× Забон Аврупо Русӣ Беларуссия Украинӣ Лаҳистонӣ Сербӣ Булғорӣ Словакия Чехӣ Руминӣ Молдавӣ Озарбойҷон Арманӣ Гурҷӣ Албания Авар Бошқирӣ Тоторӣ Чечен Словенӣ Хорватӣ Эстонӣ Латвия Литва Маҷористонӣ Финӣ Норвегӣ Шведӣ Исландӣ Юнонӣ Мақдунӣ Олмонӣ Бавария Голландия Даниягӣ Уелсӣ Галикӣ Ирландӣ Фаронсавӣ Баскӣ Каталонӣ Италия Галасӣ Романӣ Bosnian Америкаи Шимолӣ Англисӣ Амрикои Ҷанубӣ Испанӣ Португалӣ Гуарани Кечуан Аймара Амрикои Марказӣ Ямайка Нахуатл Киче Qeqchi Ҳаитӣ Осиёи Шарқӣ Чинӣ Ҷопонӣ Корея Муғулӣ Уйғур Хмонг Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Малайзия Бирма Чин Непалӣ Себуано Тагалогӣ Камбоҷа Таиландӣ Индонезӣ Ветнамӣ Ёвон Лао Ибан Иу Миен Качин Лаҳу Aceh Balinese Bugis Pampanga Sasak Shan Waray Осиёи Ҷанубӣ Ҳиндӣ Одия Авадҳӣ Мизо Каннада Малаяламӣ Маратҳӣ Гуҷаратӣ Тамилӣ Телугу Панҷобӣ Курух Ассамӣ Майтхили Бенгалӣ Урду Сингалӣ Догри Харянви Метеи Конканӣ Сантали Синдҳӣ Коя Тадо Деванагари санскритӣ Adilabad Gondi Ahirani Балочи Bundeli Chhattisgarhi Garhwali Kangri Kumaoni Mewari Munda Sadri Seraiki Shekhawati Sylheti Осиёи Миёна Қирғизҳо Узбекӣ Тоҷикӣ Туркманӣ Қазоқистон Karakalpak Ховари Миёна Туркӣ Ибронӣ Арабӣ Форсӣ Курдӣ Пашту Қоптӣ Африка Африқоӣ Хоса Зулу Ндебеле Сотхо Амҳарикӣ Волайтта Нигерия Мосси Ика Динка Кобил Меш Суахили Марокаш Сомалӣ Шона Мадагаскар Игво Лингала Баул Сисвати Тсонга Тсвана Гамбия Ёруба Камба Кинарванда Ҳауса Чева Луо Макуа Дюла Фулфулде Каленжин Фулфулде Кикванго Кирунди Крио Пиджини Нигерия Оромо Тшилуба Тшивенда Тви Умбунду Лугбара Лугуру Pular Гусси Маасай Туркана Моба Нуэр Шиллук Тамашек Маконде Bemba Fon Hadiyya Ibibio Kimbundu Kimiiru Lango Liberian Kreyol Lomwe Mende Morisyen Ndau Nyankole Sena Sidamo Soga Songe Sukuma Tarifit Teso Tiv Zande Dagbani Австралия қитъа Зеландияи Нав Папуа Гвинеяи Нав Забонҳои қадимӣ Арамӣ Лотинӣ Эсперанто 1 1 1 1999 1999Китоби Муқаддас 1992Оммафаҳм1 1 1 Юҳанно МаттоМарқӯсЛуқоЮҳанноАъмоли ҲаввориёнРумиён1 Қӯринтиён2 ҚӯринтиёнҒалотиёнЭфсӯсиёнФилиппиёнҚӯлассиён1 Таслӯникиён2 Таслӯникиён1 Тимотиюс2 ТимотиюсТитусФилемӯнИбриёнЯъқуб1 Петрус2 Петрус1 Юҳанно2 Юҳанно3 ЮҳанноЯҳудоВаҳй Юҳанно1 1 1 1 1234567891011121314151617181920211 1 1 : 1 1234567891011121314151617181920212223242526272829303132333435363738394041424344454647484950511 1 1 Китоби Муқаддас 1999 Юҳанно 1 Захираҳо 1Дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд.2Он дар ибтидо бо Худо буд.3Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт.4Дар Ӯ ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд.5Ва нур дар торикӣ медурахшад, ва торикӣ онро дарнаёфт.6Шахсе аз ҷониби Худо фиристода шуд; номаш Яҳё буд.7Вай барои шаҳодат омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад, то ҳама ба воситаи вай имон оваранд.8Вай он Нур набуд, балки бояд бар Нур шаҳодат медод.9Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро пурнур мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.10Ӯ дар ҷаҳон буд, ва ҷаҳон ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҷаҳон Ӯро нашинохт.11Ӯ ба мулки Худ омад, ва қавмаш Ӯро қабул накард.12Лекин ба онҳое ки Ӯро қабул карданд ва ба номи Ӯ имон оварданд, ҳақ дод, ки фарзандони Худо гарданд,13ки на аз хун, на аз хоҳиши ҷисм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.14Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли Писари ягонаи Падар аст.15Ва Яҳё бар Ӯ шаҳодат дод, ва нидо карда, мегуфт: «Ин аст он ки дар бораи Ӯ гуфтам: “Он ки пас аз ман меояд, аз ман бузургтар аст, зеро пеш аз ман будааст”».16Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо баҳраманд шудем, файз аз пайи файз;17чунки шариат ба воситаи Мусо дода шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.18Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро шиносонд.19Ва ин аст шаҳодати Яҳё ҳангоме ки яҳудиён аз Уршалим коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то