Китоби Муқаддас 1999
|
| 1 |
| Ва ман, эй бародарон, ба шумо Инҷилро хотиррасон мекунам, ки онро ба шумо башорат додаам, ва шумо онро қабул кардаед, ва дар он устувор ҳастед, |
| 2 |
| ва дар он наҷот меёбед, ба шарте ки он чиро, ки ба шумо башорат додаам, риоя кунед, ба шарте ки имонатон беҳуда набошад. |
| 3 |
| Зеро дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супурдаам, ки яъне Масеҳ, мувофиқи Китоб, барои гуноҳҳои мо мурд, |
| 4 |
| Ва Ӯ гӯронида шуд Ва, мувофиқи Китоб, дар рӯзи сеюм бархест, |
| 5 |
| Ва ба Кифо ва баъд ба он дувоздаҳ нафар зоҳир шуд. |
| 6 |
| Пас аз он ба зиёда аз панҷсад бародар дар як вақт зоҳир шуд, ки қисми зиёди онҳо то ҳол зиндаанд, вале баъзе ба хоби /марг/ рафтаанд. |
| 7 |
| Пас аз он ба Яъқуб, ва баъд ба ҳамаи расулон зоҳир шуд; |
| 8 |
| ва пас аз ҳама ба ман низ, ки гӯё тифли норасид будам, зоҳир шуд. |
| 9 |
| Зеро ман хурдтарини расулонам, ва сазовори он нестам, ки расул номида шавам, чунки ҷамоати Худовандро таъқиб мекардам. |
| 10 |
| Аммо бо файзи Худо он чи ҳастам, ҳастам; ва файзи Ӯ бар ман беҳуда набуд, балки ман аз ҳамаи онҳо зиёдтар меҳнат кардам; аммо на ман, балки файзи Худо, ки бо ман аст. |
| 11 |
| Ба ҳар ҳол, хоҳ ман ва хоҳ онҳо, ҳамин тавр мавъиза мекунем, ва шумо ҳамин тавр имон овардед. |
| 12 |
| Лекин агар дар бораи Масеҳ мавъиза карда мешавад, ки Ӯ аз мурдагон бархест, пас чӣ тавр баъзе аз шумо мегӯянд, ки растохези мурдагон нест? |
| 13 |
| Агар растохези мурдагон набошад, Масеҳ низ барнахестааст. |
| 14 |
| Ва агар Масеҳ барнахеста бошад, мавъизаи мо низ беҳуда аст, имони шумо низ беҳуда аст. |
| 15 |
| Дар айни ҳол мо низ шоҳидони дурӯғин дар бораи Худо мебудем, чунки дар бораи Худо шаҳодат медодем, ки Ӯ Масеҳро бархезондааст, ва ҳол он ки, агар ҳақиқатан мурдагон барнахезанд, Ӯро барнахезондааст. |
| 16 |
| Зеро, агар мурдагон барнахезанд, Масеҳ низ барнахестааст. |
| 17 |
| Ва агар Масеҳ барнахеста бошад, имони шумо беҳуда аст; шумо ҳанӯз дар гуноҳҳои худ мебошед; |
| 18 |
| бинобар ин онҳое ҳам, ки дар Масеҳ ба хоби /марг/ рафтаанд, нобуд шудаанд. |
| 19 |
| Ва агар танҳо дар ҳамин зиндагӣ ба Масеҳ умедворем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарем. |
| 20 |
| Аммо Масеҳ аз мурдагон бархеста, навбари онҳое гардид, ки ба хоби /марг/ рафтаанд. |
| 21 |
| Зеро, чунон ки марг ба воситаи инсон омад, растохези мурдагон низ ба воситаи инсон омад. |
| 22 |
| Чунон ки дар Одам ҳама мемуранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд. |
| 23 |
| Ҳар яке бо навбати худ: Масеҳ, ки навбар аст; баъд онҳое ки аз они Масеҳанд дар вақти омадани Ӯ; |
| 24 |
| баъд охират, ки он вақт Ӯ Подшоҳиро ба Худои Падар месупорад ва ҳар гуна сарварӣ ва ҳар гуна қудрат ва қувватро барҳам медиҳад. |
| 25 |
| Зеро Ӯ бояд подшоҳӣ кунад то даме ки ҳамаи душманонро зери пойҳои Худ сарнагун созад. |
| 26 |
| Душмани охирине ки нобуд карда мешавад, марг аст, |
| 27 |
| чунки “ҳама чизро зери пойҳои Ӯ мутеъ кардааст”. Вақте ки мегӯяд: ҳама чиз ба Ӯ мутеъ карда шуд, равшан аст, ки ин ба истиснои он Кас аст, ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъ кардааст. |
| 28 |
| Ҳангоме ки ҳама чиз ба Ӯ мутеъ карда шуд, он гоҳ Худи Писар низ ба он Кас ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъ кард, мутеъ мешавад, то Худо ҳама дар ҳама бошад. |
| 29 |
| Вагарна, онҳое ки барои мурдагон таъмид мегиранд, чӣ мекунанд? Агар мурдагон тамоман барнахезанд, чаро барои мурдагон таъмид мегиранд? |
