× Забон Аврупо Русӣ Беларуссия Украинӣ Лаҳистонӣ Сербӣ Булғорӣ Словакия Чехӣ Руминӣ Молдавӣ Озарбойҷон Арманӣ Гурҷӣ Албания Авар Бошқирӣ Тоторӣ Чечен Словенӣ Хорватӣ Эстонӣ Латвия Литва Маҷористонӣ Финӣ Норвегӣ Шведӣ Исландӣ Юнонӣ Мақдунӣ Олмонӣ Бавария Голландия Даниягӣ Уелсӣ Галикӣ Ирландӣ Фаронсавӣ Баскӣ Каталонӣ Италия Галасӣ Романӣ Bosnian Kabardian Америкаи Шимолӣ Англисӣ Амрикои Ҷанубӣ Испанӣ Португалӣ Гуарани Кечуан Аймара Амрикои Марказӣ Ямайка Нахуатл Киче Qeqchi Ҳаитӣ Осиёи Шарқӣ Чинӣ Ҷопонӣ Корея Муғулӣ Уйғур Хмонг Tibetian Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Малайзия Бирма Чин Непалӣ Себуано Тагалогӣ Камбоҷа Таиландӣ Индонезӣ Сунданӣ Ветнамӣ Ёвон Лао Ибан Иу Миен Качин Лаҳу Aceh Balinese Bugis Pampanga Sasak Shan Waray Madurese Осиёи Ҷанубӣ Ҳиндӣ Одия Авадҳӣ Мизо Каннада Малаяламӣ Маратҳӣ Гуҷаратӣ Тамилӣ Телугу Панҷобӣ Курух Ассамӣ Майтхили Бенгалӣ Урду Сингалӣ Догри Харянви Метеи Конканӣ Сантали Синдҳӣ Коя Тадо Деванагари санскритӣ Adilabad Gondi Ahirani Балочи Bundeli Chhattisgarhi Garhwali Kangri Kumaoni Mewari Munda Sadri Seraiki Shekhawati Sylheti Bagri Bhilali Bodo Braj Tulu Осиёи Миёна Қирғизҳо Узбекӣ Тоҷикӣ Туркманӣ Қазоқистон Karakalpak Ховари Миёна Туркӣ Ибронӣ Арабӣ Форсӣ Курдӣ Mazanderani Пашту Қоптӣ Африка Африқоӣ Хоса Зулу Ндебеле Сотхо Амҳарикӣ Волайтта Нигерия Мосси Ика Динка Кобил Меш Суахили Марокаш Сомалӣ Шона Мадагаскар Игво Лингала Баул Сисвати Тсонга Тсвана Гамбия Ёруба Камба Кинарванда Ҳауса Чева Луо Макуа Дюла Фулфулде Каленжин Фулфулде Кикванго Кирунди Крио Пиджини Нигерия Оромо Тшилуба Тшивенда Тви Умбунду Лугбара Лугуру Pular Гусси Маасай Туркана Моба Нуэр Шиллук Тамашек Маконде Bemba Fon Hadiyya Ibibio Kimbundu Kimiiru Lango Liberian Kreyol Lomwe Mende Morisyen Ndau Nyankole Sena Sidamo Soga Songe Sukuma Tarifit Teso Tiv Zande Dagbani Edo Kituba Австралия қитъа Зеландияи Нав Папуа Гвинеяи Нав Забонҳои қадимӣ Арамӣ Лотинӣ Эсперанто 1 1 1 1999 1999Китоби Муқаддас 1992Оммафаҳм1 1 1 Эфсӯсиён МаттоМарқӯсЛуқоЮҳанноАъмоли ҲаввориёнРумиён1 Қӯринтиён2 ҚӯринтиёнҒалотиёнЭфсӯсиёнФилиппиёнҚӯлассиён1 Таслӯникиён2 Таслӯникиён1 Тимотиюс2 ТимотиюсТитусФилемӯнИбриёнЯъқуб1 Петрус2 Петрус1 Юҳанно2 Юҳанно3 ЮҳанноЯҳудоВаҳй Юҳанно1 1 1 4 1234561 1 1 : 1 12345678910111213141516171819202122232425262728293031321 1 1 Китоби Муқаддас 1999 Эфсӯсиён 4 Захираҳо 1Пас ман, ки дар Худованд бандӣ ҳастам, аз шумо хоҳишмандам, ки шоистаи даъвате ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед,2бо тамоми фурӯтанӣ ва ҳалимӣ ва бо пурсабрӣ якдигарро дар муҳаббат бардошт намоед,3ва саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро бо банди осоиш нигоҳ доред:4Як бадан ҳаст ва як Рӯҳ, чунон ки низ ба як умеди даъвати худ хонда шудаед;5як Худованд ҳаст, як имон, як таъмид,6як Худо ва Падари ҳама, ки Ӯ бар болои ҳама ва ба воситаи ҳама ва дар ҳамаи мо мебошад.7Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст.8Бинобар