× Забон Аврупо Русӣ Беларуссия Украинӣ Лаҳистонӣ Сербӣ Булғорӣ Словакия Чехӣ Руминӣ Молдавӣ Озарбойҷон Арманӣ Гурҷӣ Албания Авар Бошқирӣ Тоторӣ Чечен Словенӣ Хорватӣ Эстонӣ Латвия Литва Маҷористонӣ Финӣ Норвегӣ Шведӣ Исландӣ Юнонӣ Мақдунӣ Олмонӣ Бавария Голландия Даниягӣ Уелсӣ Галикӣ Ирландӣ Фаронсавӣ Баскӣ Каталонӣ Италия Галасӣ Романӣ Bosnian Америкаи Шимолӣ Англисӣ Амрикои Ҷанубӣ Испанӣ Португалӣ Гуарани Кечуан Аймара Амрикои Марказӣ Ямайка Нахуатл Киче Qeqchi Ҳаитӣ Осиёи Шарқӣ Чинӣ Ҷопонӣ Корея Муғулӣ Уйғур Хмонг Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Малайзия Бирма Чин Непалӣ Себуано Тагалогӣ Камбоҷа Таиландӣ Индонезӣ Ветнамӣ Ёвон Лао Ибан Иу Миен Качин Лаҳу Aceh Balinese Bugis Pampanga Sasak Shan Waray Осиёи Ҷанубӣ Ҳиндӣ Одия Авадҳӣ Мизо Каннада Малаяламӣ Маратҳӣ Гуҷаратӣ Тамилӣ Телугу Панҷобӣ Курух Ассамӣ Майтхили Бенгалӣ Урду Сингалӣ Догри Харянви Метеи Конканӣ Сантали Синдҳӣ Коя Тадо Деванагари санскритӣ Adilabad Gondi Ahirani Балочи Bundeli Chhattisgarhi Garhwali Kangri Kumaoni Mewari Munda Sadri Seraiki Shekhawati Sylheti Осиёи Миёна Қирғизҳо Узбекӣ Тоҷикӣ Туркманӣ Қазоқистон Karakalpak Ховари Миёна Туркӣ Ибронӣ Арабӣ Форсӣ Курдӣ Пашту Қоптӣ Африка Африқоӣ Хоса Зулу Ндебеле Сотхо Амҳарикӣ Волайтта Нигерия Мосси Ика Динка Кобил Меш Суахили Марокаш Сомалӣ Шона Мадагаскар Игво Лингала Баул Сисвати Тсонга Тсвана Гамбия Ёруба Камба Кинарванда Ҳауса Чева Луо Макуа Дюла Фулфулде Каленжин Фулфулде Кикванго Кирунди Крио Пиджини Нигерия Оромо Тшилуба Тшивенда Тви Умбунду Лугбара Лугуру Pular Гусси Маасай Туркана Моба Нуэр Шиллук Тамашек Маконде Bemba Fon Hadiyya Ibibio Kimbundu Kimiiru Lango Liberian Kreyol Lomwe Mende Morisyen Ndau Nyankole Sena Sidamo Soga Songe Sukuma Tarifit Teso Tiv Zande Австралия қитъа Зеландияи Нав Папуа Гвинеяи Нав Забонҳои қадимӣ Арамӣ Лотинӣ Эсперанто 1 1 1 1999 1999Китоби Муқаддас 1992Оммафаҳм1 1 1 Ибриён МаттоМарқӯсЛуқоЮҳанноАъмоли ҲаввориёнРумиён1 Қӯринтиён2 ҚӯринтиёнҒалотиёнЭфсӯсиёнФилиппиёнҚӯлассиён1 Таслӯникиён2 Таслӯникиён1 Тимотиюс2 ТимотиюсТитусФилемӯнИбриёнЯъқуб1 Петрус2 Петрус1 Юҳанно2 Юҳанно3 ЮҳанноЯҳудоВаҳй Юҳанно1 1 1 12 123456789101112131 1 1 : 1 12345678910111213141516171819202122232425262728291 1 1 Китоби Муқаддас 1999 Ибриён 12 Захираҳо 1Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон-давон тай кунем2ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони /мо/, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ барои шодие ки Ӯро дар пеш буд, хориро ночиз шумурда, ба салиб тоб овард ва ба тарафи рости тахти Худо нишаст.3Пас, дар бораи Ӯ фикр кунед, ки аз дасти гуноҳкорон ба чунин зиддият тоб овард, то дилхунук ва хаста нашавед.4Дар талоши зидди гуноҳ шумо ҳанӯз то ба дараҷаи рехтани хун муқобилат накардаед5ва он насиҳатро, ки ба шумо, ҳамчун ба писарон гуфта шудааст, фаромӯш кардед: “Эй писарам! Ҷазои Худовандро хор нашумор, Ва ҳангоме ки Ӯ туро сарзаниш менамояд, дилхунук нашав;6Зеро Худованд ҳар киро дӯст дорад, ҷазо медиҳад; Ҳар писарро, ки қабул мекунад, мезанад”.7Сахтиҳое ки аз сар мегузаронед, барои ҷазо мебошанд; Худо бо шумо