× Забон Аврупо Русӣ Беларуссия Украинӣ Лаҳистонӣ Сербӣ Булғорӣ Словакия Чехӣ Руминӣ Молдавӣ Озарбойҷон Арманӣ Гурҷӣ Албания Авар Бошқирӣ Тоторӣ Чечен Словенӣ Хорватӣ Эстонӣ Латвия Литва Маҷористонӣ Финӣ Норвегӣ Шведӣ Исландӣ Юнонӣ Мақдунӣ Олмонӣ Бавария Голландия Даниягӣ Уелсӣ Галикӣ Ирландӣ Фаронсавӣ Баскӣ Каталонӣ Италия Галасӣ Романӣ Bosnian Америкаи Шимолӣ Англисӣ Амрикои Ҷанубӣ Испанӣ Португалӣ Гуарани Кечуан Аймара Амрикои Марказӣ Ямайка Нахуатл Киче Qeqchi Ҳаитӣ Осиёи Шарқӣ Чинӣ Ҷопонӣ Корея Муғулӣ Уйғур Хмонг Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Малайзия Бирма Чин Непалӣ Себуано Тагалогӣ Камбоҷа Таиландӣ Индонезӣ Ветнамӣ Ёвон Лао Ибан Иу Миен Качин Лаҳу Aceh Balinese Bugis Pampanga Sasak Shan Waray Осиёи Ҷанубӣ Ҳиндӣ Одия Авадҳӣ Мизо Каннада Малаяламӣ Маратҳӣ Гуҷаратӣ Тамилӣ Телугу Панҷобӣ Курух Ассамӣ Майтхили Бенгалӣ Урду Сингалӣ Догри Харянви Метеи Конканӣ Сантали Синдҳӣ Коя Тадо Деванагари санскритӣ Adilabad Gondi Ahirani Балочи Bundeli Chhattisgarhi Garhwali Kangri Kumaoni Mewari Munda Sadri Seraiki Shekhawati Sylheti Осиёи Миёна Қирғизҳо Узбекӣ Тоҷикӣ Туркманӣ Қазоқистон Karakalpak Ховари Миёна Туркӣ Ибронӣ Арабӣ Форсӣ Курдӣ Пашту Қоптӣ Африка Африқоӣ Хоса Зулу Ндебеле Сотхо Амҳарикӣ Волайтта Нигерия Мосси Ика Динка Кобил Меш Суахили Марокаш Сомалӣ Шона Мадагаскар Игво Лингала Баул Сисвати Тсонга Тсвана Гамбия Ёруба Камба Кинарванда Ҳауса Чева Луо Макуа Дюла Фулфулде Каленжин Фулфулде Кикванго Кирунди Крио Пиджини Нигерия Оромо Тшилуба Тшивенда Тви Умбунду Лугбара Лугуру Pular Гусси Маасай Туркана Моба Нуэр Шиллук Тамашек Маконде Bemba Fon Hadiyya Ibibio Kimbundu Kimiiru Lango Liberian Kreyol Lomwe Mende Morisyen Ndau Nyankole Sena Sidamo Soga Songe Sukuma Tarifit Teso Tiv Zande Dagbani Австралия қитъа Зеландияи Нав Папуа Гвинеяи Нав Забонҳои қадимӣ Арамӣ Лотинӣ Эсперанто 1 1 1 1999 1999Китоби Муқаддас 1992Оммафаҳм1 1 1 Луқо МаттоМарқӯсЛуқоЮҳанноАъмоли ҲаввориёнРумиён1 Қӯринтиён2 ҚӯринтиёнҒалотиёнЭфсӯсиёнФилиппиёнҚӯлассиён1 Таслӯникиён2 Таслӯникиён1 Тимотиюс2 ТимотиюсТитусФилемӯнИбриёнЯъқуб1 Петрус2 Петрус1 Юҳанно2 Юҳанно3 ЮҳанноЯҳудоВаҳй Юҳанно1 1 1 1 1234567891011121314151617181920212223241 1 1 : 1 12345678910111213141516171819202122232425262728293031323334353637383940414243444546474849505152535455565758596061626364656667686970717273747576777879801 1 1 Китоби Муқаддас 1999 Луқо 1 Захираҳо 1Азбаски бисёр касон ба тартиб додани нақли рӯйдодҳое сар кардаанд, ки рӯй доданашон дар миёни мо пурра маълум аст,2чунон ки