|
| 1 |
|
| Бинобар ин, каломи ибтидоии Масеҳро монда, сӯи камол пеш равем ва аз нав асос нагузорем бо тавба аз амалҳои беҷон ва бо имон ба Худо, |
|
| 2 |
|
| бо таълимот оид ба шустушӯйҳо, оид ба гузоштани дастҳо, оид ба растохези мурдагон ва оид ба доварии абадӣ. |
|
| 3 |
|
| Ва инро ба ҷо оварем, агар Худо иҷозат диҳад. |
|
| 4 |
|
| Зеро касоне ки боре /фикрашон/ равшан шудааст, ва атои осмониро чашидаанд, ва аз Рӯҳулқудс баҳраманд гардидаанд, |
|
| 5 |
|
| ва каломи неки Худо ва қувваҳои давраи ояндаро чашидаанд, |
|
| 6 |
|
| ва ҷудо шуда афтодаанд, — онҳоро аз нав ба роҳи тавба андохтан имконнопазир аст, зеро онҳо Писари Худоро ба зарари худашон боз ба салиб мекашанд ва беобрӯ месозанд. |
|
| 7 |
|
| Зеро замине ки борҳо борони бар он меборидаро мехӯрад ва барои онҳое ки онро кор мекунанд, растании фоиданоке мерӯёнад, аз Худо баракат меёбад; |
|
| 8 |
|
| вале замине ки хору хас мерӯёнад, нобоб буда, ба лаънат наздик аст, ва оқибати он сӯхтан аст. |
|
| 9 |
|
| Аммо дар хусуси шумо, эй азизон, мо дилпур ҳастем, ки дар ҳолати беҳтар ва ба наҷот пайваст мебошед, гарчанде ки ин гуна сухан мегӯем. |
|
| 10 |
|
| Зеро Худо беинсоф нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба номи Ӯ нишон дода, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад. |
|
| 11 |
|
| Лекин орзумандем, ки ҳар яке аз шумо ҳамин ғайратро то ба охир нишон диҳед, то умедатон комилан ҳосил шавад; |
|
| 12 |
|
| ва танбал нашавед, балки ба касоне тақлид кунед, ки ба воситаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо мегарданд. |
|
| 13 |
|
| Зеро ҳангоме ки Худо ба Иброҳим ваъда дод, азбаски ба каси бузургтаре наметавонист қасам ёд кунад, ба Зоти Худ қасам ёд кард |
|
| 14 |
|
| ва гуфт: “Ҳақиқатан туро бисёр баракат медиҳам ва туро хеле афзун мекунам”. |
|
| 15 |
|
| Ва ҳамин тавр /Иброҳим/ пас аз он ки пурсаброна интизорӣ кашид, иҷрои ваъдаро дид. |
|
| 16 |
|
| Зеро одамон бо он ки бузургтар аст, қасам ёд мекунанд, ва қасам исботи он аст, ки ҳама баҳси онҳо хотима ёфтааст. |
|
| 17 |
|
| Бинобар ин Худо, ки мехост тағйирнопазирии хости Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд, |
|
| 18 |
|
| то бо ду чизи тағйирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеди пешниҳодшуда часпидаем, тасаллии пурзӯре бошад. |
|
| 19 |
|
| Он /умед/ барои ҷони мо мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст, ва ба андаруни паси парда роҳ меёбад, |
|
| 20 |
|
| ки ба он ҷо Пешгузаштаи мо Исо роҳ ёфта, то абад аз рӯи мартабаи Малкисадақ Саркоҳин гардид. |
|
|
|
|