чун бо писарон рафтор мекунад. Зеро оё писаре ҳаст, ки падараш ӯро ҷазо надиҳад?8Аммо агар шумо бе ҷазо монед, ки он насиби ҳама аст, пас шумо ҳаромзодагонед, на писарон.9Илова бар ин, барои мо, ки аз падарони ҷисмонӣ ҷазо ёфта, аз онҳо метарсем, оё лозим нест, ки ба Падари рӯҳҳо хеле зиёдтар фармонбардор бошем, то ки зиндагӣ кунем?10Зеро онҳо моро ба салоҳдиди худ барои айёми андак ҷазо медоданд, аммо Ӯ ин корро ба манфиати мо анҷом медиҳад, то дар қудсияти Ӯ шарик бошем.11Ва ҳар ҷазо ҳозир /ба назари кас/ на шодӣ, балки андӯҳ менамояд; лекин оқибат ба онҳое ки ба воситаи он таълим ёфтаанд, самари осоиштаи росткориро меоварад.12Пас, “дастҳои беқувват ва зонуҳои сустро боз устувор намоед”13ва “барои пойҳои худ роҳҳои рост кушоед”, то он чи мелангад, бероҳа нагардад, балки бештар шифо ёбад.14Дар пайи осоиш бо ҳама бошед ва муқаддасиро хоҳон бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро намебинад;15ва бохабар бошед, ки мабодо касе аз файзи Худо маҳрум шавад; мабодо решаи талхе ба вуҷуд омада, зарар расонад, ва бисёр касон аз он палид шаванд;16мабодо фосиқе ё чун Эсав худобехабаре ёфт шавад, ки барои як хӯрок нахустзодагии худро фурӯхт.17Зеро шумо медонед, ки баъд аз он ӯ, чун хост вориси баракат гардад, рад карда шуд: фикри /падарро/ дигаргун карда натавонист, ҳарчанд дар ин хусус ашк рехта илтимос намуд.18Зеро шумо наздик наомадаед ба кӯҳе ки ламсшаванда ва бо оташ афрӯхта аст, ба тирагӣ ва торикӣ ва тунбод,19ё ба садои карнай ва овози суханон, ки шунавандагонаш илтимос карданд, ки ба онҳо дигар сухане гуфта нашавад,20зеро ба он тоб оварда натавонистанд, ки фармуда шуда буд: “Агар ҳайвоне низ ба кӯҳ расад, сангсор шавад”.21Ва ин манзара он қадар даҳшатангез буд, ки Мусо гуфт: “Ман тарсону ларзон шудам”.22Балки шумо наздик омадаед ба кӯҳи Сион ва ба шаҳри Худои зинда, /яъне/ Уршалими осмонӣ, ва ба анҷумани пуртантанаи ҳазорон ҳазор фариштаҳо23ва ба ҷамоати нахустзодагоне ки номҳошон дар осмон навишта шудаанд, ва ба Худое ки Довари ҳама аст, ва ба рӯҳҳои росткороне ки комил шудаанд,24ва ба Исо, ки Миёнарави аҳди нав аст, ва ба хуни пошиданӣ, ки назар ба /хуни/ Ҳобил хубтар сухан мегӯяд.25Бохабар бошед, ки аз сухангӯ рӯ нагардонед. Зеро агар онҳое ки бар замин ба сухангӯи илоҳӣ гӯш наандохтанд, /аз ҷазо/ раҳо нашудаанд, пас хусусан мо, агар аз Ӯ, ки аз осмон сухан мегӯяд, рӯ гардонем, раҳо намешавем.26Дар он вақт овози Ӯ заминро ба ларза андохта буд, ва Ӯ ҳоло ваъда додааст: “Боз як бори дигар на танҳо заминро, балки осмонро низ ба ларза меандозам”.27Ибораи “боз як бори дигар” маънои онро дорад, ки чизҳое ки ба ларза меафтанд, ҳамчун чизҳои офаридашуда, дигаргун мешаванд, то чизҳое ки ба ларза намеафтанд, боқӣ монанд.28Пас подшоҳиеро, ки ба ларза намеафтад, қабул намуда, файзро нигоҳ дорем; бо он Худоро ба таври писандида бо эҳтиром ва тарс ибодат мекунем,29чунки Худои мо оташи фурӯбаранда аст.Tajik NT Bible 1999 © Institute for Bible Translation, Stockholm Китоби Муқаддас 1999 Ибриён 12 00:00:00 00:00:00 0.5x 2.0x https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/hebrews/012.mp3 13 12