|
| 1 |
|
| Зеро мехоҳам донед, ки ман чӣ гуна барои шумо ва барои касоне ки дар Лоудикия мебошанд, ва барои ҳамаи онҳое ки рӯи маро ҷисман надидаанд, ҷидду ҷаҳд мекунам, |
|
| 2 |
|
| то дилҳои онҳо тасаллӣ ёфта, барои ҳар сарвати фаҳми дилпурона дар муҳаббат пайванд шаванд, то сирри Худои Падар ва Масеҳро донанд, |
|
| 3 |
|
| ки дар Ӯ ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон мебошанд. |
|
| 4 |
|
| Ва инро ман барои он мегӯям, ки ҳеҷ кас шуморо бо суханони дилфиреб гумроҳ накунад. |
|
| 5 |
|
| Зеро, агарчи ҷисман ғоибам, рӯҳан бо шумо мебошам, ва тартиби шумо ва имони пойдори шуморо дар Масеҳ дида, шодӣ мекунам. |
|
| 6 |
|
| Пас, ҳамон тавре ки Масеҳ Исои Худовандро қабул кардаед, дар Ӯ рафтор намоед, |
|
| 7 |
|
| ки дар Ӯ реша давонда ва бино ёфта, дар имон мустаҳкам шудаед, чунон ки таълим гирифтаед ва шукри зиёде дар он мегӯед. |
|
| 8 |
|
| Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фиреби пуч, ки мувофиқи ривояти инсонӣ, мувофиқи қоидаҳои ҷаҳон, на мувофиқи Масеҳ аст, асир накунад. |
|
| 9 |
|
| Зеро дар Ӯ тамоми пуррагии Илоҳият ҷисман сокин аст, |
|
| 10 |
|
| ва шумо дар Ӯ пуррагӣ доред, ки Ӯ сари ҳар сарварӣ ва қудрат аст; |
|
| 11 |
|
| ва дар Ӯ шумо хатна шудаед, /вале/ на ба хатнае ки бо дасти одамизод карда шудааст, /балки/ ба хатнаи Масеҳ, ки бадани гуноҳолуди ҷисмониро канор мегузорад, |
|
| 12 |
|
| ки бо Ӯ дар таъмид гӯронда шудаед ва дар Ӯ бархезонда шудаед ба воситаи имон ба қуввати Худо, ки Ӯро аз мурдагон бархезонд. |
|
| 13 |
|
| Ва шуморо, ки дар хатоҳо ва дар бехатнагии ҷисми худ мурда будед, бо Ӯ зинда кард, чунки ҳамаи хатоҳотонро бахшид; |
|
| 14 |
|
| ва он айбномаро, ки бо фаризаҳо моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ӯ хат зад ва онро бар салиб мехкӯб карда, аз миён бардошт; |
|
| 15 |
|
| ва сарвариҳо ва қудратҳоро аз қувват маҳрум сохта, гирифтори шармандагӣ кард ва дар салиб бар онҳо дастболо шуд. |
|
| 16 |
|
| Пас, бигзор касе шуморо барои хӯрок ё нӯшокӣ, ё барои риояи ид, ё навмоҳ, ё шанбе ҳукм накунад: |
|
| 17 |
|
| инҳо сояи чизҳои оянда мебошанд, аммо бадан аз они Масеҳ аст. |
|
| 18 |
|
| Касе шуморо бо шавқ ба хоксорӣ ва парастиши фариштаҳо аз мукофот маҳрум накунад, дар ҳоле ки вай ба чизҳои надидааш мудохила менамояд ва аз фикри ҷисмониаш беҳуда мағрур аст, |
|
| 19 |
|
| ва робитаи худро аз сари /бадан/ буридааст, /аз саре/ ки тамоми бадан ба воситаи пайвандҳо ва бандҳо қувват гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост. |
|
| 20 |
|
| Агар шумо бо Масеҳ нисбат ба қоидаҳои ҷаҳон мурда бошед, чаро, монанди онҳое ки дар ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, фаризаҳои: |
|
| 21 |
|
| “нарас”, “начаш”, “даст назан”-ро пайравӣ менамоед, |
|
| 22 |
|
| дар ҳоле ки ҳамаи инҳо ба чизҳое дахл доранд, ки бо истифода аз байн мераванд, зеро бар фармудаҳо ва таълимотҳои инсонӣ бино шудаанд? |
|
| 23 |
|
| Инҳо дар ибодати худсарона, хоксорӣ ва озори бадан ҳамчун ҳикмат менамоянд, лекин фоида надоранд ва /фақат/ барои қонеъ гардондани ҷисм мебошанд. |
|
|
|
|