|
| 1 |
|
| Овозае ба гӯш мерасад, ки дар байни шумо фосиқӣ ҳаст, он ҳам чунон фосиқӣ, ки ҳатто дар байни бутпарастон шунида нашудааст, яъне шахсе зани падари худро гирифтааст. |
|
| 2 |
|
| Ва шумо ҳавобаланд шудаед, ба ҷои он ки мотам гиред, то касе ки чунин коре кардааст, аз миёни шумо бадар шавад. |
|
| 3 |
|
| Зеро ман, агарчи ҷисман ғоибам, лекин рӯҳан ҳозирам, аллакай, гӯё ки ҳозирам, дар ҳаққи шахсе ки чунин коре кардааст, ҳукм намудам: |
|
| 4 |
|
| ба номи Худованди мо Исои Масеҳ, ҳангоме ки шумо бо рӯҳи ман ва бо қуввати Худованди мо Исои Масеҳ ҷамъ шавед, |
|
| 5 |
|
| он шахс барои ҳалокати ҷисм ба шайтон супурда шавад, то рӯҳ дар рӯзи Худованд Исо наҷот ёбад. |
|
| 6 |
|
| Фахри шумо хуб нест. Оё намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад? |
|
| 7 |
|
| Пас, худро аз хамиртуруши кӯҳна тоза кунед, то хамири нав бошед, чунки бе хамиртуруш ҳастед. Зеро /барраи/ Песаҳи мо, Масеҳ, барои мо кушта шудааст. |
|
| 8 |
|
| Бинобар ин идро на бо хамиртуруши кӯҳна, на бо хамиртуруши кина ва бадӣ, балки бо фатири покӣ ва ростӣ ба ҷо меоварем. |
|
| 9 |
|
| Ба шумо дар нома навиштаам, ки бо фосиқон рафтуомад накунед; |
|
| 10 |
|
| лекин на умуман бо фосиқони ин ҷаҳон, ё бо тамаъкорон, ё бо ғоратгарон, ё бо бутпарастон, зеро дар ин сурат бояд аз ҷаҳон берун мешудед; |
|
| 11 |
|
| балки ба шумо акнун навиштаам, ки бо касе рафтуомад накунед, ки худро бародар номида, фосиқ, ё тамаъкор, ё бутпараст, ё бадзабон, ё бадмаст, ё ғоратгар бошад; бо чунин одам якҷоя хӯрок ҳам нахӯред. |
|
| 12 |
|
| Зеро чаро ман дар бораи онҳое ки берун /аз ҷамоатанд/, доварӣ кунам? Оё шумо дар бораи онҳое ки дар дохиланд, доварӣ намекунед? |
|
| 13 |
|
| Дар бораи онҳое ки дар берунанд, Худо доварӣ мекунад. Пас шумо бадкорро аз миёни худ бадар кунед. |
|
|
|
|