|
| 1 |
|
| Пирамардро сарзаниш накун, балки чун падар насиҳат деҳ; ҷавононро чун бародарон; |
|
| 2 |
|
| пиразанонро чун модарон; ҷавонзанонро чун хоҳарон, бо камоли покӣ. |
|
| 3 |
|
| Бевазанонро, ки ҳақиқатан бевазанон бошанд, эҳтиром намо. |
|
| 4 |
|
| Вале агар бевазане соҳиби фарзандон ва ё набераҳо бошад, онҳо аввал нисбат ба оилаи худ худотарс буданро ёд гиранд ва падару модаронро қадрдонӣ кунанд, зеро ин писандидаи Худост. |
|
| 5 |
|
| Бевазани ҳақиқӣ ва бекас ба Худо умед мебандад ва шабу рӯз ба зорӣ ва дуо машғул аст, |
|
| 6 |
|
| лекин бевазане ки дар айшу нӯш умр мегузаронад, зинда ба зинда мурда аст. |
|
| 7 |
|
| Ҳаминро ба онҳо фармо, то беайб бошанд. |
|
| 8 |
|
| Аммо агар касе ба хешу табораш ва хусусан ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимон бадтар аст. |
|
| 9 |
|
| Ба рӯйхат номи бевазане сабт шавад, ки синну солаш аз шаст кам набошад ва як шавҳар карда бошад |
|
| 10 |
|
| ва дар бораи корҳои некаш шаҳодате дошта бошад: фарзандонро тарбия дода, ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирӣ намуда ва ҳар кори некро пайравӣ карда бошад. |
|
| 11 |
|
| Лекин бевазанони ҷавонтарро рад кун, зеро вақте ки шаҳват онҳоро аз Масеҳ дур месозад, шавҳар кардан мехоҳанд; |
|
| 12 |
|
| бинобар ин маҳкум мешаванд, чунки имони пештараро рад кардаанд. |
|
| 13 |
|
| Ва илова бар ин, хона ба хона гашта, омӯхта мешаванд, ки бекор бошанд, ва на танҳо бекор, балки низ сергап ва кунҷков, ки суханони ношоиста мегӯянд. |
|
| 14 |
|
| Пас, хоҳиши ман ин аст, ки ҷавонзанон шавҳар кунанд, бача зоянд, бо рӯзгори хона машғул шаванд ва ба душман ҳеҷ асосе надиҳанд, ки бадгӯӣ кунад; |
|
| 15 |
|
| зеро аллакай баъзеи онҳо аз пайи шайтон рафта, гумроҳ шудаанд. |
|
| 16 |
|
| Агар мард ё зани имондоре бевазанон дошта бошад, бигзор ба онҳо мадад расонад ва бар ҷамоат гаронӣ накунад, то ҷамоат ба бевазанони ҳақиқӣ мадад расонда тавонад. |
|
| 17 |
|
| Пироне ки нағз сардорӣ мекунанд, эҳтироми дучандро сазоворанд, хусусан онҳое ки дар калом ва таълим меҳнат мекунанд, |
|
| 18 |
|
| зеро Китоб мегӯяд: “Даҳони барзаговеро, ки хирман мекӯбад, набанд”; ва: “Меҳнаткаш сазовори музди худ аст”. |
|
| 19 |
|
| Шикоятро дар ҳаққи пире, бе он ки ду ё се шоҳид бошад, қабул накун. |
|
| 20 |
|
| Онҳоеро, ки гуноҳ мекунанд, дар ҳузури ҳама сарзаниш кун, то дигарон низ тарсанд. |
|
| 21 |
|
| Дар пеши Худо ва Худованд Исои Масеҳ ва фариштаҳои интихобшуда туро қасам медиҳам, ки инро бе пешдоварӣ риоя намоӣ ва ҳеҷ кореро бо рӯйбинӣ накунӣ. |
|
| 22 |
|
| Дастҳоро бар ҳеҷ кас шитобкорона нагузор ва ба гуноҳҳои дигарон шарик нашав; худро пок нигоҳ дор. |
|
| 23 |
|
| Дигар фақат об нанӯш, балки барои меъдаат ва нотобиҳои зиёди худ каме май ба кор бар. |
|
| 24 |
|
| Гуноҳҳои баъзе касон ошкоранд ва рост сӯи маҳкумият мебаранд, лекин гуноҳҳои дигарон баъдтар ошкор мешаванд. |
|
| 25 |
|
| Ҳамчунин корҳои нек ошкоранд, ва агар ин тавр набошанд ҳам, пинҳон монда наметавонанд. |
|
|
|
|