|
| 1 |
|
| Ва инро бидон, ки дар рӯзҳои охирин замонҳои сахт фаро мерасанд. |
|
| 2 |
|
| Зеро одамон худпараст мешаванд, пулпараст, лофзан, мағрур, бадзабон, беитоат ба падару модарон, кӯрнамак, нопок, |
|
| 3 |
|
| бемеҳр, номуросо, ғайбатгар, бепарҳез, бераҳм, душмани некӣ, |
|
| 4 |
|
| хиёнаткор, берӯй, ҳавобаланд, ки дилхуширо бештар аз Худо дӯст медоранд |
|
| 5 |
|
| ва намуди зоҳирии худотарсиро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо. |
|
| 6 |
|
| Зеро ба онҳо касоне тааллуқ доранд, ки бо ҳила ба хонаҳо даромада, занони сабукфикреро фирефта мекунанд, ки дар гуноҳҳо ғӯтидаанд, ба ҳавасҳои гуногун моил шудаанд. |
|
| 7 |
|
| Ин занон ҳамеша таълим мегиранд, вале ҳаргиз ба дониши ростӣ расида наметавонанд. |
|
| 8 |
|
| Чунон ки Янис ва Ямбрис ба муқобили Мусо бархеста буданд, онҳо низ, ки мардуми олудафикр ва дар имон ноком мебошанд, ба муқобили ростӣ бармехезанд. |
|
| 9 |
|
| Аммо бисёр комёб намешаванд, зеро аблаҳии онҳо ба ҳама ошкор мешавад, чунон ки бо он /ду/ низ шуда буд. |
|
| 10 |
|
| Лекин ту таълим, рафтор, мақсад, имон, тоқат, муҳаббат ва сабри маро медонӣ, |
|
| 11 |
|
| /ҳамчунин/ таъқибот ва азобҳоеро, ки дар Антокия, Қуния ва Листра ба сари ман омаданд. Чунин таъқиботро ман аз сар гузарондам, ва Худованд маро аз ҳамаи инҳо халосӣ дод. |
|
| 12 |
|
| Ва ҳамаи онҳое ки мехоҳанд бо худотарсӣ дар Масеҳ Исо зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор мешаванд. |
|
| 13 |
|
| Вале одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, гумроҳ мекунанд ва гумроҳ мешаванд. |
|
| 14 |
|
| Лекин ту дар он чи омӯхтаӣ ва аз он дилпур ҳастӣ, пойдор бош, чун медонӣ аз кӣ онро омӯхтаӣ |
|
| 15 |
|
| ва аз кӯдакӣ Китоби Муқаддасро медонӣ, ки метавонад туро ҳикмат омӯзад барои наҷот ба воситаи имоне ки дар Масеҳ Исо аст. |
|
| 16 |
|
| Тамоми Китоб аз рӯи илҳоми Худост ва барои омӯзиш, барои сарзаниш, барои ислоҳ, барои тарбия дар росткорӣ фоиданок аст, |
|
| 17 |
|
| то одами Худо комил гардида, ба ҳар кори нек муҳайё шавад. |
|
|
|
|