|
| 1 |
|
| Эй бародарони ман! Бисёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба доварии бештаре дучор мешавем, |
|
| 2 |
|
| зеро ки ҳамаи мо бисёр хато мекунем. Касе ки дар сухан хато намекунад, вай марди комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми баданро кашад. |
|
| 3 |
|
| Инак, мо ба даҳони аспҳо лаҷом меандозем, то ба мо итоат кунанд, ва тамоми бадани онҳоро идора мекунем. |
|
| 4 |
|
| Инак, киштиҳо низ, ҳарчанд бузург бошанд ва ҳарчанд бо бодҳои пурзӯр ронда шаванд ҳам, ба воситаи суккони хурде, ба куҷое ки суккондор хоҳад, равона карда мешаванд. |
|
| 5 |
|
| Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисёр лоф мезанад. Бубин, оташи хурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад. |
|
| 6 |
|
| Забон низ оташ аст, ҷаҳонест аз норостӣ. Забон дар миёни узвҳои мо чунин гузошта шудааст: тамоми баданро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад ва худаш аз дӯзах оташ мегирад. |
|
| 7 |
|
| Зеро ки ҳама гуна дарандагон ва парандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром шудаанд, |
|
| 8 |
|
| валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он бадиест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар. |
|
| 9 |
|
| Бо он мо Худо ва Падарро ситоиш мекунем, ва бо он мо одамонро, ки ба сурати Худо офарида шудаанд, дашном медиҳем. |
|
| 10 |
|
| Аз айни як даҳон ситоиш ва дашном мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад. |
|
| 11 |
|
| Оё аз як сӯрохи чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби талх ҷорӣ мешавад? |
|
| 12 |
|
| Эй бародарони ман, магар дарахти анҷир метавонад зайтун оварад, ё токи ангур анҷир? Ҳамчунин як чашма наметавонад оби шӯр ва ширин диҳад. Ҷангу ҷидол |
|
| 13 |
|
| Кист хирадманд ва бофаҳм байни шумо? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад. |
|
| 14 |
|
| Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талх ва худсарӣ доред, фахр накунед ва зидди ростӣ дурӯғ нагӯед. |
|
| 15 |
|
| Ин ҳикмате нест, ки аз боло фуруд омада бошад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад; |
|
| 16 |
|
| зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост. |
|
| 17 |
|
| Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан пок аст, сипас осоишта, меҳрубон, насиҳатпазир, пур аз марҳамат ва самарҳои нек, бе ғараз ва дурӯягӣ мебошад. |
|
| 18 |
|
| Ва самари росткорӣ дар осоиш кошта мешавад барои онҳое ки осоишро ба амал меоваранд. |
|
|
|
|