Китоби Муқаддас 1999
|
| 1 |
| Бигзор бародардӯстӣ барқарор бошад. |
| 2 |
| Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед, зеро ба воситаи он баъзе касон надониста фариштаҳоро меҳмон кардаанд. |
| 3 |
| Бандиёнро ба ёд оваред, гӯё шумо низ бо онҳо бандӣ бошед, ва ситамкашонро, чунон ки худатон бо онҳо як бадан мебошед. |
| 4 |
| Бигзор заношӯӣ дар назари ҳама муҳтарам бошад, ва ҷойхоби он беайб; фосиқон ва зинокоронро Худо доварӣ мекунад. |
| 5 |
| Рафторатон аз пулпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро Худи Ӯ гуфтааст: “Аз ту даст намекашам ва туро тарк намекунам”. |
| 6 |
| Бинобар ин мо метавонем далерона гӯем: “Худованд мададгори ман аст, пас, наметарсам; Одамизод ба ман чӣ метавонад кунад?” |
| 7 |
| Роҳбарони худро, ки каломи Худоро ба шумо гуфтаанд, ба ёд оваред: ба анҷоми рафтори онҳо назар карда, ба имонашон тақлид намоед. |
| 8 |
| Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад ҳамон аст. |
| 9 |
| Бо таълимотҳои гуногун ва бегона аз роҳ берун нашавед; зеро хуб аст, ки дил бо файз устувор гардад, на бо хӯрокҳое ки аз онҳо касоне ки мехӯрданд, фоидае надидаанд. |
| 10 |
| Мо қурбонгоҳе дорем, ки хизматгузорони хайма ҳақ надоранд чизе аз он хӯранд. |
| 11 |
| Зеро ҷасадҳои ҳайвонҳое ки хунашонро саркоҳин ба хотири гуноҳ ба макони муқаддас меоварад, берун аз бошишгоҳ сӯзонда мешаванд. |
| 12 |
| Бинобар ин Исо низ берун аз дарвоза азоб кашид, то қавмро бо хуни Худ муқаддас гардонад. |
| 13 |
| Пас, хории Ӯро бардошта, берун аз бошишгоҳ сӯи Ӯ бароем; |
| 14 |
| зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем. |
| 15 |
| Пас, ҳамеша ба воситаи Ӯ қурбонии шукронаро ба Худо тақдим намоем, яъне самари лабҳоеро, ки ба номи Ӯ ҳамду сано мехонанд. |
| 16 |
| Инчунин некӯкорӣ ва кушодадастиро аз хотир набароред, зеро ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меоянд. |
| 17 |
| Ба роҳбарони худ итоаткор ва фармонбардор бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадоранд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодӣ ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ин барои шумо фоиданок нест. |
| 18 |
| Дар ҳаққи мо дуо гӯед; зеро дилпур ҳастем, ки виҷдони нек дорем, чунки аз ҳар ҷиҳат мехоҳем сарбаландона рафтор кунем. |
| 19 |
| Ва махсусан ба ҷо овардани инро илтимос менамоям, то ки зудтар назди шумо баргардонда шавам. |
| 20 |
| Ва Худои осоиш, ки Чӯпони бузурги гӯсфандон — Худованди мо Исоро бо хуни аҳди абадӣ аз мурдагон ба по хезонд, |
| 21 |
| бигзор шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои хости Ӯ комил гардонад ва он чи ба Ӯ писандида бошад, дар шумо ба воситаи Исои Масеҳ ба амал оварад, ки Ӯро то абад ҷалол бод! Омин. |
| 22 |
| Аз шумо, эй бародарон, илтимос менамоям, ки ин каломи насиҳатро қабул кунед, зеро ба шумо мухтасар навиштаам. |
| 23 |
| Донед, ки бародар Тимотиюс озод шуд; агар ӯ зуд биёяд, ҳамроҳи ӯ ба дидани шумо меоям. |
| 24 |
| Ба ҳамаи роҳбарони худ ва ба ҳамаи муқаддасон салом расонед. Онҳое ки аз Италия ҳастанд, ба шумо салом мерасонанд. |
| 25 |
| Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин. |
|
| Захираҳо |
https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/hebrews/013.mp3
13
13