онҳое ки аз ибтидо шоҳидон ва ходимони Калом буданд, ба мо расондаанд,3ман низ раво донистам, ки ҳама чизро аз ибтидо бо диққат тадқиқ намуда, пайи ҳам барои ту, эй Теофилуси муҳтарам, нависам,4то ки боварибахш будани он чиро, ки омӯхтаӣ, донӣ.5Дар айёми Ҳиродус, подшоҳи Яҳудия, Закарё ном коҳине аз навбати Абиё буд, ва зани ӯ аз духтарони Ҳорун буда, Элишабаъ ном дошт.6Ҳар дуи онҳо пеши Худо росткор буданд ва аз рӯи тамоми фармудаҳо ва фаризаҳои Худованд бекаму кост рафтор мекарданд.7Онҳо фарзанд надоштанд, чунки Элишабаъ нозой буд, ва ҳар ду ба пиронсолагӣ расида буданд.8Боре, ҳангоме ки ӯ бо навбати худ пеши Худо коҳинӣ мекард,9мувофиқи одати коҳинӣ, қуръа ба номи ӯ баромад, ки ба ибодатхонаи Худованд даромада, бухур сӯзонад;10ва ҳангоми бухур сӯзонданаш тамоми анбӯҳи мардум дар берун дуо мегуфт.11Баногоҳ фариштаи Худованд бар ӯ намудор гардида, дар тарафи рости қурбонгоҳи бухур истод.12Закарё ӯро дида, тарсид ва ба ҳарос афтод.13Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Эй Закарё, натарс, чунки дуои ту шунида шудааст, ва зани ту Элишабаъ ба ту писаре мезояд, ва бояд номи ӯро Яҳё гузорӣ.14Ва туро шодмонӣ ва хурсандӣ насиб мешавад, ва бисёр касон ба таваллуди ӯ шодӣ мекунанд.15Зеро ӯ дар назди Худованд бузург мешавад, ва май ва шароб наменӯшад, ва аз шиками модари худ аз Рӯҳулқудс пур мешавад,16ва бисёр касонро аз банӣ-Исроил ба Худованд Худои онҳо бозмегардонад.17Ва пешопеши Ӯ бо рӯҳ ва қуввати Илёс қадам мезанад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандон ва саркашонро ба хиради росткорон баргардонад ва халқи дурусте барои Худованд омода намояд».18Закарё ба фаришта гуфт: «Инро аз рӯи чӣ донам? Зеро ман пир ҳастам, ва зани ман низ ба пиронсолагӣ расидааст».19Фаришта дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ман Ҷаброил ҳастам, ки дар ҳузури Худо меистам, ва фиристода шудаам барои он ки ба ту сухан ронам ва ин хабари хушро ба ту расонам.20Ва инак, забонат лол шуда, то рӯзи ба амал омадани ин ту гап зада наметавонӣ, зеро ба суханони ман, ки дар вақти худ иҷро мешаванд, бовар накардӣ».21Дар ин миён мардум мунтазири Закарё буданд ва ҳайрон буданд, ки ӯ дар ибодатхона дер мекунад.22Ва ҳангоме ки берун омад, ба онҳо гап зада натавонист, ва онҳо фаҳмиданд, ки ӯ дар ибодатхона рӯъёе дидааст; ва ӯ ба онҳо имову ишора мекард, ва забонаш лол шуда буд.23Ҳангоме ки рӯзҳои хизматаш ба анҷом расиданд, ба хонаи худ рафт.24Ва пас аз он рӯзҳо зани ӯ, Элишабаъ, ҳомила шуда, панҷ моҳ худро аз ҳама пинҳон дошт, ва гуфт:25«Дар