Китоби Муқаддас 1999
|
| 1 |
| Дар хусуси ҷамъ кардани пул барои муқаддасон, чунон ки ба ҷамоатҳои Ғалотия дастур додаам, ҳамон тавр амал кунед: |
| 2 |
| Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки ҳангоми омаданам эҳтиёҷе ба ҷамъ кардан набошад. |
| 3 |
| Ва ҳангоме ки биёям, онҳоеро, ки шумо муносиб донед, бо мактубҳо мефиристам, то хайроти шуморо ба Уршалим баранд. |
| 4 |
| Ва агар рафтани ман ҳам зарур бошад, онҳо ҳамроҳи ман мераванд. |
| 5 |
| Пас аз он ки аз Мақдуния гузарам, назди шумо меоям, зеро аз Мақдуния мегузарам. |
| 6 |
| Лекин эҳтимол дорад, ки муддате назди шумо бошам ё ҳатто зимистонро гузаронам, то ба ҳар ҷое ки равам, шумо маро гусел намоед. |
| 7 |
| Зеро намехоҳам акнун бо шумо фақат дар байни роҳ дидорбинӣ кунам, балки умедворам, ки агар Худованд иҷозат диҳад, якчанд вақт назди шумо монам. |
| 8 |
| Аммо то иди пантикост ман дар Эфесус мемонам, |
| 9 |
| зеро дари бузургу корсозе барои ман кушода шуд, ва мухолифон бисёранд. |
| 10 |
| Агар Тимотиюс ояд, бохабар бошед, ки ӯ назди шумо аз чизе тарс надошта бошад, зеро ӯ кори Худовандро ба ҷо меоварад, чунон ки ман низ. |
| 11 |
| Бинобар ин ҳеҷ кас ӯро хор нашуморад, балки ӯро бо осоиш гусел кунед, то назди ман биёяд, зеро ӯро бо бародарон мунтазирам. |
| 12 |
| Дар хусуси бародари мо Апуллус бошад, ман аз ӯ бисёр хоҳиш кардам, ки бо бародарон назди шумо биёяд, вале ӯ ҳеҷ розигӣ надод, ки акнун биёяд, балки ҳар гоҳ фурсат ёбад, меояд. |
| 13 |
| Ҳушёр бошед, дар имон устувор бошед, мард ва устувор бошед. |
| 14 |
| Бигзор ҳамаи корҳои шумо бо муҳаббат ба ҷо оварда шавад. |
| 15 |
| Аз шумо, эй бародарон, илтимос дорам: шумо хонаводаи Истефанусро мешиносед, ки навбари Охоия ҳастанд ва худро ба хизмати муқаддасон супурдаанд; |
| 16 |
| шумо низ ба ин гуна шахсон ва ба ҳар касе ки ҳамкорӣ мекунад ва меҳнат менамояд, фармонбардор бошед. |
| 17 |
| Аз омадани Истефанус, Фортунатус ва Охойқус хурсандам, чунки онҳо ҷои холии шуморо пур карданд; |
| 18 |
| зеро ба рӯҳи ману шумо қувват бахшиданд. Чунин одамонро шиносед. |
| 19 |
| Ҷамоатҳои вилояти Осиё ба шумо салом мерасонанд. Акило ва Прискила бо ҷамоате ки дар хонаи онҳост, ба шумо саломи бисёре дар Худованд мерасонанд. |
| 20 |
| Ҳамаи бародарон ба шумо салом мерасонанд. Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед. |
| 21 |
| Ман, Павлус, бо хати худ салом мерасонам. |
| 22 |
| Ҳар кӣ Худованд Исои Масеҳро дӯст надорад, лаънатӣ бод; мороното. |
| 23 |
| Файзи Худованд Исои Масеҳ бо шумо бод. |
| 24 |
| Муҳаббати ман бо ҳамаи шумо дар Масеҳ Исо аст. Омин. |
|
| Захираҳо |
https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/1corinthians/016.mp3
16
16