× Забон Аврупо Русӣ Беларуссия Украинӣ Лаҳистонӣ Сербӣ Булғорӣ Словакия Чехӣ Руминӣ Молдавӣ Озарбойҷон Арманӣ Гурҷӣ Албания Авар Бошқирӣ Тоторӣ Чечен Словенӣ Хорватӣ Эстонӣ Латвия Литва Маҷористонӣ Финӣ Норвегӣ Шведӣ Исландӣ Юнонӣ Мақдунӣ Олмонӣ Бавария Голландия Даниягӣ Уелсӣ Галикӣ Ирландӣ Фаронсавӣ Баскӣ Каталонӣ Италия Галасӣ Романӣ Bosnian Америкаи Шимолӣ Англисӣ Амрикои Ҷанубӣ Испанӣ Португалӣ Гуарани Кечуан Аймара Амрикои Марказӣ Ямайка Нахуатл Киче Qeqchi Ҳаитӣ Осиёи Шарқӣ Чинӣ Ҷопонӣ Корея Муғулӣ Уйғур Хмонг Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Малайзия Бирма Чин Непалӣ Себуано Тагалогӣ Камбоҷа Таиландӣ Индонезӣ Ветнамӣ Ёвон Лао Ибан Иу Миен Качин Лаҳу Aceh Balinese Bugis Pampanga Sasak Shan Waray Осиёи Ҷанубӣ Ҳиндӣ Одия Авадҳӣ Мизо Каннада Малаяламӣ Маратҳӣ Гуҷаратӣ Тамилӣ Телугу Панҷобӣ Курух Ассамӣ Майтхили Бенгалӣ Урду Сингалӣ Догри Харянви Метеи Конканӣ Сантали Синдҳӣ Коя Тадо Деванагари санскритӣ Adilabad Gondi Ahirani Балочи Bundeli Chhattisgarhi Garhwali Kangri Kumaoni Mewari Munda Sadri Seraiki Shekhawati Sylheti Осиёи Миёна Қирғизҳо Узбекӣ Тоҷикӣ Туркманӣ Қазоқистон Karakalpak Ховари Миёна Туркӣ Ибронӣ Арабӣ Форсӣ Курдӣ Пашту Қоптӣ Африка Африқоӣ Хоса Зулу Ндебеле Сотхо Амҳарикӣ Волайтта Нигерия Мосси Ика Динка Кобил Меш Суахили Марокаш Сомалӣ Шона Мадагаскар Игво Лингала Баул Сисвати Тсонга Тсвана Гамбия Ёруба Камба Кинарванда Ҳауса Чева Луо Макуа Дюла Фулфулде Каленжин Фулфулде Кикванго Кирунди Крио Пиджини Нигерия Оромо Тшилуба Тшивенда Тви Умбунду Лугбара Лугуру Pular Гусси Маасай Туркана Моба Нуэр Шиллук Тамашек Маконде Bemba Fon Hadiyya Ibibio Kimbundu Kimiiru Lango Liberian Kreyol Lomwe Mende Morisyen Ndau Nyankole Sena Sidamo Soga Songe Sukuma Tarifit Teso Tiv Zande Dagbani Австралия қитъа Зеландияи Нав Папуа Гвинеяи Нав Забонҳои қадимӣ Арамӣ Лотинӣ Эсперанто 1 1 1 1999 1999Китоби Муқаддас 1992Оммафаҳм1 1 1 Яъқуб МаттоМарқӯсЛуқоЮҳанноАъмоли ҲаввориёнРумиён1 Қӯринтиён2 ҚӯринтиёнҒалотиёнЭфсӯсиёнФилиппиёнҚӯлассиён1 Таслӯникиён2 Таслӯникиён1 Тимотиюс2 ТимотиюсТитусФилемӯнИбриёнЯъқуб1 Петрус2 Петрус1 Юҳанно2 Юҳанно3 ЮҳанноЯҳудоВаҳй Юҳанно1 1 1 1 123451 1 1 : 1 1234567891011121314151617181920212223242526271 1 1 Китоби Муқаддас 1999 Яъқуб 1 Захираҳо 1Яъқуб, ки бандаи Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст, ба дувоздаҳ қабилае ки пароканда мебошанд, салом мерасонад.2Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед,3чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад;4ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то шумо комил ва болиғ буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед.5Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор дархост кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш медиҳад, ва ба вай дода мешавад.6Валекин бигзор бо имон дархост кунад ва ҳеҷ шубҳа надошта бошад, чунки шубҳакунанда ба мавҷи баҳр монанд аст, ки бо вазиши шамол ба ҳар сӯ ронда мешавад.7Бигзор чунин кас гумон накунад, ки аз Худованд чизе ба даст меоварад.8Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст.9Бигзор бародари бечора бо сарбаландии худ фахр намояд,10ва сарватманд — бо бечорагии худ, чунки ӯ мисли гули алаф даргузар аст.11Офтоб бо гармо баромада, алафро мехушконад, ва гули он рехта, зебоии намуди он нест мешавад; сарватманд низ дар роҳҳои худ ҳамин гуна пажмурда мешавад.12Хушо касе ки дар озмоиш устувор мемонад, зеро озмуда шуда, тоҷи ҳаётро ба даст меоварад, ки Худованд ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст.13Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас нагӯяд: «Маро Худо меозмояд»; чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд,14балки ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад;15баъд ҳавас ҳомила шуда, гуноҳро мезояд, ва гуноҳ ба камол расида, маргро таваллуд мекунад.16Эй бародарони азизи ман, фирефта нашавед.17Ҳар як ҳадяи нек ва ҳар як тӯҳфаи комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо фуруд меояд, ки дар ӯ на тағйиротест ва на сояи дигаргуние.18Ӯ, аз рӯи хости Худ, моро ба воситаи каломи ростӣ ба дунё овард, то ки навбаре аз офаридаҳои Ӯ бошем.19Пас, эй бародарони азизи ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад;20зеро ки хашми одамизод ростии Худоро ба амал намеоварад.21Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бадии боқимондаро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.22Пас иҷрокунандагони калом бошед, на танҳо шунавандагоне ки худро фиреб медиҳанд,23зеро, касе ки каломро мешунаваду иҷро намекунад, ба шахсе монанд аст, ки тарҳи рӯяшро дар оина мебинад.24Ба чеҳраи худ нигоҳ карду рафт, ва дарҳол фаромӯш кард, ки он чӣ гуна аст.25Аммо касе ки ба шариати комил, ба шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, дар ҳолате ки на шунавандаи фаромӯшхотир, балки иҷрокунандаи кор мебошад, хушо он кас дар кори худ.26Агар касе аз шумо гумон кунад, ки ба Худо ибодат мекунад, ва лаҷоми забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд, ибодати вай бефоида аст.27Ибодати пок ва беайб пеши Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар душвориҳои онҳо дастгирӣ кунем ва худро аз олудагии ҷаҳон нигоҳ дорем.Tajik NT Bible 1999 © Institute for Bible Translation, Stockholm Китоби Муқаддас 1999 Яъқуб 1 00:00:00 00:00:00 0.5x 2.0x https://beblia.bible:81/BibleAudio/tajiknt/james/001.mp3 5 1