ин рӯзҳо Худованд назар карда, ба ман чунин амал кард, то ки нанги маро аз миёни мардум бардорад».26Ва дар моҳи шашум Ҷаброили фаришта аз ҷониби Худо ба Носира ном шаҳри Ҷалил фиристода шуд27назди бокирае ки номзади Юсуф ном марде аз хонадони Довуд буд; ва номи он бокира Марям буд.28Ва фаришта назди вай даромада, гуфт: «Салом бар ту, эй пурфайз! Худованд бо туст; ту дар миёни занон муборак ҳастӣ».29Аммо вай ӯро дида, аз суханонаш парешон шуд ва дар дили худ гуфт, ки ин чӣ саломе бошад.30Ва фаришта ба вай гуфт: «Эй Марям, натарс, чунки ту назди Худо файз ёфтаӣ;31ва инак, ҳомила шуда, Писаре мезоӣ, ва бояд номи Ӯро Исо гузорӣ.32Ӯ бузург мешавад ва Писари Ҳаққи Таоло номида мешавад; ва Худованд Худо тахти падараш Довудро ба Ӯ медиҳад;33ва Ӯ бар хонадони Яъқуб то абад подшоҳӣ мекунад, ва подшоҳии Ӯ поён нахоҳад дошт».34Марям ба фаришта гуфт: «Ин чӣ гуна мешавад, дар ҳоле ки ман бо марде набудам?»35Фаришта дар ҷавоби вай гуфт: «Рӯҳулқудс бар ту меояд, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя меафканад; бинобар ин он Зодаи Муқаддас ҳам Писари Худо номида мешавад.36Инак, хеши ту, Элишабаъ, ки ӯро нозой меноманд, ӯ низ дар пирии худ писаре дар шикам дорад, ва ҳоло моҳи шашуми ӯст;37зеро назди Худо ҳеҷ чиз ғайриимкон нест».38Марям гуфт: «Инак, канизи Худованд ҳастам; бигзор бо ман аз рӯи сухани ту шавад». Ва фаришта аз пеши вай рафт.39Дар он рӯзҳо Марям роҳсипор шуда, бо шитоб ба шаҳре рафт, ки дар кӯҳистони Яҳудо аст,40ва ба хонаи Закарё даромада, ба Элишабаъ салом гуфт.41Ва чун Элишабаъ саломи Марямро шунид, бача дар шикамаш ба ҷунбиш омад; ва Элишабаъ аз Рӯҳулқудс пур шуд,42ва бо овози баланд хитоб намуда, гуфт: «Ту дар миёни занон муборак ҳастӣ, ва муборак аст самари шиками ту!43Ва ин ба ман аз куҷост, ки модари Хоҷаам назди ман омадааст?44Зеро ҳамин ки садои саломи ту ба гӯшам расид, бача аз шодӣ дар шикамам ба ҷунбиш омад.45Ва хушо он ки бовар кардааст, чунки он чи аз ҷониби Худованд ба вай гуфта шудааст, ба амал меояд».46Ва Марям гуфт: «Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад,47Рӯҳи ман аз Худои Наҷотдиҳандаи ман ба ваҷд омад,48Ки Ӯ ба канизи ночизи Худ назар кардааст; Зеро минбаъд ҳамаи наслҳо маро хушбахт мехонанд.49Зеро Зӯрофарин корҳои бузурге барои ман кардааст, Ва номи Ӯ қуддус аст,50Ва марҳамати Ӯ насл ба насл барои касонест, Ки аз Ӯ метарсанд.51Қуввати бозуи Худро нишон медиҳад; Онҳоеро, ки дар андешаҳои дил мағруранд, пароканда мекунад.52Зӯрмандонро аз тахтҳо сарнагун месозад Ва шахсони ночизро сарбаланд