|
| 1 |
|
| Бинобар ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем; |
|
| 2 |
|
| аммо корҳои пинҳонии нангинро рад карда, ҳиларо ба кор намебарем ва каломи Худоро таҳриф намекунем, балки ростиро ошкор карда, худро ба виҷдони ҳар кас пеши рӯи Худо вогузор менамоем. |
|
| 3 |
|
| Вале, ҳатто агар Инҷили мо пӯшида бошад, он барои нобудшавандагон пӯшида аст, |
|
| 4 |
|
| барои беимонҳое ки худои ин дунё зеҳнашонро кунд кардааст, то нури Инҷили ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад. |
|
| 5 |
|
| Зеро мо на худро, балки Масеҳ Исоро мавъиза менамоем, ки Ӯ Худованд аст, ва мо ғуломони шумоем ба хотири Исо. |
|
| 6 |
|
| Зеро Худое ки гуфт: “Аз торикӣ нур дурахшад”, Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо дурахшид, то бо дониши ҷалоли Худо дар шахси Исои Масеҳ моро пурнур созад. |
|
| 7 |
|
| Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои хокӣ дорем, то бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо. |
|
| 8 |
|
| Мо аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор мешавем, вале дар тангӣ нестем; ҳайронем, вале рӯҳафтода намешавем; |
|
| 9 |
|
| гирифтори таъқиботем, вале партофта нашудаем; сарнагун гардидаем, вале нобуд нашудаем; |
|
| 10 |
|
| ҳамеша марги Худованд Исоро дар бадани худ бардошта мегардем, то ҳаёти Исо низ дар бадани мо зоҳир шавад. |
|
| 11 |
|
| Зеро мо, зиндаҳо, доимо ба хотири Исо ба марг супурда мешавем, то ҳаёти Исо низ дар ҷисми мирандаи мо зоҳир шавад. |
|
| 12 |
|
| Бинобар ин марг дар мо амал мекунад, вале ҳаёт дар шумо. |
|
| 13 |
|
| Аммо азбаски ҳамон рӯҳи имонро дорем, чунон ки навишта шудааст: “Имон доштам, бинобар ин мегуфтам”, мо низ имон дорем, бинобар ин мегӯем, |
|
| 14 |
|
| чун медонем, ки Бархезонандаи Худованд Исо моро низ ба воситаи Исо бархезонда, бо шумо ба по хоҳад хезонд. |
|
| 15 |
|
| Зеро ҳама чиз барои шумост, то файзе ки дар бисёр касон фаровон шудааст, шукргузории боз ҳам зиёдтарро барои ҷалоли Худо ба амал оварад. |
|
| 16 |
|
| Бинобар ин ноумед намешавем, ва ҳарчанд одами зоҳирии мо фарсуда мешавад, одами ботинӣ рӯз ба рӯз нав мешавад. |
|
| 17 |
|
| Зеро азоби сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба фаровонии беандоза ба вуҷуд меоварад, |
|
| 18 |
|
| ҳангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем; зеро он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист. |
|
|
|
|