|
| 1 |
|
| Аммо мегӯям: то даме ки ворис кӯдак аст, аз ғулом ҳеҷ фарқ надорад, гарчанде ки хоҷаи ҳама чиз аст; |
|
| 2 |
|
| балки зери дасти парасторон ва вакилон аст, то мӯҳлате ки падараш муайян намудааст. |
|
| 3 |
|
| Ҳамчунин мо, то даме ки кӯдак будем, ғуломи қоидаҳои ҷаҳон будем; |
|
| 4 |
|
| вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо Писари Худро фиристод, ки Ӯ аз зан таваллуд ёфта, зери шариат буд, |
|
| 5 |
|
| то онҳоеро, ки зери шариат буданд, бозхарад, то ба писарӣ қабул шавем. |
|
| 6 |
|
| Ва азбаски шумо писарон ҳастед, Худо ба дилҳои шумо Рӯҳи Писари Худро фиристодааст, ки нидо мекунад: “Або, Падар!” |
|
| 7 |
|
| Бинобар ин ту дигар ғулом нестӣ, балки писарӣ; ва агар писар бошӣ, ба воситаи Масеҳ вориси Худо низ ҳастӣ. |
|
| 8 |
|
| Лекин дар он замон, ки Худоро намешинохтед, бандаи онҳое будед, ки аслан худоён набуданд; |
|
| 9 |
|
| аммо акнун, ки Худоро мешиносед, ё беҳтар гӯем, Худо шуморо мешиносад, чӣ гуна боз сӯи он қоидаҳои нотавону беарзиш баргашта, аз нав бандаи онҳо будан мехоҳед? |
|
| 10 |
|
| Рӯзҳо, моҳҳо, фаслҳо ва солҳоро риоя мекунед. |
|
| 11 |
|
| Барои шумо хавотир дорам, ки мабодо дар миёни шумо беҳуда меҳнат карда бошам. |
|
| 12 |
|
| Эй бародарон, аз шумо хоҳишмандам, ки монанди ман бошед, чунки ман ҳам монанди шумо ҳастам; шумо маро ҳеҷ озор надодаед. |
|
| 13 |
|
| Шумо медонед, ки ман бори аввал дар сустии ҷисм ба шумо башорат додам; |
|
| 14 |
|
| ва шумо озмоиши маро дар ҷисмам хор нашумурдед ва аз он нафрат накардед, балки маро чунон пазироӣ намудед, ки фариштаи Худо ё Масеҳ Исо бошам. |
|
| 15 |
|
| Пас чӣ буд он хушбахтии шумо? Зеро ба шумо гувоҳӣ медиҳам, ки агар имконпазир мебуд, чашмони худро канда гирифта, ба ман медодед. |
|
| 16 |
|
| Оё акнун, чун ҳақиқатро ба шумо мегӯям, душманатон шудаам? |
|
| 17 |
|
| Онҳо барои шумо ба некӣ ғайрат намекунанд, балки шуморо /аз мо/ ҷудо кардан мехоҳанд, то шумо барои онҳо ғайрат кунед. |
|
| 18 |
|
| Дар кори хайр ҳамеша ғайрат кардан хуб аст, на танҳо вақте ки ман назди шумо бошам. |
|
| 19 |
|
| Эй фарзандони ман, ки барои таваллудатон ман аз нав азоб мекашам, то даме ки дар шумо Масеҳ сурат бандад! |
|
| 20 |
|
| Хоҳиш доштам, ки акнун назди шумо бошам ва овози худро тағйир диҳам, зеро аз шумо ҳайрон мондаам. |
|
| 21 |
|
| Шумо, ки мехоҳед зери шариат бошед, ба ман гӯед, ки оё ба шариат гӯш намеандозед? |
|
| 22 |
|
| Зеро навишта шудааст, ки Иброҳим ду писар дошт, яке аз каниз ва дигаре аз зани озод. |
|
| 23 |
|
| Лекин он ки аз каниз буд, аз рӯи ҷисм таваллуд шудааст, ва он ки аз зани озод буд, мувофиқи ваъда. |
|
| 24 |
|
| Ин маҷоз аст, зеро ин ду аҳд аст: яке аз кӯҳи Сино, ки барои ғуломӣ мезояд, ва ин Ҳоҷар аст, |
|
| 25 |
|
| зеро Ҳоҷар кӯҳи Сино дар Арабистон аст ва ба Уршалими ҳозира мувофиқ меояд, ва он бо фарзандони худ дар ғуломӣ мебошад; |
|
| 26 |
|
| аммо Уршалими боло озод аст, ки он модари ҳамаи мост; |
|
| 27 |
|
| зеро навишта шудааст: “Шод бош, эй нозой, ки намезоӣ; Хурсандӣ ва нидо кун, ки дарди зоиш намекашӣ; Зеро фарзандони зани бекас назар ба шавҳардор бештаранд”. |
|
| 28 |
|
| Вале мо, эй бародарон, монанди Исҳоқ, фарзандони ваъда ҳастем. |
|
| 29 |
|
| Аммо чунон ки он вақт аз рӯи ҷисм таваллудшуда аз рӯи Рӯҳ таваллудшударо таъқиб мекард, акнун низ чунин аст. |
|
| 30 |
|
| Аммо Китоб чӣ мегӯяд? “Каниз ва писари ӯро пеш кун, зеро писари каниз бо писари зани озод мерос намегирад”. |
|
| 31 |
|
| Пас, эй бародарон, мо фарзандони каниз нестем, балки фарзандони зани озодем. |
|
|
|
|