон, балки барои имондорон аст. |
| 23 |
| Агар тамоми ҷамоат дар як ҷо ҷамъ шавад, ва ҳама ба забонҳо сухан гӯянд, ва бехабарон ё беимонон дароянд, оё онҳо намегӯянд, ки шумо девона шудаед? |
| 24 |
| Аммо вақте ки ҳама пайғамбарӣ мекунанд, ва каси беимоне ё бехабаре медарояд, вай ба воситаи ҳама маҳкум мешавад, ба воситаи ҳама доварӣ карда мешавад. |
| 25 |
| Ва ҳамин тавр сирҳои дилаш ошкор мегардад; бинобар ин ӯ рӯй ба замин ниҳода, ба Худо саҷда мекунаду нидо мекунад: “Ҳақиқатан Худо дар миёни шумост”. |
| 26 |
| Пас, эй бародарон, чӣ бояд кард? Вақте ки ҷамъ мешавед, ҳар яке аз шумо таронае аз Забур, ё таълиме, ё забоне, ё ваҳйе, ё тарҷумае дорад; бигзор ҳамааш барои обод кардан бошад. |
| 27 |
| Агар касе ба забоне сухан мегуфта бошад, ду нафар, ё бисёраш се нафар, он ҳам ҷудо-ҷудо, сухан гӯед, ва касе тарҷума кунад. |
| 28 |
| Ва агар тарҷумон набошад, бигзор дар ҷамоат хомӯш монад, ё ба худ ва ба Худо сухан гӯяд. |
| 29 |
| Ва аз пайғамбарон бигзор ду ё се нафар сухан гӯянд, ва дигарон муҳокима кунанд. |
| 30 |
| Аммо агар ба шахси дигаре аз нишастагон ваҳй ояд, бигзор шахси аввал хомӯш шавад. |
| 31 |
| Зеро ҳама пайи ҳам метавонед пайғамбарӣ кунед, то ҳама таълим гиранд ва ҳама тасаллӣ ёбанд. |
| 32 |
| Ва рӯҳҳои пайғамбарон дар итоати пайғамбарон мебошанд, |
| 33 |
| чунки Худо Худои бетартибӣ нест, балки Худои осоиш аст. |
| 34 |
| Чунон ки дар ҳамаи ҷамоатҳои муқаддасон аст, бигзор занони шумо низ дар ҷамоатҳо хомӯш бошанд; зеро раво нест, ки сухан гӯянд, балки бояд фармонбардор бошанд, чунон ки Таврот низ мегӯяд. |
| 35 |
| Лекин агар онҳо хоҳанд чизе ёд гиранд, бигзор дар хона аз шавҳари худ пурсанд; зеро дар ҷамоатҳо сухан гуфтани зан шармовар аст. |
| 36 |
| Магар каломи Худо аз шумо баромадааст? Ё он танҳо ба шумо расидааст? |
| 37 |
| Агар касе худро пайғамбар ё рӯҳонӣ ҳисоб кунад, бигзор фаҳмад, ки он чи ман ба шумо менависам, фармудаҳои Худованд аст; |
| 38 |
| ва агар касе нафаҳмад, бигзор нафаҳмад. |
| 39 |
| Хуллас, эй бародарон, хоҳони он бошед, ки пайғамбарӣ кунед, ва ба забонҳо сухан гуфтанро манъ накунед. |
| 40 |
| Ҳамааш бояд бо тартибу интизом ба амал ояд. |
|
| Захираҳо |
https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/1corinthians/014.mp3
16
14