|
| 1 |
|
| Аммо дар бораи замонҳо ва мӯҳлатҳо ба шумо, эй бародарон, навиштан ҳоҷат надорад, |
|
| 2 |
|
| зеро худи шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд чун дузде ки шаб меояд, фаро мерасад. |
|
| 3 |
|
| Чун гӯянд: “Осоиш ва амният”, он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор мешаванд, чунон ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва гурехта наметавонанд. |
|
| 4 |
|
| Лекин шумо, эй бародарон, дар торикӣ нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд; |
|
| 5 |
|
| ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз ҳастед. Мо ба шаб ва ба торикӣ тааллуқ надорем. |
|
| 6 |
|
| Пас, набояд монанди дигарон дар хоб бошем, балки бедор ва ҳушёр бошем. |
|
| 7 |
|
| Зеро хобидагон шабона мехобанд, ва мастон шабона маст мебошанд; |
|
| 8 |
|
| вале мо, ки ба рӯз тааллуқ дорем, бояд ҳушёр бошем ва зиреҳи имону муҳаббат ва хӯди умеди наҷотро дар бар кунем, |
|
| 9 |
|
| чунки Худо моро на барои ғазаб таъйин кардааст, балки барои ёфтани наҷот ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ, |
|
| 10 |
|
| ки барои мо мурд, то мо, хоҳ бедор бошем, хоҳ хобида, бо якҷоягии Ӯ зист кунем. |
|
| 11 |
|
| Бинобар ин ҳамдигарро рӯҳбаланд кунед ва якдигарро обод намоед, чунон ки низ мекунед. |
|
| 12 |
|
| Аммо аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки он касонро қадрдонӣ намоед, ки дар миёни шумо меҳнат мекунанд, ва сарварони шумо дар Худованд буда, шуморо насиҳат медиҳанд, |
|
| 13 |
|
| ва онҳоро барои фаъолияташон бо камоли муҳаббат иззат кунед; бо якдигар дар сулҳ зист кунед. |
|
| 14 |
|
| Инчунин аз шумо, эй бародарон, хоҳишмандем, ки танбалонро насиҳат кунед, беҷуръатонро дилдорӣ намоед, нотавононро дастгирӣ кунед, бо ҳар кас пурсабр бошед. |
|
| 15 |
|
| Бохабар бошед, ки касе ба касе дар ивази бадӣ бадӣ накунад, балки ҳамеша барои якдигар ва барои ҳама дар пайи некӣ бошед. |
|
| 16 |
|
| Ҳамеша шод бошед. |
|
| 17 |
|
| Пайваста дуо гӯед. |
|
| 18 |
|
| Дар ҳама ҳолат шукр гӯед, зеро чунин аст хости Худо дар ҳаққи шумо дар Масеҳ Исо. |
|
| 19 |
|
| Рӯҳро хомӯш накунед. |
|
| 20 |
|
| Пайғамбариҳоро хор нашуморед. |
|
| 21 |
|
| Ҳама чизро озмоиш кунед, чизи хубро нигоҳ доред. |
|
| 22 |
|
| Аз ҳар гуна бадӣ худдорӣ кунед. |
|
| 23 |
|
| Худи Худои осоиш шуморо комилан муқаддас гардонад ва рӯҳу ҷону тани шумо ҳангоми омадани Худованди мо Исои Масеҳ пурра беайб нигоҳ дошта шавад. |
|
| 24 |
|
| Даъваткунандаи шумо бовафо аст ва инро ба амал меоварад. |
|
| 25 |
|
| Эй бародарон, барои мо дуо гӯед. |
|
| 26 |
|
| Ба ҳамаи бародарон бо бӯсаи муқаддас салом расонед. |
|
| 27 |
|
| Шуморо ба ҳузури Худованд қасам медиҳам, ки ин номаро ба ҳамаи бародарони муқаддас хонед. |
|
| 28 |
|
| Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод. Омин. |
|
|
|
|