|
| 1 |
|
| Шуморо, эй бародарон, дар бораи файзи Худо, ки ба ҷамоатҳои Мақдуния ато шудааст, огоҳ менамоем; |
|
| 2 |
|
| зеро дар миёни имтиҳони бузурги сахтиҳо фаровонии шодии онҳо ва бенавоии сахти онҳо дар саховати беканорашон пурра аён шуд; |
|
| 3 |
|
| зеро ман шоҳиди онам, ки онҳо ба андозаи қувваташон ва берун аз қувваташон сахӣ буданд: |
|
| 4 |
|
| онҳо бо исрори зиёд аз мо илтимос карданд, ки дар кори хайр ба мадади муқаддасон шарики мо бошанд; |
|
| 5 |
|
| ва на танҳо ба тавре ки умед доштем, балки худро пешкаш карданд, аввалан ба Худованд ва баъд ба мо, мувофиқи хости Худо; |
|
| 6 |
|
| бинобар ин мо аз Титус хоҳиш намудем, ки ӯ, чунон ки сар карда буд, ончунон ин кори хайрро дар миёни шумо низ ба анҷом расонад. |
|
| 7 |
|
| Аммо, чунон ки шумо дар ҳар чиз: дар имон ва калом, дар дониш ва ҳар гуна ҷидду ҷаҳд ва дар муҳаббати худ нисбат ба мо афзун ҳастед, ончунон дар ин кори хайр ҳам афзун бошед. |
|
| 8 |
|
| Инро ба таври фармон намегӯям, балки ба воситаи ҷидду ҷаҳди дигарон самимияти муҳаббати шуморо низ меозмоям. |
|
| 9 |
|
| Зеро файзи Худованди мо Исои Масеҳро медонед, ки Ӯ сарватманд буда, барои шумо бенаво шуд, то шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватманд шавед. |
|
| 10 |
|
| Дар ин хусус ман фикри худро баён мекунам; зеро ин ба шумо фоиданок аст, чунки соли гузашта на танҳо ин корро сар кардед, балки онро орзу ҳам карда будед. |
|
| 11 |
|
| Ва акнун корро ба охир низ расонед, то он чи бо дилгармӣ орзу мекардед, мувофиқи дороиятон анҷом ёбад. |
|
| 12 |
|
| Зеро, кас агар дилгармӣ дошта бошад, аз рӯи он чи ӯ дорад, писанд меояд, на аз рӯи он чи ӯ надорад. |
|
| 13 |
|
| На он тавр, ки ба дигарон сабук ва ба шумо гарон афтад, балки ба таври баробарӣ: акнун зиёдатии шумо камии онҳоро пур мекунад, |
|
| 14 |
|
| то ки /баъд/ зиёдатии онҳо низ камии шуморо пур кунад, ва баробарӣ ба амал ояд, |
|
| 15 |
|
| чунон ки навишта шудааст: “Касе ки бисёр ҷамъ карда буд, зиёдатӣ надошт, ва касе ки кам ҷамъ карда буд, камӣ надошт”. |
|
| 16 |
|
| Худоро шукр, ки чунин ҷидду ҷаҳдро нисбат ба шумо дар дили Титус ҷо кардааст, |
|
| 17 |
|
| зеро ӯ ба илтимоси мо гӯш андохт ва, азбаски ҷидду ҷаҳди зиёде дошт, бо ихтиёри худ сӯи шумо равона шуд. |
|
| 18 |
|
| Бо ӯ мо бародареро равона кардем, ки дар ҳамаи ҷамоатҳо барои башорат сазовори таҳсин гардидааст, |
|
| 19 |
|
| ва ғайр аз ин, аз ҷамоатҳо интихоб шудааст, ки дар ин кори хайр ба мо ҳамроҳ шавад, ки хизмати онро мо барои ҷалоли Худованд ва исботи дилгармии шумо ба ҷо меоварем, |
|
| 20 |
|
| ва эҳтиёт мекунем, ки касе дар ҳаққи мо тӯҳмате нагӯяд, оид ба ин ҳадияи фаровоне ки бо хизмати мо ба даст оварда мешавад; |
|
| 21 |
|
| зеро кӯшиш мекунем кори некро на танҳо пеши Худованд, балки пеши одамон низ ба ҷо оварем. |
|
| 22 |
|
| Бо онҳо бародари худро низ фиристодем, ки ҷидду ҷаҳди ӯро дар бисёр чизҳо борҳо санҷидаем, ва акнун аз боиси эътимоди бузурге ки ӯ ба шумо дорад, ҷидду ҷаҳдаш боз ҳам зиёд шудааст. |
|
| 23 |
|
| Дар бораи Титус бояд гӯям, ки ӯ рафиқ ва ҳамкори ман аст назди шумо; дар бораи бародаронамон бояд гӯям, ки онҳо фиристодагони ҷамоатҳо ва ҷалоли Масеҳанд. |
|
| 24 |
|
| Пас, муҳаббати худро, ва он фахреро, ки мо аз шумо дорем, пеши ҷамоатҳо ба онҳо исбот кунед. |
|
|
|
|