мегардонад;53Гуруснагонро бо чизҳои некӯ пур мекунад, Ва сарватмандонро дастхолӣ мефиристад;54Бандаи Худ Исроилро дастгирӣ мекунад, Ба хотири марҳамати Худ, —55Чунон ки ба падарони мо гуфтааст, — Ба Иброҳим ва насли ӯ то абад».56Ва Марям қариб се моҳ назди ӯ монд ва баъд ба хонаи худ баргашт.57Чун вақти зоидани Элишабаъ расид, ӯ писаре зоид.58Ва ҳамсояҳо ва хешу табори ӯ шуниданд, ки Худованд марҳамати Худро ба ӯ афзун кардааст, ва бо ӯ шод шуданд.59Ва дар рӯзи ҳаштум омаданд, ки кӯдакро хатна кунанд, ва мехостанд ӯро аз рӯи номи падараш Закарё ном монанд.60Лекин модараш дар ҷавоб гуфт: «Не, балки ӯ Яҳё номида шавад».61Ба вай гуфтанд: «Аз хешони ту касе нест, ки чунин ном дошта бошад».62Ва бо имову ишора аз падараш пурсиданд, ки ӯро чӣ ном ниҳодан мехоҳад.63Ӯ тахтачае талабида, бар он навишт: «Номи ӯ Яҳёст». Ва ҳама ҳайрон шуданд.64Дарҳол даҳон ва забони ӯ кушода шуд, ва ӯ ба сухан даромада, Худоро муборак хонд.65Ва ҳамаи ҳамсояҳои онҳо ба ҳарос афтоданд; ва тамоми ин воқеаро дар сар то сари кӯҳистони Яҳудия нақл мекарданд.66Ва ҳар кӣ мешунид, инро дар дили худ ҷо дода, мегуфт: «Ин кӯдак кӣ мешавад?» Ва дасти Худованд бо ӯ буд.67Падари ӯ, Закарё, аз Рӯҳулқудс пур шуд ва пайғамбарӣ намуда, гуфт:68«Муборак аст Худованд Худои Исроил, Ки ба дидори қавми Худ омада, ба он халосӣ додааст,69Ва барои мо шохи наҷот барпо кардааст Дар хонадони бандаи Худ Довуд,70Чунон ки аз қадим гуфтааст Бо забони пайғамбарони муқаддаси Худ,71Ки моро аз душманон наҷот медиҳад Ва аз дасти ҳамаи онҳое ки аз мо нафрат доранд;72Ба падарони мо марҳамат намуда, Аҳди муқаддаси Худро,73Қасамеро ба хотир меоварад, Ки Ӯ ба падари мо Иброҳим ёд карда буд,74Ва ба мо имконият медиҳад, Ки аз дасти душманони худ халос шуда, Бе тарс75ба Ӯ бо муқаддасӣ ва ростӣ ибодат кунем, Дар ҳолате ки тамоми рӯзҳои умри худ пеши Ӯ бошем.76Ва ту, эй кӯдак, пайғамбари Ҳаққи Таоло хонда мешавӣ, Чунки пешопеши Худованд қадам мезанӣ, то роҳҳои Ӯро омода кунӣ77Ва ба қавми Ӯ фаҳмонӣ, Ки наҷот дар бахшоиши гуноҳҳои онҳост,78Аз марҳамати дилсӯзонаи Худои мо, Ки Сапеда бо он аз олами боло ба дидори мо омад,79То ки касони дар торикӣ ва дар сояи марг нишастаро рӯшноӣ бахшад Ва пойҳои моро ба роҳи осоиш равона кунад».80Ва кӯдак калон шуда, рӯҳаш нерӯманд мегашт, ва то рӯзе ки ба Исроил падид омад, дар биёбон буд.Tajik NT Bible 1999 © Institute for Bible Translation, Stockholm Китоби Муқаддас 1999 Луқо 1 00:00:00 00:00:00 0.5x 2.0x https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/luke/001.mp3 24 1