аз вай пурсанд, ки «ту кистӣ?»20Вай иқрор кард ва инкор накард, балки эътироф намуд: «Ман Масеҳ нестам».21Аз вай пурсиданд: «Пас кистӣ? Оё Илёс ҳастӣ?» Гуфт: «Не». «Оё он пайғамбар ҳастӣ?» Ҷавоб дод: «Не».22Он гоҳ ба вай гуфтанд: «Пас кистӣ? То ба он касоне ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем: дар бораи худ чӣ мегӯӣ?»23Гуфт: «Ман “овози нидокунандае дар биёбонам: роҳи Худовандро рост кунед”, чунон ки Ишаъёи пайғамбар гуфтааст».24Он фиристодагон аз фарисиён буданд.25Ва онҳо аз вай пурсиданд: «Агар ту на Масеҳ ҳастӣ, на Илёс ва на он пайғамбар, пас барои чӣ таъмид медиҳӣ?»26Яҳё дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман бо об таъмид медиҳам; лекин дар миёни шумо Касе истодааст, ки шумо Ӯро намешиносед:27Ӯ он аст, ки пас аз ман меояд, аммо бар ман бартарӣ ёфтааст; ва ман сазовори он нестам, ки банди пойафзоли Ӯро кушоям».28Ин дар Байт-Абора, ки он тарафи Урдун аст, дар ҷое ки Яҳё таъмид медод, рӯй дод.29Фардои он, Яҳё Исоро дид, ки ба сӯи вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад;30ин аст Он ки ман дар бораи Ӯ гуфтам: “Пас аз ман марде меояд, ки бар ман бартарӣ ёфтааст, зеро пеш аз ман будааст”;31ман Ӯро намешинохтам; лекин барои он ки Ӯ ба Исроил ошкор гардад, омадам ва бо об таъмид медодам».32Ва Яҳё шаҳодат дода, гуфт: «Ман Рӯҳро дидам, ки чун кабӯтаре аз осмон фуруд омада, бар Ӯ қарор гирифт;33ман Ӯро намешинохтам; лекин Он ки маро фиристод, то бо об таъмид диҳам, ба ман гуфт: “Бар Касе бинӣ, ки Рӯҳ фуруд омада, бар Ӯ қарор гирифт, Ӯ Ҳамон аст, ки бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад”.34Ва ман дида, шаҳодат додам, ки Ӯ Писари Худост».35Фардои он, боз Яҳё бо ду шогирди худ истода буд.36Чун дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт: «Инак Барраи Худо».37Он ду шогирд суханони вайро шунида, аз пайи Исо равона шуданд.38Исо ба ақиб нигоҳ карда, дид, ки онҳо меоянд, ва гуфт: «Чӣ мехоҳед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Раббӣ (ки тарҷумааш «эй Устод» аст), дар куҷо истиқомат дорӣ?»39Ӯ ба онҳо гуфт: «Биёед ва бинед». Онҳо омаданд ва диданд, ки дар куҷо истиқомат дорад, ва он рӯз назди Ӯ монданд. Тақрибан соат даҳ буд.40Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз пайи Ӯ омада буданд, Андриёс, бародари Шимъуни Петрус буд.41Ин шахс аввал бародари худ Шимъунро ёфта, ба вай гуфт: «Мо Масеҳро (ки тарҷумааш “масҳшуда” аст) ёфтем».42Вайро назди Исо овард. Исо ба вай нигариста, гуфт: «Ту Шимъун, писари Юнус ҳастӣ; акнун номат Кифо мешавад (ки тарҷумааш “Петрус” аст)».43Фардои он, Исо хост ба Ҷалил равад, ва Филиппусро ёфта, ба вай гуфт: «Аз пайи Ман биё».44Филиппус аз Байт-Сайдо, аз шаҳри Андриёс ва Петрус буд.45Филиппус Натанъилро ёфта, ба вай гуфт: «Он Касеро, ки дар бораи Ӯ Мусо дар Таврот ва пайғамбарон навиштаанд, ёфтаем. Ӯ Исо, писари Юсуф, аз Носира аст».46Вале Натанъил ба вай гуфт: «Оё аз Носира чизи некӯе буда метавонад?» Филиппус ба вай гуфт: «Биё ва бин».47Исо чун дид, ки Натанъил сӯи Ӯ меояд, дар бораи вай гуфт: «Инак исроилии ҳақиқӣ, ки дар вай фиребе нест».48Натанъил ба Ӯ гуфт: «Маро аз куҷо мешиносӣ?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад, ҳангоме ки зери дарахти анҷир будӣ, Ман туро дидам».49Натанъил дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ту Писари Худоӣ, Ту Подшоҳи Исроил ҳастӣ».50Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Оё азбаски ба ту гуфтам, ки туро зери дарахти анҷир дидам, имон меоварӣ? Чизҳои бузургтар аз ин хоҳӣ дид».51Ва ба вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: минбаъд осмонро кушода ва фариштаҳои Худоро, ки бар Писари Одам болову поён мераванд, мебинед».Tajik NT Bible 1999 © Institute for Bible Translation, Stockholm Китоби Муқаддас 1999 Юҳанно 1 00:00:00 00:00:00 0.5x 2.0x https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/john/001.mp3 21 1