ин гуфта шудааст: “Ба афроз боло рафта, Асиронро ба асирӣ бурд Ва ба одамон атоҳо дод”.9Ва “боло рафт” /гуфтан/ чист, ғайр аз ин ки Ӯ пештар ба ҷойҳои пасттари замин фуруд ҳам омада буд?10Он ки фуруд омада буд, Ҳамон аст, ки болотар аз тамоми осмонҳо боло ҳам рафт, то ҳама чизро пур кунад.11Ӯ баъзеро чун расул, баъзеро чун пайғамбар, баъзеро чун башоратдиҳанда, баъзеро чун шубон ва муаллим дод,12барои такмили муқаддасон, ба кори хизмат, барои обод намудани бадани Масеҳ,13то даме ки ҳамаамон ба ягонагии имон ва шиносоии Писари Худо, ба /дараҷаи/ марди комил, ба андозаи бузургии пурраи Масеҳ расем,14то мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонда ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамоне ки бо фиреби ҳила гумроҳ мекунанд,15балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз сӯи Он ки Сар аст, яъне сӯи Масеҳ нашъунамо кунем.16Аз Ӯ тамоми бадан ба воситаи ҳар гуна пайвандҳои нигоҳдоранда мустаҳкам ва пайваст шуда, ба андозаи амали ҳар як узв нашъунамо меёбад, то худро дар муҳаббат обод кунад.17Пас инро мегӯям ва дар Худованд гувоҳӣ медиҳам, ки шумо акнун он гуна рафтор накунед, ки халқҳои дигар аз рӯи хаёлоти ҳеҷу пучи худ рафтор мекунанд.18Ба сабаби нодонӣ ва дилсахтие ки ба онҳо хос аст, ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаанд.19Онҳо беҳис шуда, ба бадахлоқӣ дода шудаанд, ба тавре ки ҳар кори нопокро ҳарисона ба ҷо меоваранд.20Вале шумо Масеҳро ин тавр ёд нагирифтаед,21дар ҳоле ки Ӯро шунидаед ва дар Ӯ таълим гирифтаед, аз рӯи ростие ки дар Исо аст,22пас, аз ҷиҳати рафтори пештара одами кӯҳнаро, ки дар майлҳои дилфиреб вайрон мешавад, аз худ бадар кунед,23ва дар рӯҳи хиради худ нав шавед,24ва одами навро, ки ба сурати Худо дар росткорӣ ва муқаддасии ҳақиқӣ офарида шудааст, дар бар кунед.25Бинобар ин, дурӯғро аз худ бадар карда, “ҳар яке ба ёри худ рост гӯед”, чунки мо узвҳои якдигарем.26Агар хашмгин шуда бошед, гуноҳ накунед ва нагузоред, ки хашми шумо то ғуруби офтоб боқӣ монад;27ва ба иблис ҷой надиҳед.28Касе ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад, балки меҳнат карда, бо дастҳои худ кори фоиданоке ба ҷо оварад, то чизе дошта бошад, ки ба эҳтиёҷманде бахшад.29Ҳеҷ як сухани бад аз даҳонатон набарояд, балки танҳо сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷ барои обод кардан бошад, то ба шунавандагонаш файз бахшад.30Ва Рӯҳулқудси Худоро, ки бо Он ба /интизори/ рӯзи халосӣ мӯҳр зада шудаед, андӯҳгин накунед.31Ҳар гуна талхӣ ва хашм ва ғазаб ва фарёд ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар гуна бадӣ дур шавад;32балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро бахшед, чунон ки Худо низ шуморо дар Масеҳ бахшидааст.Tajik NT Bible 1999 © Institute for Bible Translation, Stockholm Китоби Муқаддас 1999 Эфсӯсиён 4 00:00:00 00:00:00 0.5x 2.0x https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/ephesians/004.mp3 6 4