| 30 |
| Чаро мо низ ҳар соат ҷони худро ба хатар меандозем? |
| 31 |
| Бо фахре ки дар Худованди мо Масеҳ Исо аз шумо дорам, қасам: ҳар рӯз бо марг рӯ ба рӯ мешавам. |
| 32 |
| Агар дар Эфесус бо ҳайвоноти даранда ба таври инсонӣ ҷанг карда бошам, ба ман чӣ фоида, агар мурдагон барнахезанд? “Биёед хӯрем ва нӯшем, зеро фардо мемурем!” |
| 33 |
| Фирефта нашавед: ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд. |
| 34 |
| Ба таври бояду шояд ҳушёр шавед ва гуноҳ накунед; зеро, барои хиҷил шуданатон мегӯям, ки баъзеҳо Худоро намешиносанд. |
| 35 |
| Лекин шояд касе гӯяд: “Мурдагон чӣ гуна бармехезанд? Ва дар чӣ гуна ҷисм меоянд?” |
| 36 |
| Эй беақл! Он чи ту мекорӣ, агар намурад, зинда намешавад; |
| 37 |
| ва ҳангоме ки мекорӣ, на ҷисми ояндаро мекорӣ, балки донаи лучи гандум ё ягон гиёҳи дигарро. |
| 38 |
| Лекин Худо ба он, аз рӯи хости Худ, ҷисм медиҳад, ва ба ҳар як тухм ҷисми ба он хосе. |
| 39 |
| Ҳамаи ҷисмҳо як нестанд, балки ҷисми одамон дигар аст, ҷисми чорпоён дигар, /ҷисми/ моҳиён дигар, /ҷисми/ парандагон дигар. |
| 40 |
| Ҷисмҳои осмонӣ ва ҷисмҳои заминӣ ҳаст, лекин ҷалоли ҷисмҳои осмонӣ дигар аст, ҷалоли ҷисмҳои заминӣ дигар, |
| 41 |
| ҷалоли офтоб дигар, ҷалоли моҳ дигар, ҷалоли ситораҳо дигар; ва ситора аз ситора дар ҷалолаш фарқ дорад. |
| 42 |
| Дар растохези мурдагон низ ҳамин тавр аст: дар вайроншавандагӣ кошта мешавад, дар вайроннашавандагӣ бармехезад; |
| 43 |
| дар хорӣ кошта мешавад, дар ҷалол бармехезад; дар нотавонӣ кошта мешавад, дар қувват бармехезад; |
| 44 |
| ҷисми нафсонӣ кошта мешавад, ҷисми рӯҳонӣ бармехезад. Ҷисми нафсонӣ ҳаст, ҷисми рӯҳонӣ ҳаст. |
| 45 |
| Низ чунин навишта шудааст: “Одами аввалин, яъне Одам, ҷони зинда гашт”. Одами охирин рӯҳи ҳаётбахш шуд. |
| 46 |
| Лекин рӯҳонӣ пештар нест, балки нафсонӣ ва баъд рӯҳонӣ. |
| 47 |
| Одами якум аз замин аст, яъне хокист; одами дуюм Худованд аст аз осмон. |
| 48 |
| Хокӣ чӣ гунае ки бошад, хокиён ҳамон гунаанд; Осмонӣ чӣ гунае ки бошад, осмониён ҳамон гунаанд; |
| 49 |
| ва чӣ гунае ки мо сурати одами хокиро ба худ гирифтаем, сурати Одами осмониро низ ба худ бояд гирем. |
| 50 |
| Лекин, эй бародарон, ҳаминро мегӯям, ки ҷисму хун наметавонад вориси Подшоҳии Худо шавад, ва вайроншаванда вориси вайроннашавандагӣ намешавад. |
| 51 |
| Инак, ба шумо сирре мегӯям: ҳамаи мо ба хоби /марг/ намеравем, балки ҳама дигаргун мешавем, |
| 52 |
| баногоҳ, дар як мижа задан, баробари садои карнайи охирин; зеро карнай садо медиҳад, ва мурдагон дар вайроннашавандагӣ бармехезанд, ва мо дигаргун мешавем. |
| 53 |
| Зеро бояд он чи вайроншаванда аст, либоси вайроннашавандагӣ пӯшад, ва он чи миранда аст, либоси намирандагӣ пӯшад. |
| 54 |
| Ва чун ин вайроншаванда либоси вайроннашавандагӣ пӯшад, ва ин миранда либоси намирандагӣ пӯшад, он гоҳ ин каломе ки навишта шудааст, ба амал меояд: “Ғалаба маргро фурӯ бурд”. |
| 55 |
| “Эй марг! Неши ту куҷост? Эй дунёи мурдагон! Ғалабаи ту куҷост?” |
| 56 |
| Неши марг гуноҳ аст, ва қуввати гуноҳ шариат аст. |
| 57 |
| Худоро шукр, ки Ӯ ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст! |
| 58 |
| Хуллас, эй бародарони азизи ман, пойдору устувор бошед, ҳамеша дар кори Худованд машғул бошед, ва донед, ки меҳнати шумо дар Худованд беҳуда нест. |
|
| Захираҳо |
https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/1corinthians/015.mp3
16
15