|
| 1 |
|
| Ва ман, эй бародарон, натавонистам ба шумо чун ба касони рӯҳонӣ сухан ронам, балки чун ба касони ҷисмонӣ, ё кӯдакон дар Масеҳ. |
|
| 2 |
|
| Шуморо шир хӯрондам, на ғизои сахт, зеро шумо ҳанӯз омодагӣ барои он надоштед ва ҳоло низ надоред, |
|
| 3 |
|
| чунки шумо ҳанӯз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, ҷанҷол ва ҷудоиҳо ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед? |
|
| 4 |
|
| Зеро, вақте ки яке: “Ман аз они Павлус ҳастам” ва дигаре: “Ман аз они Апуллус” мегӯяд, — оё шумо ҷисмонӣ нестед? |
|
| 5 |
|
| Пас, Павлус кист? Ва Апуллус кист? Онҳо танҳо хизматгузороне ҳастанд, ки ба воситаи онҳо шумо имон овардаед; ва ҳар яке чунон ки Худованд ба вай ато кардааст, хизмат мекунад. |
|
| 6 |
|
| Ман кишт кардам, Апуллус об дод, лекин Худо сабзонд. |
|
| 7 |
|
| Бинобар ин на кишткунанда аҳамият дорад, на обдиҳанда, балки Худои сабзонанда. |
|
| 8 |
|
| Кишткунанда ва обдиҳанда баробаранд, лекин ҳар яке музди худро мувофиқи меҳнати худ мегирад. |
|
| 9 |
|
| Зеро ки мо ҳамкорони Худо ҳастем; шумо киштзори Худо, иморати Худо ҳастед. |
|
| 10 |
|
| Аз рӯи файзи Худо, ки ба ман ато шудааст, ман, чун меъмори доно, таҳкурсӣ ниҳодам, ва дигаре бар он иморат месозад; лекин ҳар кас бохабар бошад, ки чӣ гуна месозад. |
|
| 11 |
|
| Зеро ҳеҷ кас таҳкурсии дигаре ниҳода наметавонад, ғайр аз он ки ниҳода шудааст, ки он Исои Масеҳ аст. |
|
| 12 |
|
| Ва агар касе бар ин таҳкурсӣ иморате аз тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо, ё чӯб, хасбеда, коҳ бино кунад, |
|
| 13 |
|
| кори ҳар кас аён мешавад; зеро он рӯз нишон медиҳад, чунки дар оташ ошкор мешавад, ва оташ кори ҳар касро озмоиш мекунад, ки он чӣ гуна аст. |
|
| 14 |
|
| Агар кори касе ки бар он сохтааст, пойдор монад, вай музд мегирад. |
|
| 15 |
|
| Ва агар кори касе сӯзад, вай зиён мебинад; валекин худаш наҷот меёбад, аммо тавре ки гӯё аз даруни оташ гузашта бошад. |
|
| 16 |
|
| Оё намедонед, ки ибодатхонаи Худо ҳастед, ва Рӯҳи Худо дар шумо сокин аст? |
|
| 17 |
|
| Агар касе ибодатхонаи Худоро вайрон кунад, Худо ӯро хонавайрон мекунад, зеро хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳастед. |
|
| 18 |
|
| Касе худро фиреб накунад: агар касе аз шумо худро дар ин давра хирадманд медониста бошад, бигзор нодон шавад, то хирадманд гардад. |
|
| 19 |
|
| Зеро ки ҳикмати ин ҷаҳон пеши Худо нодонӣ аст, чунки навишта шудааст: “хирадмандонро ба макри худашон гирифтор мекунад”. |
|
| 20 |
|
| Ва боз: “Худованд фикрҳои хирадмандонро медонад, ки ҳеҷ аст”. |
|
| 21 |
|
| Хуллас, ҳеҷ кас бо одамон фахр накунад, зеро ҳамааш аз они шумост: |
|
| 22 |
|
| хоҳ Павлус, хоҳ Апуллус, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ марг, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда — ҳамааш аз они шумост; |
|
| 23 |
|
| ва шумо аз они Масеҳ ҳастед, ва Масеҳ аз они Худост. |
|
|
|
|